![]() | Имрӯз | 2553 |
![]() | Дирӯз | 2192 |
![]() | Дар ин ҳафта | 4745 |
![]() | Дар ин моҳ | 100000 |
![]() | Ҳамарӯза | 3006290 |
19 Июни 2014
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гумрук ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақша - чорабинии тасдиқшуда доир гардид.
Мавзӯи вохӯриро зуҳуроти коррупсионӣ ва мубориза бо он дар кишварро дар бар мегирифт. Намояндаи Агентии мазкур Шодком Турсунов оиди мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ намуда, қайд кард, ки таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим таъсири калон дорад ва муборизаи дастаҷамъона дар ин самт вазифаи ҳар фард, бахусус кормандони қудратӣ буда, баҳри пешгирии фасод дар ҷомеа аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бояд бурд.
Дар заминаи ин гуфтаҳо Муовини Сардори хадамоти гумрук Тоҳирҷон Нуров изҳор доштанд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирӣ кардани ин зуҳуроти номатлуб маҳз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сиёни аҳли ҷамоатчигӣ ба шумор меравад, зеро барои содир шудани ҷиноятҳои корупсионӣ дар бисёр мавридҳо худи шаҳрвандон шароит мухаё менамоянд.
Дар охир кормандон ба саволҳои доштаи худ аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунов ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.