CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

June 2018
22
Friday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2278
mod_vvisit_counterYesterday7702
mod_vvisit_counterThis week31789
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3355947

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Ҷалласаи 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе

Print PDF

Санаи 24-25 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 33-юми ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд-СҲШ) баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, намояндагони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Чин, Россия, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки мақомоти гумрук бояд ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидати фаъол дошта бошанд.

Read more...

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Гасан Дилсӯз оглу Мамедзаде

Print PDF

20 апрели соли ҷорӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Гасан Дилсӯз оглу Мамедзаде барпо гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин, масъалаи арзиши гумрукии моли воридшаванда аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии масъалаи ширкати «SINAN MMG» - и иштирокчии тендер дар доираи лоиҳаи «Равзанаи ягона», мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Read more...

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Иванов Олег Николаевич

Print PDF

Санаи 20 апрели соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқоти корӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои гумрукии ду кишвари бо ҳам дӯст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус сӯҳбат доир намуданд.

 

Read more...

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Print PDF

19 апрели соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон Роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе ҷаноби Ҳидеки Танаберо ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои соҳавӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷониба байни Хадамоти гумрук ва Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Read more...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии Маҷмааи универсалии варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Print PDF

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Ба ғайр аз Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Строй Комплекс” дар корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ инчунин 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз аввали сохтмон то имрӯз дар маҷмӯъ дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмааи муосири варзишӣ дар мавзеъи хеле дилфиреб, дар болои боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад.

Read more...

Боздид аз мавзеи бунёди Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

Print PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» боздид ба амал оварданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба мавзеи сабзу хуррам табдил дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.

Read more...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт

Print PDF

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маҳаллаи 82-юми пойтахт ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расида, айни ҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони иншооти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз ёфта буд. Он вақт Роҳбари давлат ба фармоишгарону пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим дастури қатъӣ дода буданд. Мутобиқи лоиҳа, сохтмони ин иншоот бояд 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра анҷом дода шавад.

Тарҳи мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” амалӣ гашта, иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамоният ба роҳ монда шавад.

Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуюми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру муҷаҳҳазсозии онҳо бо системаи рӯшноидиҳӣ бомаром идома дорад.

Read more...

Visitors

Legislation

Reestr

Partnerships