ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  72
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  336
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1857
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1747
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4343
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6916
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта40381
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2167606

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Фаъолияти Гумрук дар се моҳи аввали соли 2015

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 фаъолияти худро мутобиқи амру фармон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.


Мутобиқи маълумоти фаврии омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба маблағи 965,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 121,4 млн. доллар кам буда, 88,8%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 751,8 млн. доллар ба воридот ва 213,9 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот 146,1 млн. доллар коҳиш ёфта, 83,7%-ро ташкил додааст, содирот бошад ба маблағи 24,7 млн. доллар зиёд гардида 113,1% афзоиш ёфтааст.

 

Ба дӯши давлатҳои хориҷаи дур 490,6 млн. доллар ё 50,8% маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 47,5млн. доллар ё 8,8% кам гардидааст. Содирот ба маблағи 25 млн. доллар зиёд ва воридот ба маблағи 72,5 млн. доллар кам гардида, мутаносибан ба 160,2 млн. доллар ва 330,4 млн. долларро ташкил намудаанд.

 

Дар содирот вазни қиёсии асосиро молҳои зерин ташкил медиҳанд:
- алюминии аввалия – 21,1% ё ин, ки 45,2 млн. доллар;
- нахи пахта – 17,7% ё ин, ки 37,8 млн. доллар;
- маҳсулоти меваю сабзавот – 1,9% ё ин, ки 4,1 млн. доллар;


Дар воридот бошад, мавқеи асосиро молҳои зерин ишғол менамоянд:
- маҳсулоти нафтӣ – 14,6% ё ин, ки 109,5 млн. доллар;
- гази моеъ 5,2 % ё ин, ки 39,1 млн. долл;
- воситаҳои нақлиёти сабукрав – 3,7% ё ин ки 27,9 млн. доллар;
- оксиди алюминӣ (глинозем)- 2,7% ё ин, ки 20,5 млн. доллар;
- гандум -6,6% ё ин, ки 49,8 млн. доллар;
- равғани растанӣ – 2,2% ё ин, ки 16,6 млн. доллар;
- шакар – 2,1% ё ин, ки 16 млн. доллар;
- орд – 1,8%; ё ин, ки 13,5 млн. доллар;
- семент – 0,6% ё ин ки 4,8 млн. доллар;
- нуриҳои минералӣ –0,5% ё ин ки 3,8 млн. доллар.

 

Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 475,1 млн. доллар ё 49,2% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 73,9 млн. доллар ё 13,5% кам гардидааст. Аз ин маблағ 53,7 млн. доллар ба содирот ва 421,4 млн. доллар ба воридот мансуб аст.


Дар умум ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Швейтсария 30,1%,Туркия 25,4%, Қазоқистон 16,1%, Эрон 7,2%, Россия 7,1%, Афғонистон 3% ва Чин 1,8%, марбут мебошад.

 

Воридоти асосии мол ба мамлакатҳои Руссия 33,4%, Қазоқистон- 16,7%, Чин 11%, Швейтсария 5,3%, Эрон 5,1%, Туркия 4%, Литва 3,2%, Афғонистон 2,6% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,9% рост меояд.

 

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар семоҳаи аввали соли 2015 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 950,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

 

Хадамоти гумрук дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 720,7 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид намуд, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар натиҷаи омӯзиши маълумоти мавҷуда дар маҷмӯъ 219 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва 4970 ҳолати наситонидани фонди роҳ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 10 миллиону 43 ҳазору 209 сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуда, аз ин нишондод 5 миллиону 942 ҳазору 743 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

 

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани таҳлилу муқоисаҳо ҷиҳати муайян кардани арзиши гумрукӣ ва пурра декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиёт, ба хазинаи давлат иловатан 20 миллиону 11 ҳазору 141 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид карда шуд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории тобеъи Хадамот дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.

 

Дар ин давра, аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1 379 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст. Дар натиҷаи баррасии 1371 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 1205 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 17 миллиону 462 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 912 ҳазору 723 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 98 108 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.

 

Мутобиқи моддаи 435 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт маблағи 908 ҳазору 746 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.

 

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ зиёда аз 85 рейдҳои алоҳида ва рейдҳои муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд. Дар натиҷа, воридоти ғайриқонунии ангишт – 376.720 кг, нуриҳои минералӣ – 287.150 кг, семент – 717.250 кг, маҳсулоти қаннодӣ – 3117 кг, лампаҳои тафсон – 2840 адад, меваи тар – 24.150 кг, доруворӣ – 21508 дона, матоъ – 15.785 метр, чорвои зинда – 13 сар, маводи хӯрока– 100.010 кг, меваҳои хушк – 6397 кг, атриёт ва парфюмерия – 4639дона, молҳои маишӣ – 159.781дона, гулҳои тар – 8500 дона, либоса – 2884 дона ва оҳаксанг – 34.500кг ошкор карда шуд.

 

Бо мақсади пешгирии вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ 31 маротиба амалиёти гумрукӣ гузаронида шуда, 23 ҳолати вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ошкор карда шуд.

 

Соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ба шумор рафта, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқию иқтисодӣ ва молиявӣ ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз тарафи Хадамоти гумрук тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ), ки давоми солҳои охир дар мақомоти гумрук амал карда истодааст, инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии махзани маълумот ва таъминоти барномавӣ таъмин менамояд.

 

Барномаи ҷорӣ намудани системаи «Равзанаи ягона» ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти соддагардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии расмиёти маъмурӣ дар тиҷорати хориҷӣ муайян намуда, ба амал баровардани онро бо роҳи ҷорӣ намудани системаи электронии коркард ва интиқоли иттилоот байни мақомоти манфиатдори давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар назар дорад.

 

Нуқтаҳои умумие, ки дар раванди иҷрои расмиёти додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва сертификатҳо бо алоқаи интернетӣ тариқи Системаи иттилоотии Равзанаи ягона таъмин карда мешавад, бо назардошти ҳамаи намояндагиҳои мақомот ва ташкилотҳои зикргардида дар шаҳри Душанбе, Турсунзода, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ВМКБ 51 ададро ташкил медиҳад.

 

Дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ аз ҷониби кормандони КВД “Маркази Равзанаи ягона” компютерҳои ба мақомоту идораҳо ҷудокардашуда, ба Системаи иттилоотии Равзанаи ягона пайваст карда шуданд.

 

Боиси қайд аст, ки ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон, ки аз Созишномаи молиявии миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷорӣ намудани Системаи Равзанаи ягона аз 12 апрели соли 2011 бармеоянд, асосан амалӣ карда шудаанд.

 

Хадамоти гумрук минбаъд низ, фаъолияти худро тибқи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида, бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, тақвияти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва дигар вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда, тадбирҳои иловагӣ меандешад.

ШАРИКОН