ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3741
mod_vvisit_counterДирӯз6136
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта27811
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3183307

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Қочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб ошкор ва пешгирӣ карда шуд

Чоп PDF

Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миқдори 400 қуттича сигарети истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон бо тамғаи «Полёт» ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил - Арт ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Нисан» рақами қайди давлатиаш 3741 АА 04 ба миқдори 400 қуттича сигарети истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон бо тамғаи «Полёт» дарёфт гардид.

Муфассал...

Дарёфти силоҳи оташфишон дар Турсунзода

Чоп PDF

22 - уми майи соли 2017 аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода як адад силоҳи оташфишон мусодира карда шуд.

Бо хабари шахсӣ номаълум, ки ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода тамос гирифтааст, аз назди канори роҳ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Турсунзода, деҳаи Каммуна назди шоҳроҳи Турсунзода - Душанбе як адад силоҳи оташфишони таппончаи бе рақам ва бе соли барориш, дарёфт ва мусодира гардид.

Муфассал...

Парвандаи ҷиноятӣ барои нӯшокии «ХL»

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз хонаи истиқоматии шаҳрванд С. О., сокини шаҳри Исфара ба миқдори 1 ҳазору 300 бастаи дорои 24 донагӣ, ҷамъ 31 ҳазору 200 дона нӯшокии қувватбахши намуди «ХL» - и истеҳсоли давлати Полша дарёфт ва мусодира гардид.

Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ғ. О., соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара ба ҳудуди деҳаи Самарқандаки Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, дар он ҷо бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрда дар бораи ба таври қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон, пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ворид намудани нӯшокии қувватбахши намуди «ХL» - ро маслиҳат намудаанд.

Муфассал...

Воридоти ғайриқонунии «Русская водка»

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо кормандони гумруки Мурғоб, дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи УАЗ - 469, рақами қайди давлатиаш 06 КG 725 АА таҳти идораи ронанда О. А., соли таваллуд 1969 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқомакунадаи ноҳияи Мурғоб боздошт гардид.

Муфассал...

Қочоқи 480 адад телефонҳои мобилӣ ошкор гардид

Чоп PDF

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Суғд анбори ҶДММ «Роҳи Сомон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд.

Дар вақти санҷиш аз дохили анбори мазкур ба миқдори 480 адад телефонҳои мобилии тамғаи «Samsung SM-B350E», ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шудааст, дарёфт гардид.

Муфассал...

Иштироки Турсунзода Азим Ҳайдар дар ҷаласаи кории Сеул

Чоп PDF

30 майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҷаласаи Кумитаҳои миллӣ доир ба мусоидат ба савдо ва семинар дар мавзӯи “Вусъат бахшидани иқтидор ҷиҳати амалӣ гардонидани Созишномаи соддагардонии тартиби савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо” баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур, дар қатори намояндагони гумруки ҷумҳуриҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Афғонистон, Гурҷистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, инчунин, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар иштирок намуд.

Муфассал...

Қочоқи 5 ҳазор килограмм себ

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз» рақами қайди давлатиаш ЕН 02 56 РТ 02, таҳти ронандагии шаҳрванд Р. А., барои азназаргузаронии гумрукӣ, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН