ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3936
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17702
mod_vvisit_counterДар ин моҳ91048
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716686

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Кумаки Хадамоти гумрук ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки дар он зиёда аз 300 нафар кӯдаки маъюб тарбия меёбад, кумак расонида шуд.

 

Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти гумрук Неъматҷон Раҳматов аз номи роҳбарияти хадамот ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернатро бо идашон табрик гуфта, зикр намуд, ки маъюбон ҳамеша таҳти сарпарастии Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат-ин фароҳам овардани шароит барои зиндагӣ ва таҳсили шоистаи ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон мебошад.

 

 

Ин нафароне, ки бо амри тақдир имконияташон маҳдуд аст аз чунин шароити мусоид ва муомилаи хуби омӯзгорон хурсанд буда, худро танҳо ва бепуштибон тасаввур намекунанд.

 

 

Зеро дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин табақаи ҷомеа ва муомилаи хуби омӯзгорон метавонад онҳоро хурсанду болидарӯҳ созанд.

 

 

Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон омӯзгорони кордону соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд.

 

 

Дар чорабинии мазкур барои болида гардонидани табъи хонандагон бо иштироки ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии лӯхтак ва ғолибони озмуни «Овози тиллоӣ» барномаи фарҳангӣ доир гардида, зиёфат дода шуд.

 

 

ШАРИКОН