CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Criminal Summaries

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  307
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  320
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  270
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Events in customs

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  56
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1593
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1699
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2186
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6113
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Moscow

Сlimate

Calendar

June 2017
24
Saturday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday4569
mod_vvisit_counterYesterday6709
mod_vvisit_counterThis week39170
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days1358505
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар соли 2016

Print PDF

Бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои мавҷуда, мақомоти гумрук дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор додани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, гузаронидани муоинаи гумрукии моли воридгардида, дуруст муайян намудани рамзи мол, ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоннок кардани назорати баъди барасмиятдарории гумрукиро пурзӯр намуда, чораҳои муассир андешида истодааст.

Маҳз натиҷаи чораҳои андешида буд, ки новобаста аз 18,2 фоиз коҳиш ёфтани воридоти молҳои андозбандишаванда, нисбатан зиёд шудани татбиқи имтиёзҳои тарифию гумрукӣ ба андозаи 2,9 фоиз ва ба андозаи 3,2 фоиз афзоиш ёфтани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 фарқияти пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда ба қадри 207,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар натиҷаи фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 2060 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 93 047,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд. Аз маблағи ошкоргардида, 36 945,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуда, маводҳои санҷиш бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 32964,7 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Read more...

Паём-роҳнамои миллат

Print PDF

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтакавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсӣ дар робита ба Паёми Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад доир гардид.

Ҷаласаро сардори Раёсат Хуршед Рауфзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ба шумор рафта, дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад.

Read more...

Эълон

Print PDF

Санаи 17-уми январи соли равон соати 10.00 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719 оид ба ҷамъбасти соли 2016 нишасти матбуотӣ доир мегардад.

Резаахбор.pdf

 

Маркази матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»- и гумруки Исфараи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд

Print PDF

Дар арафаи таҷлили 25-умин согарди мақомоти гумруки кишвар Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»- и гумруки Исфараи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.

Дидбонгоҳи мазкур бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи марказӣ «Лоиҳаи минтақавии такмили хадамоти назди сарҳадӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.

Read more...

Ошкор ва пешгирии маҳсулоти ба саломатии инсон зараровар

Print PDF

Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе баҳри пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани молу маҳсулотҳои тарики қочок ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз муомилот гирифтани молу маҳсулотҳои пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон хатардошта як қаттор чорабиниҳоро ба анҷом расонидааст.

Аз ҷумла директори генералии ҶДММ «Кишвар-2010» шахрванд Зарифи Маҳмадшариф аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба содир намудани ҷиноят даст задааст, ки моҳияти он аз дидаю дониста нигоҳ доштан, ба фурӯш баровардани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ намебошад, иборат аст.

Read more...

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Print PDF

13 декабри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа иштирокдорон масъалаҳои мазкур, аз ҷумла масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро, объектҳои моликияти зеҳнӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, истифодаи системаи идораи таваккал дар мақомоти гумрук, муайян намудани рӯзномаи ҷаласаи минбаъдаи Шӯро, ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласа ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед доир ба мақсад, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.

Read more...

“Терминали Дӯстӣ” барои соҳибкорон шароитҳои муосирро фароҳам меоварад

Print PDF

Дар арафаи ҷашни 25 солагии мақомоти гумрук дар Терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди гумруки «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Терминали Дӯстӣ” дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» воқеъ дар шаҳри Турсунзода дорои тамоми имконот, аз ҷумла, бинои маъмурӣ, ошхона, меҳмонхона, анбори нигоҳдории маҳсулот, сардхона, ҷойи махсус барои таъмири мошинҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаи хизматрасонии хазинавӣ, нуқтаҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ва сабукрав, тарозӯи рақамӣ, ҳавзи оташнишонӣ, нуқтаҳои алоҳидаи шустушӯӣ, қаҳвахона, нуқтаи тиббӣ ва истгоҳҳои обтаъминкунӣ буда, пайваста дар хизмати шаҳрвандон қарор дорад. Минбаъд соҳибкорону ронандагон барои воридоту содироти молу маҳсулот метавонанд аз хизматрасонии иншооти нав пурра баҳравар гарданд.

Read more...

Ҳадаф - мукаммал гардонидани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук

Print PDF

Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи нақшаи корӣ ва супоришҳои роҳбарият курсҳои такмили ихтисосро дар самтҳои гуногун ба роҳ мемонад.

Аз ҷумла, аз 24 октябр то 02 декабри соли ҷорӣ бо мақсади мукаммал гардонидани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук мутобиқи фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №164-ф аз 19 октябри соли 2016 курси тайёрии ибтидоии кормандони нав ба кор қабулгардидаи мақомоти гумрук гузаронида шуд.

Read more...

Ҳадаф - аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ

Print PDF

Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30 ноябри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук баргузор гардид.

Read more...

Парчам-рамзи муқаддасоти миллӣ

Print PDF

Имрӯз, 24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрукӣ Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи муқаддас таҳният гуфт.

Зимни баромади хеш номбурда афзуд, ки: - “Ҳар як давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Read more...

Рӯзи парчами давлатӣ муборак!

Print PDF

Вобаста ба таҷлили ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ Сарвари давлат изҳор намудааст: “Мо бояд Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат эҳтиром намоем ва қадршиносӣ кунем. Рӯзи қабули Парчами давлатӣ барои мо бояд ҳамчун рӯзи ҷашн ва иди умумимиллӣ бошад”.

Соли 1992 аз сӯйи Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистон қабул шуда, аз чунин рангҳо: ранги сурх (аз боло), сафед (дар миён), сабз (дар поён) ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст.

Read more...

Ошкор ва пешгирии воридот ва фурӯши ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд Б.Ҳ., соли таваллудаш 1971 қасдан даст ба содир намудани ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон молу маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудааст. Чунончӣ, ӯ тахминан аз моҳи майи соли 2016 то миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва боркашон аз самти шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда, онҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия-Сет», воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ-85-и шаҳри Душанбе пинҳон намуда, баъдан як қисми онҳоро дар муҳлатҳои гуногун ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст.

Read more...

Visitors

Legislation

Reestr

Partnerships