ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Август 2018
17
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4904
mod_vvisit_counterДирӯз7277
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта30014
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3537515

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Пиёзҳои сеҳрнок

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон пайваста баҳри пешгирии гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешида мавриди амал қарор дода мешаванд.

Дар минтақаи назорати молу воситаҳои нақлиёти гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти «Мерседес» рақами қайди давлатиаш ТҶ 58-67 ЕА, ки ба Саидҷалол Саидов сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тааллуқ дошт бо гумони дар бордони автомашина доштани маҳсулоти тамокугӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Муфассал...

Нобудсозии 22 000 кило банан

Чоп PDF

Яке аз самтҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки бозори истеъмолии мамлакат аз ҳаргуна маҳсулоти бесифат ва ғайристандартӣ эмин бошад.

Мутааcсифона, баъзан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои интиқол ва нигоҳдории маҳсулот ба қаламрави ҷумҳурӣ молҳои пастсифату ба саломатии инсон зараровар ворид мегарданд.

Муфассал...

Ҷамъбасти сол ва натиҷаҳои назарраси гумрук

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ Хадамот тамоми захираҳои ташкилию идоракуниро баҳри таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъовари пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаб, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок интихоб гардида буданд, сафарбар намуд.

Муфассал...

Пешгирии қочоқи шираи камол

Чоп PDF

Амнияти иқтисодӣ, фаҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар мустақиман ба фаъолияти мақомоти гумрук вобастагӣ дорад. Дар ин самти муҳим аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як қатор чораҳои зарурӣ андешида ва мавриди амал қарор дода мешаванд.

Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як амали интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони тухмӣ ва шираи камол ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Муфассал...

Ҳашиш дар пойафзол

Чоп PDF

Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як амали кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Муфассал...

ЭЪЛОН - Дар хусуси гузаронидани тендер оид ба хизматрасонии шабакаи VPN

Чоп PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Ширкатҳои провайдерӣ мерасонад, ки дар хусуси гузаронидани тендер оид ба хизматрасонии шабакаи VPN байни Дастгоҳи марказии Хадамот ва гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои соли 2015 ба Агентии давлатии хариди мол ва хизматрсонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намудааст, ки он дар рӯзномаи “Садои мардум” таҳти №146(3292) аз 05.12.2014с. ба чоп расид.

Муфассал...

Пулҳо аз сарҳад нагузаштанд

Чоп PDF

Новобаста аз он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро алайҳи ҷинояту ҷинояткориҳо пурзур намудааст, боз ҳастанд нафароне, ки бар акси кор ҷиноят содир менамоянд, ки дар ниҳоят ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Санаи 12 декабри соли равон кормандони минтақаи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Душанбе чусту чолокӣ ва таҷрибаи баланди кории худро нишон дода, боз як ҷинояти интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷиро пешгирӣ намуданд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН