CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  80
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  367
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

20.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  331
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми...

Events in customs

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  273
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  316
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  652
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2558
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2358
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5090
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

December 2017
14
Thursday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday3083
mod_vvisit_counterYesterday4515
mod_vvisit_counterThis week17124
mod_vvisit_counterThis month63225
mod_vvisit_counterAll days2471971

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Боздошти сиккаи арзиши таърихию фарҳангидошта

Print PDF

Санаи 4-уми сентябри соли равон, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили сумкачаи мардонаи чармини рангаш сиёҳ як адад сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷоти дар тарафи аввалин «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюм «Моната рубл 1796 года» дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост, онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Read more...

Таҳсили илм ва такмил додани касбият дар Ҷопон

Print PDF

"JDS Project" ин лоиҳаи грантие мебошад, ки дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳҳои давлатии Ҷопон тӯли 9 сол аз тарафи JICA (JICE) амалӣ шуда истодааст.

Тибқи ин лоиҳа хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони англисиро хуб медонанд, пас аз гузаштан аз имтиҳони шаффофи тӯлонии ҷопонӣ хуқуқи таҳсил намудан дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопонро ба муддати ду сол ба сифати магистр соҳиб мегарданд.

Read more...

Дастгир намудани ҷиноятпеша бо 6 килограмм «гашиш»

Print PDF

Санаи 7 - уми августи соли 2017 дар асоси манбаъи иттилоотии муътамад кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд амалиёти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронида, дар натиҷаи он шаҳрвандон И. К. ва Н. М. - ро боздошт намуданд.

Номбурдагон аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз харидори шартӣ дар 2 баста маводҳои фишӯрдашудаи рангашон ҷигарии бӯйи махсусдоштаро ҳамчун воситаҳои нашъадор харидорӣ намуда, санаи 25 - уми августи соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон онро ба харидори шартӣ фурӯхтаанд.

Read more...

Print PDF

Таманниёти Сардори Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб
ба муносибати 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо шукронаи ин неъмати бебаҳо Шуморо ҳамкасбони азиз ба муносибати 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба аҳли хонадонатон тандурустиву хушбахтӣ ва сарбаландиву некномиро таманно дорам.

Ҷашни Истиқлолият муборак!

Ҷамъомад бахшида ба 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Print PDF

Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук бахшида ба 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷамъомадро оғоз бахшида, дар бораи дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Read more...

Фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдакона ошкор гардид

Print PDF

Мубориза алайҳи қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдакона дар бозори ҶДММ «Достӣ»-и пойтахт ошкор гардид.

Read more...

Print PDF

Табрикоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, ба муносибати иди саиди Қурбон

Ҳамватанони азиз !

Шуморо бо фарорасии Иди Қурбон, ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, самимона табрик мегӯям ва бароятон хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.

Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр намуданд: “ҳадафи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабулшуда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат буда, ба онҳо дар зиндагиву рӯзгордориашон ва ҳангоми гузаронидани маросиму маъракаҳо сабукиҳои зиёд меоранд ва пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро, ки то ҳанӯз дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд, мегиранд.

Read more...

Кӯмак ба мактаб - интернати шаҳри Ҳисор дар арафаи иди Қурбон

Print PDF

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи иди саиди Қурбон ва ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ниёзманд кӯмаки хайриявӣ расонд.

Read more...

Каримзода Хуршед: Танзим баракати зиндагии ҳар як шаҳрванд аст

Print PDF

Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳои нав баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Read more...

Фаъолияти гурӯҳҳои кориии сиғаи С5+1

Print PDF

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории сиғаи С5+1 аз 23 - юми август то 24 - уми августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аз ҷумла, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати ҳамкориҳои баймалмилалии гумрукӣ Эраҷ Ҷӯрабекзода, сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона Қурбон Султонов, намояндаи USAID дар Осиёи Марказӣ Райдер Роджерс, намояндаи Лоиҳа оид ба савдо ва логистикаи Корператсияи байналмилалии молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Виолейн Конар Лиси, намояндаи Лоиҳа оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ GIS Нозигул Хушвахтова иштирок намуданд.

Read more...

Риояи қатъии волоияти қонун

Print PDF

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар асоси фармоишҳои Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақша чорабиниҳо оид ба мубориза бо коррупсия ва зуҳуроти сӯйистифода аз вазифаҳои хизматӣ дар мақомоти гумрук барои солҳои 2016-2018», «Дар бораи тасдиқи барнома оид ба мубориза бо нишонаҳои коррупсия ва ҷиноятҳои вазифавӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва оид ба таҳким бахшидани иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Read more...

Ба роҳ мондани иҷрои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ВМКБ

Print PDF

«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, чун дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолияти доимӣ бурда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Read more...

Visitors

Legislation

Reestr

Partnerships