ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
22
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2286
mod_vvisit_counterДирӯз7702
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта31797
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3355955

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Вохӯрӣ дар Хадамоти гумрук

Чоп PDF

Имрӯз бо сафари корӣ кормандони масъули Хадамоти Федералии гумруки Федератсияи Россия ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои зерин:

Муфассал...

Иди касбӣ муборак!

Чоп PDF

Имрӯз ба ифтихори 23 юмин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук як бинои 9 ошёна, ки барои як қатор кормандони мақомот пешбинӣ шуда буд, кушода ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими кушодшавии бино Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, раҳбари Хадамоти гумрук ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Муфассал...

Пешгирии ғайриқонунии прекурсорҳо

Чоп PDF

Пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва маводҳои кимёвие, ки барои истеҳсоли он истифода мегардад яке аз масъалаҳои умдатарини ҷомеъаи ҷаҳонӣ бахусус кормандони ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. Дар ин самт аз тарафи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо як қатор тадбирҳои иловагӣ андешида шудаанд.

Муфассал...

Пиёзҳои сеҳрнок

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пайваста баҳри пешгирии гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешида мавриди амал қарор дода мешаванд.

Дар минтақаи назорати молу воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти «Мерседес» рақами қайди давлатиаш ТҶ 58-67 ЕА, ки ба Саидҷалол Саидов сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тааллуқ дошт бо гумони дар бордони автомашина доштани маҳсулоти тамокугӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Нобудсозии 22 000 кило банан

Чоп PDF

Яке аз самтҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки бозори истеъмолии мамлакат аз ҳаргуна маҳсулоти бесифат ва ғайристандартӣ эмин бошад.

Мутааcсифона, баъзан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои интиқол ва нигоҳдории маҳсулот ба қаламрави ҷумҳурӣ молҳои пастсифату ба саломатии инсон зараровар ворид мегарданд.

Муфассал...

Ҷамъбасти сол ва натиҷаҳои назарраси гумрук

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ Хадамот тамоми захираҳои ташкилию идоракуниро баҳри таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъовари пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаб, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок интихоб гардида буданд, сафарбар намуд.

Муфассал...

Пешгирии қочоқи шираи камол

Чоп PDF

Амнияти иқтисодӣ, фаҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар мустақиман ба фаъолияти мақомоти гумрук вобастагӣ дорад. Дар ин самти муҳим аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як қатор чораҳои зарурӣ андешида ва мавриди амал қарор дода мешаванд.

Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як амали интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони тухмӣ ва шираи камол ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН