ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
20
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5715
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта11342
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3335500

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Баррасии масъалаҳои гумрукӣ дар маҷлиси ТИФА

Чоп PDF

Аз 9 то 12 июни соли ҷорӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷлосияи навбатии Шӯрои ТИФА, «Созишномаи сиғавӣ байни Ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ» баргузор гардид, ки як паҳлӯи онро баррасии масъалаҳои гумрукӣ ташкил медод.

Вобаста ба ин Хадамоти гумруки кишварро Сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит Сайдалӣ Ҳомидов, Сардори шӯъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорату содирот Давлатов Азизулло ва Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Амиралӣ Додаров намояндагӣ доштанд.

Муфассал...

Мубориза бо фасод вазифаи ҳар фард

Чоп PDF

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гумрук ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақша - чорабинии тасдиқшуда доир гардид.

Мавзӯи вохӯриро зуҳуроти коррупсионӣ ва мубориза бо он дар кишварро дар бар мегирифт. Намояндаи Агентии мазкур Шодком Турсунов оиди мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ намуда, қайд кард, ки таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим таъсири калон дорад ва муборизаи дастаҷамъона дар ин самт вазифаи ҳар фард, бахусус кормандони қудратӣ буда, баҳри пешгирии фасод дар ҷомеа аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бояд бурд.

Муфассал...

Фотима Сумар дар меҳмонии гумрук

Чоп PDF

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳафтаи гузашта ноиби ёвари котиби давлатии ИМА доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хонум Фотима Сумарро ба ҳузур пазируфт.

Муфассал...

Вохӯрии роҳбарони гумрук дар шаҳри Боку

Чоп PDF

Санаи 4-уми июни соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии навбатии Шӯрои роҳбарони ҳадамотҳои гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои гумруки ҷумҳуриҳои Белорус, Казоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва намояндаи кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақи л иштирок намуданд, ки Хадамоти гумруки кишварро муовини авали Раиси Хадамот Неъматҷон Раҳматов, муовини сардори Раёсати ташикли назорати гумрукӣ Алишер Каримов намояндагӣ доштанд.

Муфассал...

Фаъолияти Суғд назаррас аст

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дар натиҷаи андешидани як қатор чорабиниҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2014 – 1208 ҳолати ҳуқуквайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 7 ҳолатро ҷиноят ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ду ҷиноят нисбати воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба миқдори 5112 дона ошкор ва ба қайд гирифта шуд.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 828 523 сомонӣ ҷарима ва аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ ба маблағи 14млн 799 876 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудааст.

Муфассал...

Конститутсия-сарнавишт

Чоп PDF

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Раёсатҳои минтақавии гумрукии Хадамот бо иштироки сардори Раёсати назорати қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷураев ва сардори Раёсати назорати қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сафаров семенар- машварат дар мавзӯҳои «Қабули қонуни асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он пойдору устувор сохтани арзишҳои олии ҳуқӯқӣ» инчунин дар бораи «Тадбирҳои мубориза бо корупсия» сӯҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.

Муфассал...

Кумаки Хадамоти гумрук ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат

Чоп PDF

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки дар он зиёда аз 300 нафар кӯдаки маъюб тарбия меёбад, кумак расонида шуд.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН