CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Выступления

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Покистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусайн, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикстон хайрамақдам мегӯям.

Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сафи шарикони калидии мо қарор дорад.

Мо аз раванди рушдёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Музокироти имрӯзаи мо дар фазои барои муносибатҳои ду кишвар хоси ҳамдигарфаҳмии пурра, созандагӣ ва ҳусни эътимоди комил доир гаштанд.

Боварии комил дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон ба робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти мо нерӯи нав бахшида, омили густариши бештари маҷмӯи ҳамкориҳои тарафҳоро ташкил хоҳанд дод.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

Дӯстони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бомаром таъмин гардидааст.

Тавре ки ҳар яки шумо хуб медонед, солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои  вобаста ба гармшавии иқлим  ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон  сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Муҳтарам Александр Григорйевич,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд.

Дар мулоқоти имрӯза мо бо Александр Григорйевич муколамаи мутақобилан судмандамонро вобаста ба беҳбуд бахшидани муносибатҳоямон дар тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус идома додем.

Дар ин замина, мо рушди муносиби устувори ҳамгироии кишварҳоямонро дар ченаки сиёсӣ таъкид карда, таҳкими минбаъдаи онро ҷонибдорӣ намудем.

Муҳимияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид шуд.

Page 2 of 3

Address: аvenue Bukhoro-50|
Republic of Tajikistan|
Dushanbe|

E-mail:
Journal "Customs"
info.gumruk@yandex.ru

If you want to keep abreast of the news, subscribe to our e-newsletter: