ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  174
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  662
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  427
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  779
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  750
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  851
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  760
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3222
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3872
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8900
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1753715

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҷамъбасти сол ва натиҷаҳои назарраси гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ Хадамот тамоми захираҳои ташкилию идоракуниро баҳри таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъовари пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаб, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок интихоб гардида буданд, сафарбар намуд.

Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар соли 2014 аз он шаҳодат медиҳанд, ки самтҳои асосии фаъолият дуруст муайян шуда, дар маҷмӯъ Хадамот аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда баромадааст.

 


Аз рӯи нишондиҳандаҳои омори гумрукӣ ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ маблағи 5 миллиарду 319 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 314 миллион доллар ё 6,3% зиёд буда, воридот 4 миллиарду 340 миллион доллар ва содирот 979 миллион долларро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум воридот 287 млн. доллар зиёд гардида 107%-ро ташкил додааст, содирот бошад 27 млн. доллар зиёд гардида 102,8%-ро ташкил додааст.

Тағйироте, ки дар ин давра дар сохтори молии тиҷорати хориҷӣ ба мушоҳида мерасад, ин афзоиши сатҳи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гандум мебошад.

Маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 580 ҳазор тонна ва ба маблағи 508 миллион доллар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 218 ҳазор тонна, ё ин ки 129 миллион доллар бештар мебошад. Воридоти гандум бошад ба миқдори 135 ҳазор тонна зиёд гардида, 775 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар воридот ҳиссаи бештарро воситаҳои нақлиёт - 6 % ё ин ки 245 млн. доллар, оксиди алюминӣ – 3 % ё ин, ки 131 млн. доллар, - гази моеъ – 4 % ё ин, ки 180 млн. долл, равғани растанӣ – 2 % ё ин, ки 82 млн. долларро ташкил додааст.

Дар содирот бошад, мавқеи асосиро алюминий ва маҳсулоти он– 24 % ё ин, ки 234 миллион доллар, пахта – 14 % ё ин, ки 132 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот – 4 % ё ин, ки 37 миллион долларро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 мамлакати дунё муомилоти тиҷоратӣ анҷом додааст.

Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Швейтсария – 27 %, Туркия – 26 %, Қазоқистон – 18 %, Эрон – 7 %, Россия –6 %, Афғонистон – 5 % Чин - 4 % ва Покистон – 2 %, марбут буда, воридоти асосии мол ба кишварҳои Руссия – 28 %, Чин – 17%, Қазоқистон – 13%, Швейтсария - 5 % , Литва – 5 %, Эрон – 4%, Туркия – 3,4 %, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - 3 %, Туркманистон 2,5% Аморати Муттаҳидаи Араб – 2 % ва Украина 2 % рост меояд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти молу воситаҳои нақлиёт дар соли 2014-ум ба андозаи андозаи 3 миллиарду 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014-ум Хадамоти гумрук ба Буҷети давлатӣ бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад 4 миллиарду 3,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукиро ворид намуд, ки ин нисбат ба нақшаи муайяншуда 203,9 миллион сомонӣ зиёд буда, 105,4%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Пардохтҳои гумрукии дар соли 2014 ситонидашуда нисбат ба иҷроиши воқеии ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 788,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Мутобиқи маълумоти фаврии мақомоти гумрук маблағи умумии воридоти молҳои имтиёзноке, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст, дар соли 2014-ум тақрибан маблағи 3 миллиарду 55 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин қариб ба 67 фоизи ҳаҷми умумии воридот баробар мебошад.

Маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодкардашуда, дар давраи ҳисоботӣ тақрибан 1 миллиарду 917 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории тобеъи Хадамот дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти гумрук 5356 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст. Аз онҳо, 47 тояш ҷиноят буда, 17 ҳолат ба қочоқи маводи нашъаовар, 3 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳо рост меояд.

Аз гардиши ғайриқонунӣ 113 килограму 274 грамм моддаҳои нашъаовар гирифта шуд. Аз ин миқдор 44 килограмму 911 граммро героин, 46 килограмму 296 граммро афюн, 21 килограмму 764 граммро гашиш ва 303 грамро бангдона ташкил медиҳад. Инчунин, 1325 дона ҳаби психотропии экстозӣ боздошт карда шуд.

Дар натиҷаи баррасии 5309 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 5128 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 65 миллиону 956 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда, ба маблағи 137 713 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.

Маблағи умумии ҷаримаҳо, молҳои мусодирашуда ва пардохтҳои гумрукии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 74 миллион сомониро ташкил менамояд.

Инчунин, мутобиқи моддаи 435 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт маблағи 5 миллиону 439 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.

Бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, ба миқдори зиёд воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ошкор карда шуд.

Дар ин давра, 655 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ аз қабили, маснуоти заргарӣ 6 ҳолат, маҳсулоти спиртӣ 140 ҳолат, маҳсулоти тамоку 72 ҳолат, сӯзишворӣ 196 ҳолат ва дигар молҳои зераксизӣ 241 ҳолат ошкор карда шуд.

Бо мақсади беҳдошти шароити моддию маишии кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси Сардори Хадамот барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии бинои истиқоматии 9 ошёна тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Айни замон, дар бинои мазкур корҳои сохтмонию баистифодадиҳии иншоот ба анҷом расида, бино аз тарафи Комиссияи давлатӣ қабул гардид ва 56 хонаи истиқоматӣ дар рӯзҳои наздик мавриди истифодабарии кормандон қарор дода мешаванд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумрук 191 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, ҳамаи масъалаҳои арзшуда тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Хадамоти гумрук дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фаъолияти ҳифзиҳуқуқӣ ва идораи таваккал лоиҳаи Меморандум байни хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва татбиқи системаи идоракунии таваккал ва лоиҳаи Протокол дар бораи ҳамкории хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқӣ ба имзо расонида шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2014, №542 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба тасвиб расид. Созишномаи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар самти мубодилаи иттилоот, табодули таҷриба ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ ва самаранокии фаъолияти гумрукӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Бо мақсади ба роҳ мондани мубодилаи иттилоот дар заминаи Созишномаи мазкур моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби мутахассисони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд имкониятҳои Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи мақомоти гумрук мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҷиҳати ба амал баровардани мубодилаи маълумот оид ба тиҷорати хориҷӣ барномаи махсус тарҳрезӣ карда шуд ва дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар серверҳои тестии ҷонибҳо ҷойгир карда шуд.

Дар баробари ин, Лоиҳаи Протокол оид ба мубодилаи иттилоот таҳия ва бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мувофиқа карда шуда, дар марҳилаи баимзорасӣ қарор дорад.

Инчунин, лоиҳаи Созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ таҳия карда шуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Маъмурияти СИАЯ ва Раёсати таҳлил ва омори гумрукиро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила оид ба мубодилаи иттилоот ва дигар самтҳои фаъолият дар заминаи Созишномаҳои баимзорасида чораҷӯӣ намоянд.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Донишкадаи такмили ихтисос сохта ба истифода дода шуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти гумрук заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Инчунин, соли равон 8 адад воситаҳои нақлиёт дар доираи Барномаҳои гуногун ба таври ройгон аз ҷониби шарикони рушд ба мақомоти гумрук тақдим карда шуд.

Аввали моҳи октябри соли равон Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ҳангоми сафари кориаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз Донишкадаи такмили ихтисос ва дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён дидан кард. Ӯ аз вазъи Донишкада изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Зимни сафари мазкур масъалаҳои рушди муносибатҳо, расонидани кӯмаки техникӣ ва молиявӣ ба мақомоти гумрук ва масъалаҳои таълиму бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҳисоби маблағҳои Бонки Осиёгии Рушд ва ва дар доираи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди шаҳри Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон сохтмони бинои замонавии Дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ” ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади рушди иқтидори гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва соддагардонии расмиёти савдо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар асоси Созишномаи грантии миёни Бонки Осиёгии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасида, татбиқи амалии Лоиҳаи минтақавӣ оид ба такмили хадамоти наздисарҳадӣ оғоз гардид, ки сохтмон, азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти Дидбонгоҳи гумрукии “Гулистон” ва такмили минбаъдаи Системаи Равзанаи ягонаи миллиро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин, Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи мазкур якҷоя бо Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Раёсати молиявию хоҷагӣ, Маъмурияти СИАЯ ва КВД “Равзанаи ягона” ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва самараноки чорабиниҳои дар доираи Лоиҳаи мазкур пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади таъмини шаффофият ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва ба роҳ мондани декларатсиякунонии электронии молу воситаҳои нақлиёт тавассути Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона, тибқи фармоиши Сардори Хадамоти гумрук барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 226 384 амалиёту расмиёти гумрукӣ тавассути Системаи мазкур аз коркарди электронӣ гузаштанд, ки аз ин 9165 ҳолат ба содирот, 89 508 ҳолат ба воридот,3508 ҳолат ба транзити байналмиллалӣ, 68570 ҳолат ба транзити дохилии гумрукӣ ва 55633 ҳолат ба расмиёти вуруду хурӯҷи воситаҳои нақлиёт рост меояд.

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди тиҷорати хориҷӣ, соли гузашта аз ҷониби Хадамот дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор як қатор чорабиниҳо дар самти татбиқи принсипи “Истгоҳи ягона” ва Системаи Равзанаи ягона таҳия ва татбиқ карда шуд.

Аз ҷумла, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилии наздисарҳадӣ, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипи “Истгоҳи ягона” таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июли соли 2014 ба имзо расид.

Дар давоми нимсолаи дуюми соли 2014 аз тарафи Хадамот барои мавриди амал қарор додани муқаррароти қарори мазкур як қатор тадбирҳо амалӣ карда шуд. Айни замон, расмиёти соддагардонидашуда дар ҳамаи гузаргоҳҳои автомобилии наздисарҳадӣ тибқи принсипи “Истгоҳи ягона” ба роҳ монда шуда, имконият медиҳад, ки назорати молу воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар асоси технологияҳои нав ва мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба амал бароварда шавад.

Хадамоти гумрук дар доираи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмакҳои моддӣ ва хайрия ба оилаҳои бесаробонмонда, собиқадорони мақомоти гумрук, хона-интернатҳо, пиронсолону маъюбон, ятимон ва муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар доираи ин чорабиниҳо дар арафаи ҷашнҳо ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба маблағи умумии 29818 сомонӣ маводи хӯрока, аз ҷумлаи равғани растанӣ, орд, шакар, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт кӯмаки хайриявӣ расонида шуд. Таъмиру азнавсозии маҷмааи варзишию табобатии мактаб-интернати мазкур бо масрафи 98000 сомонӣ ба анҷом расонида шуда, ба маблағи 6800 сомонӣ генератори барқӣ харидорӣ карда шуд. Ба мактаб-интернати №2 ба маблағи 4200 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

 

ШАРИКОН