ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  73
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  336
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1857
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1747
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4343
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6934
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта40399
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100001
mod_vvisit_counterҲамарӯза2167623

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Фаъолияти Гумрук дар се моҳ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз 15 апрели соли 2014 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2014 бо иштироки роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохтории хадамот ва намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар давраи ҳисоботӣ самт ба самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазъи тиҷорати хориҷӣ

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли 2014 ба маблағи 1 154, 0 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 55,9 млн. доллар кам гардида 95,4%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 927,3 млн. доллар ба воридот ва 226,7 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 воридот 80,8 млн. доллар зиёд гардида 109,5%-ро ташкил додааст, содирот бошад 37,6% ё 136,8 млн. доллар кам гаштааст.


Ба дӯши давлатҳои хориҷаи дур 551,9 млн. доллар ё 47,8 % маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рост меояд, ки тиҷорат бо ин кишварҳо нисбати ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 187,5 млн. доллар кам гардидааст.
Дар содирот вазни қиёсии асосиро молҳои зерин ташкил медиҳанд:

 

- алюминии аввалия – 51,2% ё ин, ки 116,1млн. доллар;
- нахи пахта – 16% ё ин, ки 36,4 млн. доллар;
- маҳсулоти меваю сабзавот – 3,4% ё ин, ки 7,8 млн. доллар;
Дар воридот бошад, мавқеи асосиро молҳои зерин ишғол менамоянд:


- маҳсулоти нафтӣ – 17,4% ё ин, ки 161,6 млн. доллар;
- воситаҳои нақлиёти сабукрав – 7,3% ё ин ки 67,4 млн. доллар;
- оксиди алюминӣ (глинозем)- 5,6% ё ин, ки 52,1 млн. доллар;
- гандум -5,5% ё ин, ки 50,7 млн. доллар;
- гази моеъ 4,5 % ё ин, ки 41,8 млн. долл;
- орд – 2,3%; ё ин, ки 21,4 млн. доллар;
- равғани растанӣ – 1,9% ё ин, ки 18,1 млн. доллар;
- шакар – 1,5% ё ин, ки 13,9 млн. доллар;
- семент 1% ё ин ки 9 млн. доллар.

Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 602,1 млн. доллар ё 52,2% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 131,6 млн. доллар зиёд гардидааст.Аз ин маблағ 85,9 млн. доллар ба содирот ва 516,2 млн. доллар ба воридот мансуб аст.

Гардиши тиҷорати хориҷӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 161,4 млн. доллар зиёд гардида ба 564,8 млн. доллар баробар гаштааст. Ҳиссаи ин давлатҳо дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 48,9% -ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содирот ба 84,9 млн. доллар ва ҳаҷми воридот ба 479,9 млн. доллар баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 78 мамлакати дунё муомилоти тиҷоратӣ анҷом додааст.
Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 25,0%, Қазоқистон 20,7%, Россия 16,2%, Эрон 14,4%, Шветсария 5,9% Чин 5,7%, Покистон 4,2% ва Афғонистон 2,8%, марбут мебошад.

Воридоти асосии мол ба мамлакатҳои Россия 33,5%, Қазоқистон 17,2%, Чин 10,2%, Литва 5,2%, Эрон 4,7%, Туркия 3,5%, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3,1%, Аморати Муттаҳидаи Араб 2,3%, Қирғизистон 4,3%, Туркманистон 2,8%, Нидерланд 2,6%, Украина 2,3%, Ямайка 1,9% ва Покистон 1,7% рост меояд.

Фаъолият дар самти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар семоҳаи аввали соли 2014 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 893,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла:

-андоз аз арзиши иловашуда – 682,1млн. сомонӣ;
-боҷи гумрукӣ – 141,1 млн. сомонӣ;
-андози аксизӣ – 56,4млн. сомонӣ;
-воридоти ғайриандозӣ – 14,1 млн. сомонӣ.

Хадамоти гумрук дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 901,4 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид намуд, ки ин нисбат ба нақшаи муайянгардида 7,7 млн. сомонӣ зиёд буда, 100,9%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Воридшавии пардохтҳои гумрукӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи сарчашмаҳои даромад чунин аст:

Нақшаи воридшавии андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 702,06 млн. сомонӣ ё ба андозаи 102,9% иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша (нақша 682,07 млн сомонӣ) – 19,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 78%-ро ташкил медиҳад.
Боҷи гумрукӣ ба маблағи 113,5млн. сомонӣ ё ба андозаи 80,4% иҷро шудааст.Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 12,6%-ро ташкил медиҳад.

Нақшаи воридшавии андози аксизӣ ба маблағи 72,7 млн. сомонӣ ё ба андозаи 128,9% иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша (нақша 56,4 млн сомонӣ) – 16,3 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 8,1%-ро ташкил медиҳад.
Воридоти ғайриандозӣ: Ин намуди пардохти гумрукӣ ба маблағи 11,8 млн. сомонӣ ё ба андозаи 84,1% иҷро шудааст. Ин нисбат ба накша (нақша 14,1 млн. сомонӣ) – 2,3 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 1,3%-ро ташкил медиҳад.
Хадамоти гумрук бо мақсади мутобиқ сохтани фаъолияти гумрук ба шароити имрӯза, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, омилҳои ташаккулдиҳандаи тиҷорати хориҷиро пайваста мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, як қатор чораҳои маъмуригардонии заруриро дар самтҳои дуруст ва тибқи талаботи қонунгузорӣ декларатсия намудани арзиши гумрукӣ ва фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ андешида истодааст.

Дар баробари афзоиши ҳаҷми умумии воридоти молҳои имтиёздор нисбат ба молҳои андозбандишаванда, маҳз андешидани чораҳои мазкур имконият доданд, ки пардохтҳои гумрукии дар семоҳаи аввали соли 2014 ситонидашуда нисбат ба иҷроиши воқеии ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 200, 9 миллион сомонӣ зиёд шавад.

Мутобиқи маълумоти омории мақомоти гумрук маблағи умумии воридоти молҳои имтиёзноке, ки дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст, дар семоҳаи аввали соли 2014-ум маблағи 648,9 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин қариб ба 69,9 фоизи ҳаҷми умумии воридот баробар мебошад.

Маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодкардашуда, дар семоҳаи аввали соли 2014 350,7 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 34,9 млн сомонӣ кам мебошад (дар се моҳаи аввали соли 2013 маблағи умумии имтиёзҳои тарифии дар асоси қонунҳои амалкунанда истифодашуда 385,6 млн. сомониро ташкил менамуд).

Фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории тобеъи Хадамот дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.

Дар ин давра, аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1494 ҳодисаҳои қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифташуда, 9 - тояш ҷиноят буда, аз он 4 ҳолат ба қочоқи моддаҳои нашъаовар ва 5 ҳолат ба дигар ҷинояти соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошад.

Дар натиҷаи баррасии 1485 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 1216 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 991 ҳазору 260 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 14 244 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.

Маблағи умумии ҷаримаҳо, молҳои мусодирашуда ва пардохтҳои гумрукии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 26 миллиону 421 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 3 миллиону 270 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, мутобиқи моддаи 435 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ маблағи 1 миллиону 472 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ зиёда аз 85 рейдҳои алоҳида ва рейдҳои муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд. Дар натиҷа, воридоти ғайриқонунии 1402 адад фурӯзонакҳои тафсон; 76 адад таҷҳизоти компютерӣ; 578 дона телефонҳои мобилӣ, 4376 дона атриёт, 35 тонна семент, 34 тонна нуриҳои минералӣ, 5028 литр равғанҳои молиданӣ, 80 тонна ангишт, 9000 литр нафти хом, 15 кг 269 грамм маснуоти заргарӣ ва 14 кг бижутерия ошкор карда шуда, 42 адад воситаи нақлиёти боркаш бо сабаби вайрон кардани хати сайр боздошт карда шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаҳмондадиҳӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ аз ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1 миллиону 696 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ рӯёнида шуд.

Дар ин давра, 158 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ аз қабили, маснуоти заргарӣ 5 ҳолат, маҳсулоти спиртӣ 31 ҳолат, маҳсулоти тамоку 22 ҳолат, сӯзишворӣ 13 ҳолат ва дигар молҳои зераксизӣ 87 ҳолат ошкор карда шуданд.

Аз гардиши ғайриқонунӣ 6 килограму 781 грамм моддаҳои нашъаовар гирифта шудааст. Аз ин миқдор 2 килограмму 882 граммашро афюн ва 3 килограмму 899 граммашро гашиш ташкил медиҳад.

 

Фаъолият дар самти кор бо кадрҳо



 

Хадамоти гумрук ҷиҳати интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, сифатан беҳтар намудани ҳайати воҳидҳои сохторӣ, фаъол гардонидани мубориза бар зидди коррупсия ва сӯиистифода аз вазифаҳои хизматӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Дар ин муддат бо риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи воҳидҳои кории муқарраршуда 18 нафар ба кор қабул карда шуда, ҷойивазкунии 213 нафар кормандон гузаронида шуд, ки 25 нафарашон аз Дастгоҳи марказӣ ва 188 нафарашон аз раёсатҳои минтақавии гумрукӣ мебошанд.

Инчунин, ҷиҳати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисосу салоҳиятнок, аввалин маротиба дар таҷрибаи мақомоти гумрук қабули шаҳрвандон барои ишғоли мансабҳои холӣ ба таври озмун ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бо фармоиши Сардори Хадамот “Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук” таъсис дода шуда, оид ба қабули довталабон барои иштирок дар озмун тариқи расонаҳои ахбори омма, эълон нашр карда шуд. Аз рӯзи аввали қабули ҳуҷҷатҳо то ин дам, 550 ҳуҷҷати довталабон ба қайд гирифта шуда, айни замон аз тарафи Комиссияи мазкур ҷиҳати ба таври шаффоф ва одилона гузаронидани озмун чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар натиҷаи санҷишҳои хизматӣ нисбати 35 нафар кормандон муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст, ки нисбати 27 нафар аз тарафи Сардори Хадамоти гумрук ва нисбати 8 нафар аз тарафи роҳбарияти раёсатҳои минтақавии гумрукӣ фармоишҳо ба тасвиб расидааст.

Дар ин давра, 131 нафар кормандони мақомоти гумрук барои хизмати софдилона, ноил гардидан ба натиҷаҳои хуби корӣ, ҳавасманд гардонида шуданд, ки аз ин 8 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», 24 нафар бо «Ифтихорнома»-и Хадамоти гумрук, ба 57 нафар «Раҳматнома» эълон намуда, 29 нафари дигар бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд ва аз 13 нафар ҷазои интизомии қаблан додашуда, пеш аз мӯҳлат гирифта шуд. Дар ин муддат 1 маротиба ҷаласаи комиссияи марказии аттестатсионӣ даъват гардида, дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ ба 66 нафар кормандон рутбаҳои аввалин ва навбатӣ дода шудааст.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Хадамоти гумрук таъмин гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Ба муносибати иди касбии гумрукчиён, Рӯзи Модарон ва Наврӯзи аҷам, дар асоси нақшаҳои тарҳрезигардида чорабиниҳои идона ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рӯзи иди касбии гумрукчиёни Тоҷикистон маъракаи савгандёдкунии кормандони нав ба кор қабул кардашуда дар сатҳи баланди масъулиятшиносӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модарон занҳои собиқадори мақомоти гумрук даъват карда шуда, бо мукофотҳо ҳавасманд гардонида шуданд. Ба муносибати Наврӯзи Аҷам бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук чорабиниҳои Наврӯзӣ баргузор карда шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти гумрук ва мукаммал гардонидани дониши забондонии онҳо, курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамчунин, омӯзиши дастгоҳи компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст.

Самтҳои дигари фаъолият



 

Хадамоти гумрук ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани корҳо роҷеъ ба муроҷиати шаҳрвандон, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» корҳои муайянеро анҷом додааст.

Дар ин муддат аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумрук 45 нафар шаҳрвандон қабул карда шуд. Аз ҷумла, оид ба масъалаҳои кадрӣ 20 нафар, оид ба барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт 8 нафар, оид ба расонидани кӯмаки моддӣ 5 нафар, оид ба масъалаҳои шахсӣ 2 нафар ва оид ба дигар масъалаҳо 9 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои арзшуда тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд.

Дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи фаъолияти бонизому самарабахши мақомоти гумрук ин маблағгузории хароҷот ва нигоҳдории он ба ҳисоб меравад. Хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз тарафи Хадамоти гумрук таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, сарфакорона истифода бурдани онҳо ба роҳ монда шудааст.

Хароҷоти мақсадноки маблағҳои барои Хадамоти гумрук ҷудошуда, мутобиқи моддаҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, хариди сӯзишворӣ ва молҳои хоҷагӣ дар асоси дархости Хадамоти гумрук ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Бо мақсади сарфакории маблағҳо, чорабиниҳои дар шароити ҳозира афзалият надошта маблағгузорӣ карда намешавад.

Қисми асосии маблағҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва махсус ҷудокардашуда барои додани музди меҳнат, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи кормандон, хароҷоти сафари хизматӣ, пардохтҳои истифодаи воситаҳои алоқа, барқу об, таъмиру нигоҳубини биноҳои маъмурӣ, сохтмон, ҳавасмандгардонии кормандон, харидани либоси низомӣ сарф шудааст.

Инчунин, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашнҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимхонаҳо ва дигар табақаҳои ниёзманд кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти гумрук бо рӯзномаву маҷаллаҳо, намояндагони Шабакаҳои радио ва телевизион, АМИТ «Ховар», агентиҳои ватанию хориҷӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ ҳамкориро густариш дода, матолиби таҳлилию иттилоотиро вобаста ба фаъолияти мақомоти гумрук тавассути воситаҳои ахбори омма ба шаҳрвандон, соҳибкорон ва тоҷирони ватанию хориҷӣ мерасонад.

Соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ба шумор рафта, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодӣ ва молиявӣ ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз тарафи Хадамоти гумрук тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ), ки давоми солҳои охир дар мақомоти гумрук амал карда истодааст, инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии махзани маълумот ва таъминоти барномавӣ таъмин менамояд.

Ба имзо расидани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ инкишоф ва тавсеа ёфта, барои ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар самти мубодилаи иттилоот ва самаранокии фаъолияти гумрукӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин, дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Донишкадаи такмили ихтисос бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти гумрук заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Бо мақсади рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва соддагардонии савдо дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, дар асоси қарордоди грантии Бонки Осиёгии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалии Лоиҳаи минтақавӣ оид ба такмили хадамоти наздисарҳадӣ оғоз гардид, ки сохтмон, азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти Дидбонгоҳи гумрукии “Гулистон” ва такмили минбаъдаи Системаи Равзанаи ягонаи миллиро дар бар мегирад.

Барномаи ҷорӣ намудани системаи «Равзанаи ягона» ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти соддагардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии расмиёти маъмурӣ дар тиҷорати хориҷӣ муайян намуда, ба амал баровардани онро бо роҳи ҷорӣ намудани системаи электронии коркард ва интиқоли иттилоот байни мақомоти манфиатдори давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар назар дорад.

Айни замон, дар доираи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягона оид ба соддагардонии амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар ҷумҳурӣ, таъмини барасмиятдарории саривақтию шаффофият ва аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми интиқоли молҳо ба мушоҳида мерасанд, як қатор чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд.

Аз ҷониби ширкати “Интрасофт” - барномасози Системаи иттилоотии Равзанаи ягона ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» шурӯъ аз моҳи январи соли 2014 омӯзиши система дар низоми тестӣ оғоз гардид.

Айни замон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мавриди баррасӣ ва мувофиқаи ниҳоӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошт а, дар назар аст, ки моҳҳои наздик барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шаванд.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 таҳти № 222 тасдиқ шудааст, аз ҷониби КВД «Маркази Равзанаи ягона» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳамкории иттилоотии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдор оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ барои воридот, содирот ва транзити молҳо аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» таҳия карда шуда, барои баррасӣ, ирсол карда шудааст.

Инчунин, бо мақсади иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, № 153 «Дар бораи ҳисоботи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 525 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 № 155 “Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипи “Истгоҳи ягона”, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипи “Истгоҳи ягона” таҳия гардида, айни замон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Бо мақсади ягонасозии номгӯи маълумоти меъёрию иттилоотӣ “Таснифот ва номгӯи маълумоти меъёрию иттилоотие, ки дар ҳуҷҷатҳои савдои хориҷӣ истифода мешаванд” ва истифодаи онҳо дар Системаи иттилоотии Равзанаи ягона ба назар гирифта шудааст, ба ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз пешниҳод гардида, барои истифодабарии он дар Системаи иттилоотии Равзанаи Ягона маъқул дониста шуд.

Таснифоти зикргардида, аз ҷониби КВД “Маркази Равзанаи ягона” Гурӯҳи кории байниидоравии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаи мувофиқакунонии (таснифкунии) маълумоти дар ҳуҷҷатҳои савдои хориҷӣ истифодашаванда тайёр карда шудааст.

Татбиқи Барномаи системаи Равзанаи ягона ва амалӣ намудани «Истгоҳи ягона» дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ба соддагардонии расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ ва афзоиши сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷамъбаст нақшаи корӣ ва вазифаҳо дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ низ пешниҳод гардид.

ШАРИКОН