ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  151
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...
Боздошти маҳсулоти қанодии “DOLLY” - и Ӯзбекистон дар Ҷаббор Расулов

12.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  326
Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Ошкор ва пешгирии боз як «Долун»-и дигари ҶДММ «Сармад 2000»-ум бо вазни 23 тонна

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  509
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  271
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  332
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1794
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1680
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4252
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
17
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5130
mod_vvisit_counterДирӯз8548
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта13678
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2140903

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470”

Чоп PDF

Санаи 21-уми августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди маҳаллаи Ғаламайдони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус LХ 470”, рақами қайди давлатиаш 06 44 СА 01, таҳти ронандагии шаҳрванд Р.А. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт шуд.

Муфассал...

Пешгирии ғайриқонунии сӯзишвории дизелӣ

Чоп PDF

Моҳи августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-зафира”, рақами қайди давлатиаш 98 05 КК 02 боздошт шуд.

Муфассал...

Шакари беборхати гумрукӣ боздошт гардид

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба миқдори 750 кг шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро бидуни ҳуҷҷатҳои гумрукӣ боздошт намуданд.

20- уми августи соли ҷорӣ равон кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 5064 СС02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд М.Ӯ., соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Низомӣ қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Муфассал...

“Калтсий трифосфат”-и беборхат

Чоп PDF

Cанаи 20-уми августи соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Ҷаббор Расулов – Хуҷанд”-и ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай-Портер”, рақами қайди давлатиаш 0859КЕ02, таҳти ронандагии шаҳрванд Ҷ.Д., соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, ҳангоми азназаргузаронӣ боздошт гардид.

Дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 2000 кг хӯроки паррандаи навъи “Калтсий трифосфат”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба худи ронанда Ҷ.Д. тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба шаҳри Хуҷанд интиқол диҳад.

Муфассал...

Ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Чоп PDF

19-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамкориҳои гумрукӣ бо иштироки намояндагони 11 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Таъкид шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо рушди муътадили худ дар тағйироти сиёсию иқтисодии ҷаҳон нақши муҳим доранд.

Мавҷуд будани сарҳади муштарак ва фарҳангу таърихи ягонаи мардумони ин қитъаи олам, инчунин ҳамкориҳои судманди мутақобила замина фароҳам меорад, ки рушди соҳаҳои гуногун дар минтақа таъмин гардад.

Муфассал...

Боздошти бензини беборхат

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии гардиши ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 3173 СЕ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ё.А. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Бензин ба яғмо мерафт, агар гумрукчиён садди роҳ намегаштанд

Чоп PDF

22-юми августи соли равон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи «Газ-52213», рақами қайди давлатиаш 50 29 РТ 02 таҳти ронандагии шаҳрванд У.Қ. соли таваллудаш 1969, истикқоматкунандаи ноҳияи Ашт қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошта шуд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи наклиёти мазкур ба микдори 700 литр бензини навъи АИ 92 истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд У.Қ. тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор сӯзишвориро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дихад.

Муфассал...

Баргузории барномаи таълимӣ дар дидбонгоҳи гумрукии “Душанбе -2” ва “Панҷи Поён”

Чоп PDF

Аз санаи 18-ум то 22-юми сентябри соли ҷорӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ, дар доираи “Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо” барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳҳои гумрукии “Душанбе-2” ва “Панҷи Поён” барономаи таълимиро баргузор намуда истодааст.

Ҳадаф аз роҳандозии барномаи омӯзишии мазкур, баланд бардоштани дониш ва таҳкими малакаҳои назариявӣ ва амалии кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовар назорати дурусти контейнерҳо, нақлиёти боркашонӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва системаҳои назорати гумрукӣ мебошад.

Кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи мазкур аз аввалҳои соли 2015-ум то ин ҷониб ба ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон сафар намуда, истифодабарии таҷҳизоти HazMatID 360-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Амалӣ гардонидани барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ, фаъолияти муштараки мақомоти гумрук ва дигар сохторҳои ҳифзиҳуқуқии давлатҳои минтақа дар самти бехатарии давлат, ҷиҳати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва муқовимат бар зидди маводи нашъаовар равона гардидааст.

Муфассал...

Қочоқи лампаҳои тафсон

Чоп PDF

Санаи 23-юми августи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 00 59 ВХ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Б. барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 1 ҳазору 500 килограмм шакари истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, санаи 21-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 1930 дақиқа дар роҳи мошингарди самти «Бобоҷон Ғафуров - Гулистон», дар ҳудуди шаҳри Гулистон, воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес бенс-416», рақам қайди давлатиаш 22 01 КЕ 02 таҳти ронандагии шаҳрванд Ф. С. соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошта шуд.

Муфассал...

Боздошти сиккаи арзиши таърихию фарҳангидошта

Чоп PDF

Санаи 4-уми сентябри соли равон, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили сумкачаи мардонаи чармини рангаш сиёҳ як адад сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷоти дар тарафи аввалин «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюм «Моната рубл 1796 года» дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост, онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Муфассал...

Таҳсили илм ва такмил додани касбият дар Ҷопон

Чоп PDF

"JDS Project" ин лоиҳаи грантие мебошад, ки дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳҳои давлатии Ҷопон тӯли 9 сол аз тарафи JICA (JICE) амалӣ шуда истодааст.

Тибқи ин лоиҳа хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони англисиро хуб медонанд, пас аз гузаштан аз имтиҳони шаффофи тӯлонии ҷопонӣ хуқуқи таҳсил намудан дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопонро ба муддати ду сол ба сифати магистр соҳиб мегарданд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН