ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  331
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

20.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  318
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми...
Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиётҳои тамғаи "Даф"

16.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  403
Ҳангоми амали намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  260
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  296
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  609
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2540
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2342
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5074
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
13
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз630
mod_vvisit_counterДирӯз4605
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10155
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56256
mod_vvisit_counterҲамарӯза2465002

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-бенс» рақами қайди давлатиаш 37 69 ДД 02, ки таҳти ронандагии шаҳрванд Б. С., қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур 2 ғалтак кабели баландшиддати тамғаи КЛ-10 КВ 3х150 ва КЛ-10 КВ 3х240 ба миқдори умумии 992 метр, 1 адад трансформатори тамғаи ТС-1000 КВА ва як зарфи пластмасии ғунҷоишаш 500 литра бо равғани трансформатори истеҳсоли Федератсияи Русия мавҷуд будааст.

Муфассал...

Мусодираи 4 ҳазору 35 адад китобҳои динӣ ва 18 ҳазор килограмм меваи хориҷӣ дар гумрукӣ шаҳри Душанбе

Чоп PDF

Аз аввали соли 2017 аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 278 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла: 4 - ҳолати қочоқи молҳои ниёзи мардум бо вазни умумии 211 ҳазору 194 килограмм, 1 - ҳолати қочоқи сӯзишвории бензин бо вазни 41 ҳазору 540 литр, 1 ҳолати қочоқи 417 адад маводҳои тарфгарӣ, 1 ҳолати ошкор намудани 906 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш, 1 ҳолати шомил шудан ба гурӯҳи терористии ДИИШ, 1 - ҳолати қочоқи воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота Кемри», 3 ҳолати қочоқи сиккаҳои дорои қиммати таърихию фарҳангӣ дошта, 2 - ҳолати қочоқи асъори хориҷӣ ба маблағи 15 ҳазор доллари ИМА ва 2 миллиону 500 ҳазор рубли русӣ, 1 ҳолати машруботи спиртӣ арақи тамғаи «Шоҳона» мебошанд.

Муфассал...

313 парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода

Чоп PDF

Аз аввали соли 2017 аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода 80 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз гардида, аз онҳо ба миқдори 124 ҳазору 780 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар бозорҳои шаҳри Турсунзода ба миқдори 318 грамм маҳсулоти заргарии аз тилло сохта шуда ба расмияти гумрукӣ дароварданд, ки ба маблағи 5 ҳазору 980 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлат гузаронида шудааст.

Муфассал...

273 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои гумрукӣ

Чоп PDF

Мубориза алайҳи қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Дар ҳафт моҳи соли 2017 дар Раёсат ба миқдори умумии 239 адад қонуншиканиҳо ошкор карда шудаанд, ки аз ин 3 - ададашро парвандаҳои ҷиноӣ ташкил медиҳад. Аз парвандаҳои оғозгардида 208 - адад нисбати шахсони воқеӣ ва 28 адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Ба шахсони вайронкунандаи қоидаҳои гумрукӣ маблағи 273 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима гузоштаву ситонида шудааст. Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии бақайдгирифташуда нисбати ҳамин давраи соли 2016 - ум чор адад зиёд мебошад.

Муфассал...

Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи шаҳрванд А. Х., соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

Зимни аз назаргузаронӣ аз дохили халтачаи матогини хокистаранг 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Екатерина 2, соли бароришаш 1767, бо навиштаҷоти «пять копеек», 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1738, бо навиштаҷоти «ДЕНГА», 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1744, бо навиштаҷоти «ДЕНГА 1744», 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1751, бо навиштаҷоти «ДЕНГА 1751» 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1753, бо навиштаҷоти «ДЕНГА 1753» ва 1 адад сиккаи (тангаи) мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1879, бо навиштаҷоти «1879 года копъики» дарёфт карда гирифта шуд, ки номбурда тангаҳои қадимаро мехост, ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад.

Муфассал...

Баргузории ҷашну маросимҳо дар доираи қонун

Чоп PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яқ қатор чораҳои зарурӣ андешида ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Боиси қайд аст, ки барои амалӣ намудани қонуни мазкур дар Раёсат комиссияи ҷамъиятии танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шуда, вазифаи асосии он назорати риояи пурраи Қонуни мазкур ҳангоми гузаронидани ҷашну маросимҳо аз ҷониби кормандон, ҳамзамон баргузории ҷашну идҳои расмӣ ва ғайраҳо иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт ҳамчунин тибқи талаботи нақша-чорабиниҳо дар байни ҳайати шахсӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, мавзӯи мазкур дар дарсҳои тахассусӣ низ бо ҷалби мутахассисон аз шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешавад.

Муфассал...

Назму тартиб ҳар куҷое пойдор...

Чоп PDF

Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Муфассал...

Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди «Конибодом - Хуҷанд» воситаи нақлиётии тамғаи «Опел - Зафира» рақами қайди давлатиаш 05 77 СС 02 барои муоинаи гумрук боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумруки муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиётии мазкур ба миқдори 553 адад телефонҳои мобилии гуногуни тамғаи «Samsung Galaxy» мавҷуд будааст.

Муфассал...

Содироти мол афзун мегардад

Чоп PDF

Гардиши умумии мол дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2017 439 миллиону 908 ҳазору 746 килограмм ва арзиши гумрукии он ба 119 миллиону 840 ҳазору 592 доллари ИМА баробар мебошад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 248 миллиону 900 ҳазору 585 килограмм зиёд ва бо маблағи 97 миллиону 652 ҳазору 803 доллари ИМА кам мебошад.

Муфассал...

Гузориш оид ба ошкор ва пешгирии маводҳои таблиғотии дорои хусусияти экстримистӣ.

Чоп PDF

Тибқи талаботи моддаҳои 17 ва 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истеҳсол, содир, ворид ва паҳн намудани адабиёти динӣ танҳо баъд аз гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ ба роҳ монда мешавад.

Муфассал...

Кушиши интиқоли ғайриқонунии 2 ҳазору 600 килограмм оҳанпора ба Афғонистон

Чоп PDF

Дар гумруки Панҷи Поён, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии ду адад воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «МАН» рақамҳои қайди давлатиашон ТҶ 24 76 ЕЕ 01 ва ТҶ 83 06 СТ 01 таҳти идораи ронандагон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Н. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. С. аз зери халтаҳои семент бо вазни умумии 2 ҳазору 600 килограмм оҳанпораҳои фарсудашуда дарёфт карда шуд, ки номбурдагон мехостанд бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир намояд.

Муфассал...

Миқдори зиёди фурӯши арақи худсохт ошкор ва пешгири гардид

Чоп PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванди П. А. соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир гардид.

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН