ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  331
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

20.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  318
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми...
Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиётҳои тамғаи "Даф"

16.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  403
Ҳангоми амали намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  260
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  296
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  609
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2540
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2342
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5074
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
13
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз629
mod_vvisit_counterДирӯз4605
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10154
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56255
mod_vvisit_counterҲамарӯза2465001

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Боздошти 7 ҳазор килограмм гази моеъи Қирғизистон дар шоҳроҳи Гулистон – Хуҷанд

Чоп PDF

Санаи 23-юми августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар шоҳроҳи Гулистон - Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Рено» рақами қайди давлатиаш 52 43 СВ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.И. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Муфассал...

Боздошти 3 ҳазор килограмм хокаи ангишти Қирғизистон

Чоп PDF

Санаи 3-юми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи аватомобилгардии ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи ЧИНБЕЙ, рақами қайди давлатиаш 37 19 АР 02, таҳти ронандагии шаҳрванд Қ.Х., соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоатӣ Янгиҳаёт барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд.

Зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 3 ҳазор килограмм хокаи ангишти истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд будааст.

Муфассал...

Қочоқи ҷави Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Чоп PDF

Санаи 29-уми августи соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи Пикап, рақами қайди давлатиаш 18 18 ЕС 02 таҳти ронандагии шаҳрванд Н.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 3 ҳазор килограмм ҷави истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд буд.

Муфассал...

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рушд мекунанд

Чоп PDF

Ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фаҳангӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Чанде қабл кормандони масъули Намояндагии сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг бо мақсади гузаронидани омӯзиши муштараки ҳолати воқеии техникии таҷҳизоти рентгении «Rapiscan» ва таҳвили қисмҳои эхтиётии он ба маблағи умумии 1 021 388,56 доллари амрикоӣ, ба Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Боиси тазаккур аст, ки қаблан дар Гумруки “Панҷи-Поён” ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, яроқу аслиҳа, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ таҷҳизотҳои калонҳаҷми рентгении «Rapiscan» ба маблағи 3 млн. доллари амрикоӣ насб карда шуда буданд.

Муфассал...

Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ барои пешбурди масъалаҳои «Равзани ягона»

Чоп PDF

Имрӯз 28–уми сентябри соли 2017 дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории техникӣ барои пешбурди масъалаҳои Равзани ягонаи барасмиятдарории амалиётҳои содиротию воридотӣ ва транзити молҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Ҳайдар, Роҳбари гурӯҳи Лоиҳаи дастгирии институтсионалӣ ва техникии Равзанаи ягонаи ширкати «Краун Агенте» Триш Баррет, директори КВД "Маркази Равзанаи ягона"-и назди Хадамоти гумрук Розиев Саидҷаъфар, коршиноси ширкати консалтингии "Краун Агенте" Тоиров Саидҷон ва дигар намондаҳои идораву вазоратҳои дахлдор иштирок карданд.

Муфассал...

Боздошти «Опел-Зафира» бо либоси мактабӣ дар Истаравшан

Чоп PDF

Санаи 16-уми сентябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуи дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира» рақами қайди давлатиаш 68 59 ЕА 02, ки таҳти идораи шаҳрванд Х. К., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан деҳаи Даҳяк қарор дошт, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Семинарии омӯзишӣ дар мавзӯи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022»

Чоп PDF

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии омӯзишӣ бо мақсади амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2017 таҳти № 158 тасдиқ шудааст баргузор гардид.

Дар кори семинар мазкур муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бури Сармад, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук аз ҳисоби афсар-бонувон, сармуттахасисони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Мадина Олимшоев Акмал иштирок намуданд.

Нахуст муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бури Сармад ба сухан баромада иброз дошт, ки семинарии омӯзишӣ мутобиқи Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук №120 аз 27-уми июли соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани неруи занон аз ҳисоби хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нақши занон дар идоракунии давлат гузаронида мешавад.

Муфассал...

Қочоқи оби набот бо «Мерседес бенc» дар Овчи-Қалъача

Чоп PDF

25- уми сентябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар роҳи автомобилгарди ҳудуди шаҳри Бустони вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес бенc» рақами қайди давлатиаш 09 03 СА 02 таҳти идораи шаҳрванд М. М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошта шудааст.

Муфассал...

Боздошти 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии беҳуҷҷат дар Ҷаббор Расулов

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти муштараки кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», рақами қайди давлатиаш 07 24 СС02 таҳти ронандагии шаҳрванд Е.О. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошта шуд.

Муфассал...

“Дафина Алайф”- и чинӣ боздошт гардид

Чоп PDF

Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “ДЭУ-Лабо”, рақами қайди давлатиаш 47 97 ЕК02-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванд С.Н., соли таваллудаш 30.11.1969, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Чапаев қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 1340 адад олоти тиббии намуди “Дафина Алайф” истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд С.Н. тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шахси ношинос харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ интиқол диҳад.

Муфассал...

Боздошти “Газ-24” бо сӯзишворӣ дар ҷамоати наздисарҳадии Хистеварз

Чоп PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастаги бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “Газ-24”, рақами қайди давлатиаш 45 06 СТ 02 РТ-ро, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.З., қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.

Муфассал...

Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470”

Чоп PDF

Санаи 21-уми августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди маҳаллаи Ғаламайдони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус LХ 470”, рақами қайди давлатиаш 06 44 СА 01, таҳти ронандагии шаҳрванд Р.А. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН