CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

August 2018
21
Tuesday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday4592
mod_vvisit_counterYesterday7010
mod_vvisit_counterThis week11602
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3566086

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат дар Суғд

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Хуҷанд ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Ё. С., ки аз ҷониби ҶДММ «Адана» ба иҷора гирифта шудааст, мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд.

Дар натиҷаи азаназаргузаронӣ аз дохили хона ба миқдори 660 килограмм хамираи шоколад ошкор гардид.

Моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Б., соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19 тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон бо маслиҳати пешакӣ бо «Нозим» ном шахс ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ бидуни назорати гумрукӣ бо истифода аз роҳҳои ғайрирасмӣ интиқол додааст.

 

Read more...

Амалиёти «Кӯкнор - 2018»

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи санаи 19-уми июни соли 2018 дар доираи амалиёти «Кӯкнор - 2018» аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой аз лаби ҷуйбори обгузари заминҳои кишти ҶСК «Парандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба миқдори 5480 бех растании монанд ба бангдона дарёфт карда, гирифта шуд.

Тибқи маълумотномаи ташхиси коршиносон растаниҳои рангашон сабзи бӯи махсус дошта, ба гурӯҳи растаниҳои нашъаовари навъи бангдонаи худрӯй дохил мешаванд.

Аз рӯи ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо иштироки кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шахсони холис, растаниҳои нашъаовари навъи бангдона ба таври сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Read more...

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Print PDF

26 июни соли 2017 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи идона баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе полковники хадамоти гумрук Хуршед Рауфзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсии Раёсатро бо фарорасии ин санаи фархундаи таърихӣ табрик намуд.

Номбурда иброз дошт, ки ин санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, миллати моро ба ҳам овард ва ба сӯйи нақшаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сохторҳо мақомоти гумрук низ, фаъолияти худро дар доираи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, ба муваффақиятҳо ноил гардид.

Read more...

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе

Print PDF

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, Ассосиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба қарору қонунҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, ҳамкорӣ бо ширкатҳои брокерӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода доир ба фаъолияти мақомоти гумрук ва Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.

Read more...

Пешгирии қочоқи 20 ҳазору 450 килограмм хурмо

Print PDF

Санаи 4 июни соли 2018 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Р.Ш., воқеъ дар маҳаллаи 3-юми ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ба миқдори 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт карда шуд.

Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд Р. Ш., соли таваллудаш 1987 тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

 

Read more...

Ошкор ва пешгирии қочоқи маснуоти заргарӣ

Print PDF

Санаи 17 майи соли 2018 аз тарафи кормандони Дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и Гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 4249 КВ02, ки ба шаҳрванд Д. М. тааллуқ дорад, 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки номбурда мехост ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.

Read more...

Татбиқи Қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия» дар амал

Print PDF

Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ва ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҳамоиш – семинаре дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшавандаи ҳамоиш-семинар намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, бо натиҷа аз санҷишҳои анҷомгирифтаи соҳавӣ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба мақсадноку пурсамар ва аз рӯи таъйинот истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷалб намуданд.

Read more...

Visitors

Legislation

Reestr

Partnerships