ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
20
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3153
mod_vvisit_counterДирӯз5631
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта46224
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3153245

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ иҷрои нақшаро 111,3% таъмин намудааст

Чоп PDF

Дар соли 2017 ҳайати шахсии РМГ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияташро мутобиқи талаботи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, бо мақсади таъмини иҷроиши вазифаҳои дар назди мақомоти гумрук истода ва тибқи нақшаҳои пешбининамуда корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.

Мувофиқи нақшаи аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ мебоист дар соли 2017 ба қисми даромади буҷаи давлат маблағи 11068397,00 сомонӣ ворид намояд.

 

Муфассал...

Ҷамъбасти муваффақи соли 2017 дар РМГ вилояти Хатлон

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2017 фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти иқтисодии кишвар, назорати қатъӣ нисбати интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва татбиқи фаъолияти гумрукӣ дар минтақа, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Мувофиқи нақшаи воридшавии пардохтҳои гумрукӣ, ки аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон мебоист дар соли 2017 ба қисми даромади буҷаи Ҷумҳури маблағи 204 409 517 сомонӣ ворид менамуд.

 

Муфассал...

РМГ дар вилояти Суғд нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро дар соли 2017 100% иҷро кард

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар соли 2017 фаъолияти худро мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таизимкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзур намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, ба низом даровардани сиёсати кор бо кадрҳо ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба андозаи 2 миллиарду 767 миллиону 897 ҳазор сомонӣ нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ муайян гардида буд.

Муфассал...

Гумруки Хатлон - иҷроиши солонаи пардохтҳои гумрукиро ба андозаи 101% иҷро намуд

Чоп PDF

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти гумрук таъмини амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар мебошад. Дар самти иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пайваста чораву тадбирҳои зарурӣ андешида ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Дар минтақа фаъолияти Раёсат бо сабаби фаъолият надоштани роҳи оҳан танҳо гумруки Панҷи-Поён фаъолияти муназзам дорад, ки қисмати зиёди иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукии Раёсатро ба зимма дорад.

Муфассал...

Табрикоти солинавии Абдуфатоҳи Ғоиб, Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия

Чоп PDF

Ҳамкасбони муҳтарам!


Бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдории мо мус-таҳкам гардида, сол аз сол Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ободу зебо ва мутамаддин мегардад.


Ба ин маънӣ агар ба натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар соли 2017 назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки ин сол дар маҷмӯъ соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.


Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.


Мо бо соли 2017-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад гузошт, хайрбод мегӯем ва соли нави 2018-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.


Соли нави мелодиро барои Шумо – ҳамкасбони муҳтарам ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистонро табрику муборакбод гуфта, бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон субботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.


Бигузор оғози ҳамаи орзуҳо ва амали некатон анҷоми неку муваффақона дошта бошанд. Дар Соли Нав ба Шумо ва хонадонатон бахт ва иқболи баланд орзу менамоям!


Соли Наватон муборак бошад!

8-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Чоп PDF

Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи чорабинии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, 4-умин ҷаласаи зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва 8-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук баргузор гардид.

Дар ҷаласаҳои мазкур, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии 4-умин ҷаласаи зеркумитаи коршиносони соҳаи гумрук ва 8-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони идораҳои гумрук як қатор масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

Муфассал...

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои гумрукӣ дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин

Чоп PDF

Дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои гумрукӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Сардори Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Сайдализода Сӯҳроб Қурбон бо роҳбари Гурӯҳ, муовини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Эркин Умэр мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар рафти гуфтушунид тамоми пешниҳодҳое, ки аз тарафи гурӯҳи кории Тоҷикистон баён гардид, ба пуррагӣ қабул шуда, Протокол - меморандум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гумруки шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи равнақ додани ҳамкорӣ байни мақомотҳо, аз ҷумла ташкил намудани шароити мусоид барои табодули маълумот, гузаронидани амалиётҳои якҷоя оиди мубориза бар зидди қочоқи яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, маводи мухаддир, наботот ва ҳайвоноти нодире, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд, ба имзо расонида шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН