ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Августь 2018
21
Вторник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня4597
mod_vvisit_counterYesterday7010
mod_vvisit_counterВчера11607
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3566091

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Маросими супоридани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Печать PDF

Санаи 3 майи соли 2018, дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук мулоқоти дӯстонаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор гардид.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур, намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимофеев Алексей Анатолевич ва муовини роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никулин Николай Николаевич, иштирок намуда, масъалаҳои равобити дуҷонибаи гумрукӣ, аз ҷумла, иҷрои қарорҳои қабулгардидаи Протоколи мулоқот миёни роҳбарони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Федератсияи Россия аз 23 сентябри соли 2015-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Подробнее...

Вохӯрӣ дар Хадамоти гумрук бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Печать PDF

Санаи 3 майи соли 2018, дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии роҳбарияти гумрук ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук бо муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудаанд.

Подробнее...

Машғулиятҳои муштараки амалӣ

Печать PDF

Дар Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии Дафтари Созмони Миллалӣ Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят машғулияти муштараки амалӣ доир ба ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ва прекурсорҳо гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки ҳайати гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ» аз ҳисоби кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, рафти машғулиятҳоро намояндагони Дафтари Созмони Миллалӣ Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушоҳида намуданд.

Подробнее...

Татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура санаи 13-уми марти соли 2018 баён гардид

Печать PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти гумрук ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук бо шахсони масъули мақомоти прокуратура доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук, мушовири адлияи дараҷаи як Юсуфӣ Музаффар Қурбон, ёрдамчии калони Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Раҳимҷон ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Подробнее...

Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат-ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”

Печать PDF

25 апрели соли 2018 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат–ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид.

Дар конфронси мазкур, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, инчунин, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор устодон ва олимони макотиби олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Подробнее...

Таъмини амнияти озуқворӣ ва ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат тақвияти ҳамкории мақомоти марбутаро тақозо менамояд.

Печать PDF

«Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар мавзӯи «Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва пешгирии воридоти дорувории пастсифат» бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Подробнее...

Ҷалласаи 33-юми Гурӯҳи кории махсус оид ба ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе

Печать PDF

Санаи 24-25 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 33-юми ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд-СҲШ) баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, намояндагони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Чин, Россия, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки мақомоти гумрук бояд ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидати фаъол дошта бошанд.

Подробнее...

Статистика

Законодательство

Реестры

Партнёры