ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
16
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2474
mod_vvisit_counterДирӯз5531
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2474
mod_vvisit_counterДар ин моҳ62665
mod_vvisit_counterҲамарӯза3349496

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Конститутсия-сарнавишт

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Раёсатҳои минтақавии гумрукии Хадамот бо иштироки сардори Раёсати назорати қонунгузории андоз ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷураев ва сардори Раёсати назорати қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сафаров семенар- машварат дар мавзӯҳои «Қабули қонуни асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он пойдору устувор сохтани арзишҳои олии ҳуқӯқӣ» инчунин дар бораи «Тадбирҳои мубориза бо корупсия» сӯҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ мебошад. Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, яке аз нишонаи асосии чунин давлат арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад.

 

 

Аз ин рӯ мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, тадбирҳои судманд андешанд.

 

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти малакат Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта, чун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ дар ҳалли монеаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона дошта, бо таъсиси кишвари озоду демократӣ давра ба давра дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар месозад.

 

 

Дар машварат зикр гардид, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти иқтисодии кишвар, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеа саҳми арзанда дорад.

 

 

Ҳадафи асосии баргузории ҷорабиниҳои мазкур дар сохторҳои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пеш аз ҳама ҷиҳати худташаккулёбӣ, тарбия ва маърифатнокии комили кормандони мақомоти гумрук дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Диққати ҳозирин ба он ҷалб карда шуд, ки баҳри таъмини волоияту эҳтироми Конститутсия, таҳким бахшидан ба раванди қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар, суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,- «Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад»,- ба шиори ҳамарӯзаи корӣ ва фаъолияту зиндагии кормандон табдил ёбад ва бо меҳнати софдилона баҳри ободӣ ва инкишофи минбаъдаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Инчунин гуфта шуд, ки макомоти гумрук дар партави паёми Президенти мамлакат ба парлумони кишвар аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебарад, то чиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари соҳибистиқлоламон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаву шоистаи худро мегузорад.

 

 

ШАРИКОН