CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Встречи

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию  минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Мулоқот бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков,  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Бахитжан Сагинтаев,  Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов, муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ  Сергей Лебедев иштирок карданд.

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Page 2 of 3

Address: аvenue Bukhoro-50|
Republic of Tajikistan|
Dushanbe|

E-mail:
Journal "Customs"
info.gumruk@yandex.ru

If you want to keep abreast of the news, subscribe to our e-newsletter: