ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
25
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1278
mod_vvisit_counterДирӯз7362
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1278
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3377052

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди «Конибодом - Хуҷанд» воситаи нақлиётии тамғаи «Опел - Зафира» рақами қайди давлатиаш 05 77 СС 02 барои муоинаи гумрук боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумруки муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиётии мазкур ба миқдори 553 адад телефонҳои мобилии гуногуни тамғаи «Samsung Galaxy» мавҷуд будааст.

 

 

 

Моли мазкур ба шаҳрванд Р. Ф. соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудааст.

Шаҳрванд Р. Ф. моли зеринро аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон аз Қанибек ном шахс телефонҳои мобилиро харидорӣ намуда ғайриқонунӣ онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

 

 

Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии телефонҳои мобилӣ 935 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р. Ф. бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН