ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
16
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз210
mod_vvisit_counterДирӯз5867
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18042
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90627
mod_vvisit_counterҲамарӯза3525543

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Ҷилавгирӣ аз телевизорҳои калонҳаҷм ва кондитсионери хориҷии бе ҳуҷҷат

Чоп PDF

30 марти соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе телевизорҳои калонҳаҷм (плосткий) ва кондисенерҳои беҳуҷҷат ошкор карда шуданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолити гумрукӣ анбори Корхонаи коркарди пусти (Кожзавод), вокеъ дар кӯчаи Чармгарони шаҳри Душанбе бо мақсади қонунияти воридотии мол аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.

Муфассал...

Шариф Раҳимзода: Паём – раҳнамои миллат

Чоп PDF

Имрӯз дар доираи «Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баргузор гардид.

Вохӯриро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, хулосаю дастурҳои дар Паём омадаро шаҳр дод.

Муфассал...

Мусодираи лампаҳои тафсони 60 Ватта

Чоп PDF

28-уми марти соли 2016 ҳангоми амалигардонии маълумоти фаврии бадастомада анборхонаи деҳаи Пангараи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рудаки таҳти муоинаи гумрукӣ қарор дода шуд.

Дар вақти муоина маълум гардид, ки дар ошёнаи дуюми анборхона миқдори 140 адад қуттии картонии рангашон зард, ки дар дохили ҳар як қутти 100 адади лампаҳои тасфони 60 Ватта, ҷамъ ба миқдори умумии 14000 адад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №492 аз 31 августи соли 2009 воридот ва фуруши ин мол манъ карда шудааст, дарёфт гардиданд.

Муфассал...

203 кутии атр сузонида шуд

Чоп PDF

Санаи 20-уми марти соли 2016 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ дар минтақаи фаъолиятии Раёсат, қатори 7-уми бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе, контейнери №105 мавриди муоинаи гумруки карор дода шуд.

Муфассал...

Ҷилавгирӣ аз 700 халта «Суперфосфат» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз 700 халта «Суперфосфат» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

Санаи 25- уми марти соли 2016, тахминан соатҳои 22:00 дақиқа, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «ДУЛАН», рақами қайди давлатиаш TJ 26-38 АВ 03 барои гузаронидани санҷиши қонунияти воридоти мол нигоҳ дошта шуд.

Муфассал...

Ошкор намудани маснуоти заргарӣ бе расмиёти гумрукӣ дар Фурудгоҳи Душанбе

Чоп PDF

Кормандони гумруки майдони ҳавои дар шаҳри Душанбе 16, 254 грамм маснуоти заргариро бе расмиёти гумрукӣ ошкор намуданд.

Рӯзи 18- уми марти соли 2016 дар гумруки майдони ҳавои-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо вазни 16, 254 грамм маснуоти заргариро бе расмиёти гумрукӣ кашф намуданд.

Зимни гузаронидани чорабинӣ дар толори воридшавии мусофирони хатсайри № 114 самти Истанбул – Душанбе ҳангоми аз таҷҳизоти рентгени бо мақсади муоина гузаронидани боғоҷи дастии № 0254 ТК, ки ба номи шаҳрванд Саидов Ш сабт шуда буд, муайян карда шуд, ки дохили он маснуотҳои заргарӣ мавҷуд аст.

Муфассал...

Ошкор гардидани интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокугӣ

Чоп PDF

23- уми марти соли 2016 дар гумруки Панҷи-Поён боз як далели интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокугӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти «ДАФ» рақами қайди давлатиаш ТҶ 42 81 DO 01 ронандааш Давлатманд Гулов бо гумони дар бордони автомашина доштани маҳсулоти тамоку мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН