CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

БА ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН САВОЛ ДИҲЕД. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар нашрияҳо «Равзанаи Парлумон» боз мекунад

Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои мамлакат гӯшаи  роҳандозӣ мешавад, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ҳангомасозиҳои иттилоотӣ  ва роҳ надодан ба нашри масъалагузориҳои таҳрикомез мебошад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов, солҳои охир дар воситаҳои  ахбори омма, бахусус  рӯзномаҳои хусусию тиҷоратӣ масъалаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, зимни  муҳокимаи онҳо муаллифон баъзан ба ҳангомасозӣ роҳ медиҳанд.

Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани гӯшаи мазкур ба унвони сармуҳаррирони рӯзномаҳо барои ҳамкории муштарак мактуби расмӣ  ирсол гардида, барои як давраи омӯзишӣ кори «Равзанаи Парлумон» дар нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худ- Ravzana-2018@mail.ru-ро дошта, шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳои 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Саволу дархостҳои шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандони котиботи роҳбарият,  шуъбаи матбуот, шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаву комиссияҳо  ва дигар шуъбаҳои дахлдор барои баррасӣ супорида шуда,  таҳти назорат қарор мегиранд.

Пас аз омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳо саволу  дархостҳои шаҳрвандон бо зикри ному насаб ва суроғаи  мушаххаси  муроҷиаткунанда  нахуст ба шаҳрванд ва баъдан дар нашрияҳои зикршуда ба нашр расонида мешаванд.

Мувофиқи нақша, пас аз омӯзиши марҳилаи аввали фаъолияти гӯшаи  «Равзанаи Парлумон» иқдоми мазкур метавонад  дар расонаҳои дигари давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шавад.

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.

Address: аvenue Bukhoro-50|
Republic of Tajikistan|
Dushanbe|

E-mail:
Journal "Customs"
info.gumruk@yandex.ru

If you want to keep abreast of the news, subscribe to our e-newsletter: