ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  71
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  335
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1857
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1747
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4343
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6864
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта40329
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2167554

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қочоқчиёни бензин

Чоп PDF

Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро барои интиқоли ғайриқонунии сӯзишвории бензин боздошт намуданд.

Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе муайян кардаанд, ки шаҳрванд Нуруло Нурматов 64 ҳазору 800 литр сӯзишвории бензинро бе барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст

Муфассал...

Пешгирӣ аз содироти метали сиёҳ бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар

Чоп PDF

Кормандони мақомоти гумрук аз содироти метали сиёҳ бо роҳи қочоқ пешгирӣ карданд.

Соҳибкори инфиродӣ шаҳрванд Олимхуҷаев Бахтиёр Ҳасанович соли таваллудаш 1974 сокини шаҳри Душанбе бо мақсади интиқоли металҳои сиёҳ, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.03.2003 с №РП-994 содироти он манъ карда шудааст, ғайриқонунӣ мехост онро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол диҳад.

Муфассал...

Пешгирӣ аз қочоқи сигор ба Тоҷикистон

Чоп PDF

Рӯзи 5- марти соли 2016 кормандони Хадамоти гумрук дар дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт, воқеъ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз қочоки сигор пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Митсубиси Паҷеро» рақами қайди давлатӣ О8306AL аз тарафи нозири дидбонгоҳи гумрукии Қизил-Арт, капитани Хадамоти гумрук Умронов М аз дохили бағоҷ 300 қуттича сигорети истеҳсолиҶумҳурии Қирғизистон бо тамғаи «Полёт», ки ба шаҳрванд Ҷ. Н тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Муфассал...

Самимитар аз муҳаббати модари муҳаббате нест

Чоп PDF

Аз Абуабдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: Шахсе ба ҳузури Паёмбари гиромӣ (с) расид ва аз боби некӣ ба падару модар пурсиш намуд. Он Ҳазрат фармуд: Ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун, ба модарат некӣ кун! Сипас афзуд: Ба падарат низ некӣ кун.

Модар бузургтарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон аст. Ман бениҳоят шодам, ки 8 март бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари офтобрӯяи мо чун Рӯзи Модар, рӯзи бузургдошти инсоне, ки офаранда аст, таҷлил мегардад.

Муфассал...

Қадрдонии Хуршед Каримзода аз бонувони Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, имрӯз 7- уми марти соли 2016 бонувони Хадамотро бо иди модарон табрику таҳният гуфт.

«Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад» - ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунад Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Муфассал...

Чоп PDF

Ба ӯҳдаи зан-модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок-тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шавқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридгорӣ гузошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон


Табрикоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, ба муносибати
Рӯзи байналхалқии занон — 8 март


Зан симои барҷастаи ҳаёт ва нерӯи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату сабурии худ чун шамс ҳамеша мунавваркунандаи қалбҳост. Ӯ на танҳо пояи устувори зиндагӣ ва такягоҳи мардон, балки пешбарандаи асосии ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар низ мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мақому манзалати зани тоҷик боло рафта ва занҳо низ қатори мардон дар ҳама ташкилоту муассисаҳо чӣ дар мақомоти сарварӣ ва чӣ дар зинаҳои поёнӣ вазифаҳои ба дӯш доштаашонро сарбаландона иҷро менамоянду аз ӯҳдаи иҷрои он мебароянд.

Лозим ба ёдоварист, ки феълан дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар занон ифои вазифа доранд ва баҳри амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар баробари мардон талош меварзанд. Ва бешак дурахши ситораи сари китфи онҳо далели ин гуфтаҳост.

Модари шарафманду пурғурури тоҷик ҳамеша толиби сулҳ аст, аз ин рӯ, ман боварии комил дорам, ки ӯ барои гулгулшукуфӣ ва пойдории сулҳ ҳамеша саҳмгузор хоҳад буд. Ва занони баору номуси мо доимо ҳидоятгари корҳои нек ба ҷавондухтарону наврасон мешаванд.

Бо истифода аз фурсат тамоми модарон, хоҳарон ва духтарони азизро бо ин ҷашни пуршукуҳ, Рӯзи байналхалқии занон- рўзи модар таҳният мегӯям. Ба ҳар яки шумо барои хизматҳои софдилонаатон баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз комёбиҳои беназир орзумандам.

Итминони комил дорам, ки бо дастгирию мусоидати бошууронаи шумо кишвари азизу ободамон Тоҷикистон боз ҳам зеботар мегардад.

Идатон муборак, модарон ва хоҳарони азиз!

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия талаби замон ва қабули он ба манфиати давлату ҷомеа аст

Чоп PDF

Бо мақсади шарҳ додани пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ, 29-уми феврали соли равон бо иштироки сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрукии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Юсуфӣ Музаффар Қурбон, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамоти гумрук ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Муфассал...

ТАВЗЕҲОТ

Чоп PDF

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории амалкунанда таҳия карда шудааст.

Бо мақсади мутобиқ намудани талаботи моддаи 4 Кодекси гумрук Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» моддаи 4 дар таҳрири нав пешниҳод карда шудааст, инчунин ба баъзе моддаҳое, ки ба моддаи 4 Кодекс ҳавола менамуд, ихтисор карда шудааст.

Муфассал...

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия талаби замон аст

Чоп PDF

Вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳайати шахсӣ доир гардид.

Дар маҷлиси ҳайати шахсӣ Турсунзода Азим Ҳайдар — муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати таъмини ҳуқуқ Абдусаломов Рустам иштирок намуданд.

Муфассал...

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон

Чоп PDF

Санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасанов Аббасали Каром оглу вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати пешбурди соҳа ибрози ақида намуданд.

Муфассал...

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Украина

Чоп PDF

27 январи соли равон дар Дастгоҳи Марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таваҷҷуҳи асосӣ ба дарёфти роҳу василаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба интиқоли молу маҳсулот зоҳир карда шуд.

Муфассал...

Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

Чоп PDF

Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Оиди дастовардҳо дар соли 2015 аз тарафи Сардори Хадамот гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ахбороти муфассал пешниҳод гардида, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оиди фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН