ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Май 2018
23
Среда
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня5454
mod_vvisit_counterYesterday6324
mod_vvisit_counterВчера11778
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3167274

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Иди касбӣ муборак!

Печать PDF

Имрӯз дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсисёбии мақомоти гумрук ҷашн гирифта шуд. Дар доираи ҷашн ва тибқи муқаррароти моддаи 486 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии як қатор афсарон бахшида ба иди касбии гумрукчиён бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.

Подробнее...

Тренинг дар мавзӯи таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳаракатҳои характери террористӣ ва экстремистӣ

Печать PDF

Бо мақсади иҷрои Протоколи маҷлиси васеъи назди Сардори Хадамоти гумрук аз 22-декабри соли 2017 таҳти №9, мутобиқ ба Нақшаи гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва тайёрии ибтидоии кормандони Хадамоти гумрук, дар санаи 16 ва 17 январи соли ҷорӣ, тренинги машваратӣ дар самти «Таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳаракатҳои характери террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ дошта» дар Гумруки «Майдони ҳавои» -и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва Раёсати таъмини амнияти дохилӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар тренинги мазкур 31 нафар корманди Гумруки «Майдони ҳавои»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва 12 нафар корманди дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаободи»- РМГ дар шаҳри Турсунзода, иштирок намуданд.

Подробнее...

4262 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар соли 2017

Печать PDF

Таҳлили фаъолияти Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2017-ум – 4262 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифташуда, 92 ҳолати ҷиноят ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016, 31 адад (с.2016-61 парвандаи ҷиноятӣ) зиёд мебошад.

Аз парвандаҳои оғозгардида 7 ҳолат ба қочоқ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, 56 ҳолат ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт мансуб буда, 29 ҳолати дигари ҷиноятҳо ба соҳаи фаъолияти гумрук рабт доранд, ки аз онҳо РМГ дар вилояти Суғд – 41 парванда, РМГ дар шаҳри Душанбе – 16 парванда, РМГ дар вилояти Хатлон - 4 парванда ва РТМҲГ-и Хадамоти гумрук – 31 парванда рост меояд.

Подробнее...

Кормандони РМГ дар шаҳри Турсунзода нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро 102,2 % иҷро намуданд

Печать PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти хешро дар асоси муқаррароти Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти кишвар, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи мақомоти гумрук дар самти барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкори ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Подробнее...

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ иҷрои нақшаро 111,3% таъмин намудааст

Печать PDF

Дар соли 2017 ҳайати шахсии РМГ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияташро мутобиқи талаботи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, бо мақсади таъмини иҷроиши вазифаҳои дар назди мақомоти гумрук истода ва тибқи нақшаҳои пешбининамуда корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.

Мувофиқи нақшаи аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ мебоист дар соли 2017 ба қисми даромади буҷаи давлат маблағи 11068397,00 сомонӣ ворид намояд.

 

Подробнее...

Ҷамъбасти муваффақи соли 2017 дар РМГ вилояти Хатлон

Печать PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2017 фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти иқтисодии кишвар, назорати қатъӣ нисбати интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва татбиқи фаъолияти гумрукӣ дар минтақа, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Мувофиқи нақшаи воридшавии пардохтҳои гумрукӣ, ки аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон мебоист дар соли 2017 ба қисми даромади буҷаи Ҷумҳури маблағи 204 409 517 сомонӣ ворид менамуд.

 

Подробнее...

РМГ дар вилояти Суғд нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро дар соли 2017 100% иҷро кард

Печать PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар соли 2017 фаъолияти худро мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таизимкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзур намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, ба низом даровардани сиёсати кор бо кадрҳо ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба андозаи 2 миллиарду 767 миллиону 897 ҳазор сомонӣ нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ муайян гардида буд.

Подробнее...

Статистика

Законодательство

Реестры

Партнёры