CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн

9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии бемайлони сатҳи ҳамкории судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи равобит иброз доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, рушди муносиботи ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохториро ҳамчун омили таконбахши тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки баҳри рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ идомаи фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бисёр муҳим аст.

 

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи саривақтии Барномаи дорои аҳамияти минтақавӣ САSA - 1000 ва дигар лоиҳаҳои мавҷудаи соҳа баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин дигар мавзуъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд. Ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар барои Тоҷикистон ва Покистон ниҳоят муҳим маънидод гардид.

Address: аvenue Bukhoro-50|
Republic of Tajikistan|
Dushanbe|

E-mail:
Journal "Customs"
info.gumruk@yandex.ru

If you want to keep abreast of the news, subscribe to our e-newsletter: