ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
20
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3153
mod_vvisit_counterДирӯз5631
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта46224
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3153245

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 
Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

Чоп PDF

Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани ду бағоҷи дастӣ бо гулҳо ба минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М. А. аз тарафи кормандони гумруки Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе намунаи гулҳо барои гузаронидани ташхис ба Раёсати фитосанитарии карантинӣ ва тухмии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Муфассал...

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

Чоп PDF

Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишварӣ бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар атрофи масъалаҳои марбут ба интихоботи Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук, ки 28-30-юми июни соли 2018 дар шаҳри Брюссел доир мегардад ва дар он номзадии намояндаи Япония низ матраҳ хоҳад шуд, сӯҳбат доир намуданд.

Муфассал...

Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

Чоп PDF

Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ оиди воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба минтақаи назоратии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди маҳалаи Чорбоғи шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Volkswagen” рақами қайди давлатииаш 46 46 СА 02 таҳти идораи ронанда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. А. соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2» нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукиро 100 % иҷро намуданд

Чоп PDF

Дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-2»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқарраротҳои меъёрию ҳуқуқие, ки самтҳои асосии фаъолияти гумрукро муайян менамоянд ба роҳ монда, дар ташкили назорати гумрукӣ, мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва қочоқ дар соҳаи гумрук, таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ баҳри ғани гардонидани буҷаи давлат, саҳми бевоситаи худро мегузоранд.

Муфассал...

Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

Чоп PDF

Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза бар зиди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар маҳалаи Чорбоғи шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” рақами қайди давлатиаш 87-26 КК 02 таҳти идораи ронанда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М. О. соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, боздошт карда шуд.

Муфассал...

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Турсунзода А.Ҳ.

Чоп PDF



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 9 феврали соли 2018 №56
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Турсунзода А.Ҳ.

 

Муфассал...

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳурматзода И.З.

Чоп PDF



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 9 феврали соли 2018 №57
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳурматзода И.З.

 

Муфассал...

Омор

Қонунгузорӣ

Реестрҳо

ШАРИКОН