ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Май 2018
21
Понедельник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня847
mod_vvisit_counterYesterday5404
mod_vvisit_counterВчера847
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3156343

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

651 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд

Печать PDF

Аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2016 651 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки 14 ҳолати он марбут ба ҷиноят аст. Аз ҷумла, нисбати шаҳрвандон:

Подробнее...

Баррасии масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ

Печать PDF

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.

Подробнее...

Қочоқи қисмҳои эҳтиётии автомашинаи сабукрав ба маблағи 1 108 705 сомонӣ ошкор гардид

Печать PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки шаҳрванд Б.Ҷ. даст ба содир намудани ҷиноят зада, мол ва ё дигар предметҳоро ба таври қочоқ ва ба миқдори калон, бидуни назорати гумрукӣ ва бо роҳи фиреб тартиб додани ҳуҷҷатҳо, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамояд.

Подробнее...

Боздошти «Тойота ленд Крузер-200»

Печать PDF

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи «Тойота ленд Крузер-200», рангаш сиёҳ, соли бароришаш 2016, рақами қайди давлатиаш Н842 СО 0777-ро, ки таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Султони Муҳаммад Наим қарор дошт, дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки ба самти сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равон буд, муайян ва боздошт намуданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои гумрукӣ маълум гардид, ки автомашинаи мазкур аз тарафи шахсони номаълум, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва ба таври қочоқ ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Подробнее...

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Ҳю Стенли Филпотт

Печать PDF

Имрӯз, 9 - уми феврали соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки : - «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ба роҳ монда шудааст.

Подробнее...

Тири ҷинояткор ба ҳадаф нарасид

Печать PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти густурда сокини шаҳри Қурғонтеппа С.Д. ҳангоми ба сокини ноҳияи Вахш Ю.Ш. додани бастаи селофании шубҳанок мавриди боздошт қарор гирифт.

Дар рафти гузаронидани муоинаи шахсии С.Д. аз даруни киссаи тарафи чапи ӯ як адад бастаи селофании рангаш сиёҳ, ки дохили он хамираи қаҳваранги монанд ба маводи мухаддираи навъи афъюн дарёфт гардид.

Подробнее...

Таҷдиди як қатор иншооти мақомоти гумрук давоми солҳои охир

Печать PDF

 

Дар арафаи таҷлили 25-умин согарди мақомоти гумруки кишвар Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»- и гумруки Исфараи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд. Муфассал...

 

Дидбонгоҳи гумрукии «Саразм»-и гумруки Панҷакенти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, бо дастгирӣ ва маблағгузории Бонки Осиёии Рушд /БОР/ дар доираи барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи марказии «Маркази татбиқи лоиҳахои таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта ва ба истифода дода шуд. Муфассал...

 

Дар арафаи ҷашни 25 солагии мақомоти гумрук дар Терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди гумруки «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Терминали Дӯстӣ” дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Муфассал...

Статистика

Законодательство

Реестры

Партнёры