ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз555
mod_vvisit_counterДирӯз6607
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта555
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3324713

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Ҷилавгирӣ аз 700 халта «Суперфосфат» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз 700 халта «Суперфосфат» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

Санаи 25- уми марти соли 2016, тахминан соатҳои 22:00 дақиқа, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «ДУЛАН», рақами қайди давлатиаш TJ 26-38 АВ 03 барои гузаронидани санҷиши қонунияти воридоти мол нигоҳ дошта шуд.

Муфассал...

Ошкор намудани маснуоти заргарӣ бе расмиёти гумрукӣ дар Фурудгоҳи Душанбе

Чоп PDF

Кормандони гумруки майдони ҳавои дар шаҳри Душанбе 16, 254 грамм маснуоти заргариро бе расмиёти гумрукӣ ошкор намуданд.

Рӯзи 18- уми марти соли 2016 дар гумруки майдони ҳавои-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо вазни 16, 254 грамм маснуоти заргариро бе расмиёти гумрукӣ кашф намуданд.

Зимни гузаронидани чорабинӣ дар толори воридшавии мусофирони хатсайри № 114 самти Истанбул – Душанбе ҳангоми аз таҷҳизоти рентгени бо мақсади муоина гузаронидани боғоҷи дастии № 0254 ТК, ки ба номи шаҳрванд Саидов Ш сабт шуда буд, муайян карда шуд, ки дохили он маснуотҳои заргарӣ мавҷуд аст.

Муфассал...

Ошкор гардидани интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокугӣ

Чоп PDF

23- уми марти соли 2016 дар гумруки Панҷи-Поён боз як далели интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокугӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти «ДАФ» рақами қайди давлатиаш ТҶ 42 81 DO 01 ронандааш Давлатманд Гулов бо гумони дар бордони автомашина доштани маҳсулоти тамоку мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Чоп PDF

 

 

 

Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.

Эмомалӣ Раҳмон

 


Таманниёти наврӯзии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ.

 

Наврӯзи Аҷам яке аз ҷашнҳои муҳташами бостонии мардуми тамадунофари тоҷикон аст, ки ниёгони мо тӯли асрҳо бо як шаҳомату шукӯҳи хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳ ва суннатҳои инсондӯстонаи мо мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ин ҷашни байналмилалӣ тарғиби суннатҳои фарҳангии ин ҷашни ҷамшедӣ ба шумор меравад.

Боиси қаноатмандист, ки иди бостонии Наврӯзро дар кадом давлати дунё, ки ҷашн мегиранд, ҳама аз ягонагии ваҳдати миллӣ, аз соҳибистиқлоливу соҳибфарҳангу тамаддунофарӣ ва расму ойини бостониамон истиқбол мекунанд. Доираи пайдоиши ин ҷашни суннатӣ аз манбаъҳои илмию таърихӣ сарчашма мегирад. Мутафаккирон пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд ва дар «Осор- ул- бақия»- онро ба Сулаймон бинни Довуд алоқаманд медонанд. Абдуқосим Фирдавсӣ низ дар асари безаволи хеш «Шоҳнома», пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳад.

Дар давлатдории кишвари мо низ ин суннати аҷдодони гузашта идома ёфта, ҳар сол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи бостонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар вохӯриву мулоқотҳо гузаронида, нафароне, ки барои миллату давлатдории тоҷикон корҳои шоистаеро анҷом додаанд, бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Инчунин, аз ҳисоби фонди захиравии Сарвари давлат ҳадяҳо барои маъюбону барҷонмондаҳо, ятимону бепарасторон ва хонаи пиронсолон тақдим мегардад.

Воқеан ҳам мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро дар фазои ваҳдати миллӣ, давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем.

Рамзист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд. Аз фурсати муносиб истифода карда, аз номи худам ва ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иди баҳорро ба кулли сокинони Тоҷикистони азиз сидқан муборакбод мегӯям.

Таманнои онро дорем, ки ҳар яки Шумо ҳамеша сарбаланду саломат ва комрону хушбахт бошед. Сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистони азиз ҷовидон ва Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби мо ҳамеша поянда бод!

 

Наврӯзи оламшумул муборак!


ҶДММ «Тайрон-2014» боҷи гумрукиро пас аз ҷарима пардохт кард

Чоп PDF

Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ адад воситаҳои нақлиёти «Долун»- ро, ки ба ширкати ҶДММ «Тайрон-2014» тааллуқ доштааст, бе расмиёти гумрукӣ ошкор намуданд.

12- марти соли 2016 ҶДММ «Тайрон-2014» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин панҷ адад воситаҳои нақлиётиии тамғаи «Долун» бо молҳои ниёзи мардум ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ворид гардид. Ҳангоми ворид гардидан дар дидбонгоҳи гумрукии мазкур ДТД (деклоратсияи транзити дохилӣ) таҳти рақами №762415/070116/0000036 тартиб дода шуда, нуқтаи таъйинот дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе муайян шуда буд.

Муфассал...

Ҷалби соҳибкор ба пардохти боҷи гумрукӣ

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои «фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ» ба як соҳибкори инфиродӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

12 – уми марти соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, кучаи Рӯдаки дар яке аз мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилии Фурӯшгоҳи марказӣ (маъруф ба ЦУМ) миқдори зиёди телефонҳои мобилӣ бе барасмият дарории гумрукӣ ошкор карда шуд.

Муфассал...

Таблиғи Пайёми Президенти кишвар дар Панҷи-Поён

Чоп PDF

16 уми марти соли 2016 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуд, ҷиҳати иҷроиши он як қатор корҳо ба анҷом расонида мешаванд.

Бо ин мақсад дар воҳидҳои тобеъи Раёсат пайваста вохӯриву ҷамъомадҳо гузаронида шуда, ҳайати шахсӣ бори дигар бо мӯҳтавои дастуру супоришҳои додашуда ошно мегарданд. Чунин як вохӯрии судманд дар гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН