ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
17
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4912
mod_vvisit_counterДирӯз7277
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта30022
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3537523

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ байни Тоҷикистону Россия

Чоп PDF

Дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия ҳуҷҷатҳои зерин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар доираи ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расиданд:

- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои иттилоотӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҳангоми интиқоли байнисарҳадии воситаҳои пули нақдӣ ва (ё) фишангҳои пулӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №736 аз 1 декабри соли 2014 қабул шудааст;

Муфассал...

Семинар дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини бехатарии биологӣ»

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини бехатарии биологӣ» бо иштироки роҳбарият ва мутахасcисони соҳаи гумрук, инчунин вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Муфассал...

РМГ дар вилояти Суғд муборизаро алайҳи қочоқ пурзур менамояд

Чоп PDF

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд баҳри пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии мол ва воситаҳои нақлиёт дар чор моҳи соли равон як қатор чораҳо андешид. Дар ин давра 1085 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва чор ҳолати ҷиноятро ошкор ва ба қайд гирифтааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи 782710 сомонӣ таъйин гардида, мол ба маблағи 28089 сомонӣ мусодира карда шудааст. Ҳамчунин ба маблағи 16153355 сомонӣ аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда ба буҷаи давлат интиқол дода шуд.

Муфассал...

Кумакҳои хайрияи Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Ба фарорасии ҷашни «Наврӯзи Аҷам», ки ҳамасола дар саросари мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи Хадамоти гумруки кишвар ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки зиёда аз 300 нафар кӯдакони маъюб тарбият меёбанд, кумак расонида шуд.

Дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин табақаи ҷомеа метавонад онҳоро хурсанду дилгарм созад.

Муфассал...

Воридоти ғайриқонунии нуриҳои минералӣ

Чоп PDF

Санаи 12-уми марти соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди ноҳияи Б. Ғафуров, воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон барои муоинаи гумрукӣ боздошт шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур нуриҳои минералии намуди «Селитра» ба миқдори 24 000 кг ва намуди «Карбамид» ба миқдори 96 000 кг истеҳсоли Ҷумҳурии Узбакистон, ки миқдори умумияшон 120 000кг-ро ташкил медод, дарёфт шуд.

Муайян карда шуд, ки молҳои мазкур ба шаҳрвандон Муқумов Мирфаёз с.т 1984 сокини ш. Истаравшан ва Абдушукуров Абдусалом сокини н. Б. Ғафуров тааллуқ дошта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии кишвар бо роҳҳои ғайрирасми бидуни пардохтҳои гумруки ворид намудаанд.

Муфассал...

Интиқоли ғайри қонуни асъори хориҷӣ

Чоп PDF

Санаи 12 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри самти Душанбе-Машҳад шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоева Кибриёхон, соли таваллудаш 1968, истақоматкунандаи шаҳри Душанбе миллаташ уйғур, 37 207 (сиюҳафт ҳазору дусаду ҳафт доллари ИМА) ва 350000 (сесаду панҷоҳ ҳазор) асъори хориҷии тумани Ҷумҳурии исломии Эрон дарёфт карда шуд, ки ягон намуд декларатсияи хаттӣ ба гумрук пешниҳод накардааст.

Муфассал...

Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҷиноят аст!

Чоп PDF

Санаи 8-уми феврвли соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ноҳияи Ҷ. Расулов воситаи нақлиёти «Камаз» боздошта шуда, мавриди тафтиши гумрукӣ қарор дода шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН