ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  72
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  384
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  336
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1857
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1747
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4343
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз6920
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта40385
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2167610

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Нишасти матбуотии Хадамот

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имруз дар толори Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамот, муовинон ва сардорони раёсатҳо нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир гардид. Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2015 баланд бардоштани сатҳи ҷаъмоварии пардохтҳои гумрукӣ, назорати самаранок аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзур намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, назорати баъди барасмиятдарории гумрукию аудитӣ ва ба низом даровардани интизоми меҳнатии кормандонро самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти хизматӣ интихоб намуда буд ва оиди дастовардҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Сардори Хадамот генерал лейтенант Абдуфаттоҳи Ғоиб ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оиди фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

 

 

Натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи аввали соли 2015


ш. Душанбе 14 июли соли 2015

 

Мутобиқи маълумоти фаврии омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 ба маблағи 2 миллиарду 5,1 миллион амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 563,4 млн. доллар кам гардида, 78,1%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 1 миллиарду 574,8 миллион доллар ба воридот ва 430,3 млн. доллар ба содирот рост меояд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот ба маблағи 526,5 млн. доллар, ё 25,1% кам гардида, содирот низ, ба маблағи 36,9 млн. доллар, ё 7,9% кам гардидааст.

 

Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 981,8 млн. доллар ё 49% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 154 млн. доллар ё 13,6% кам гардидааст. Аз ин маблағ 116,1 млн. доллар ба содирот ва 865,7 млн. доллар ба воридот мансуб аст.

 

Дар умум ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 27,8%, Швейтсария 21,5%, Қазоқистон 18,5%, Эрон 7,1%, Россия 6,6%, Афғонистон 4,2% ва Покистон 3,2%, марбут мебошад. Воридоти асосии мол аз мамлакатҳои Россия 31,6%, Чин 17,1%, Қазоқистон- 16,8%, Эрон 4,2%, Туркия 4%, Туркменистон 3,5%, Литва 2,8%, Швейтсария 2,6%, Покистон 1,7% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,6% ташкил медиҳад.

 

Омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба гардиши тиҷорати хориҷӣ, дар давраи соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 нишон медиҳанд, ки фазои фаъолияти соҳибкории кишвар раванди ноустуворро ба худ касб намудааст. Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба воридот ва фурӯши молу воситаҳои нақлиёт машғуланд, бинобар баланд будани гаронии андозҳо ва зуҳур ёфтани як қатор монеаҳои сунъӣ нисбати транзити молу воситаҳои нақлиёт дар давлатҳои ҳамсоя, фаъолияти худро ба дигар самтҳои соҳибкорӣ, яъне соҳибкории истеҳсолӣ равона намуда истодаанд.

 

Рушди истеҳсоли молҳои ватанӣ, воридоти баъзе намуди молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш додааст, ки чунин ҳолат барои афзоиши андозҳои дохилӣ шароити мусоид ва заминаҳои навро фароҳам меоваранд.

 

Дар вобастагӣ ба масъалаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон якчанд омилҳои ба тиҷорати хориҷӣ таъсирбахши манфӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ба сатҳи иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бетаъсир намонданд.

 

Чунончи:

-таъсири таҳримоти ғарб ба иқтисодиёти Федератсияи Россия, ки ба иқтисодиёти кишвари мо низ бетаъсир намонда, ба тиҷорати хориҷӣ ва умуман, иқтисодиёти кишвар, таъсири худро расонид.

-ноустувории қурби асъори миллӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ тиҷорати хориҷии кишварро халалдор намуда истодааст;

-мушкилиҳо дар самти транзити мол ва сиёсати тарифии хизматрасониҳои роҳи оҳани баъзе аз кишварҳои ҳамҷавор ва дар ин замина тағйир ёфтани самти ҳаракати мол ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ;

-омили дигари таъсиррасони беруна, ин тағйир додани сиёсати андозию гумрукии кишварҳои ҳамсоя буда, мустақиман ба тиҷорати хориҷии мо таъсир мерасонад. Дар маҷмӯъ, шафоф будани сарҳади гумрукӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбатан паст будани меъёри андозҳои амалкунандаи ин кишвар ва сиёсати тарифии роҳи оҳани Узбекистон ба тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида, равандҳои номатлуби иқтисодиро зиёд гардонидааст;

-мавсимӣ будани интиқоли молҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ғайраҳо. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 воридоти мол тавассути воситаҳои нақлиёти бордор ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

 

Дар нимсолаи аввали соли 2015 ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 33 108 адад қатораи роҳи оҳан ва 18 564 адад автомобилҳои боркаш мол ва воситаҳои нақлиёт ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014 мутаносибан 5701 адад қатораи роҳи оҳан ва 4 837 адад воситаи нақлиёти боркаш кам мебошад.

 

Инчунин, аз маблағи умумии гардиши молҳои воридотӣ, ки мебоист мавриди андозбандӣ қарор дода шавад 1197 млн. доллари ИМА, ё 76,0% воридоти молҳое мебошанд, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз супоридани боҷи гумрукӣ ва андозҳо пурра ё қисман озод мебошанд.

 

Дар нимсолаи аввали соли 2015 маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодкардашуда, 861,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, ба маблағи 136,7 млн сомонӣ кам мебошад (дар нимсолаи аввали соли 2014 маблағи умумии имтиёзҳои тарифию андозии дар асоси қонунҳои амалкунанда истифодашуда 997,8 млн. сомониро ташкил намуда буд).

 

Таҳлилу муқоисаҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ба ҷумҳурӣ 282,8 ҳазор тонна ва бо арзиши гумрукии 187,8 млн.доллари ИМА маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,63 ҳазор тонна ё бо арзиши 81,6 млн.доллари ИМА кам мебошад. Танҳо аз ҳамин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳурӣ тақрибан 80 млн.сомонӣ ҳамчун пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид.

 

Илова бар ин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти орд ба миқдори 16,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 7,2 млн доллар, нуриҳои минералӣ ба миқдори 3,1 ҳазор тонна ё ба маблағи 3,2 млн доллар,чӯбу тахта ба миқдори 101 ҳазор м3 ё ба маблағи 12,9 млн доллар, семент ба миқдори 227,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 23,6 млн доллар, воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 15,1 ҳазор адад ё ба маблағи 70,6 млн доллар ва ғайра, коҳиш ёфтааст, ки аз ин ҳисоб тақрибан 220-225 млн.сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети мамлакат ворид нагардид.

 

Танҳо аз ҳисоби таъсири омилҳои дар боло дарҷгардида ва кам ворид гардидани молу воситаҳои нақлиёт тақрибан 320-330 млн.сомонӣ ба Буҷети давлат ворид нагардид. Равандҳои зикршуда ба таъмини нақшаи пардохтҳои гумрукӣ низ, бетаъсир намонданд. Новобаста аз ин, Хадамоти гумрук ҷиҳати дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, омилҳои ташаккулдиҳандаи тиҷорати хориҷиро пайваста мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, як қатор чораҳои маъмуригардонии заруриро дар самтҳои дуруст ва тибқи талаботи қонунгузорӣ декларатсия намудани арзиши гумрукӣ ва фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ андешида истодааст.

 

Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2015 ба Буҷети давлатӣ 1 миллиарду 646,5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид намуд, ки 81,5%-и нақшаро ташкил медиҳад.

 

Аз ҷумла, воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 1 миллиарду 324,5 млн. сомонӣ ё 85,1% -и нақша (нақша 1 миллиарду 555,9 млн сомонӣ) – 231,4 млн. сомонӣ кам мебошад.

 

Боҷи гумрукӣ ба маблағи 198,2 млн. сомонӣ ё ба андозаи 64,4%-и нақша (нақша 308,0 млн сомонӣ) – 109,7 млн. сомонӣ кам мебошад.

 

Андози аксизӣ ба маблағи 95,0 млн. сомонӣ ё ба андозаи 76,6%-и нақша (нақша 124,1 млн сомонӣ) – 29,0 млн. сомонӣ кам мебошад.

 

Воридоти ғайриандозӣ ба маблағи 25,7 млн. сомонӣ ё ба андозаи 76,9% -и накша (нақша 33,4 млн. сомонӣ) – 7,7 млн. сомонӣ кам мебошад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2 818 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст.

 

Дар натиҷаи баррасии 2802 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 2632 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 23 миллиону 538 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 2 миллиону 67 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 156 744 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.

 

Мутобиқи моддаи 435 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба маблағи 2 миллиону 642 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.

 

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ рейдҳои алоҳида ва муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд. Дар натиҷа, воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ 6200 адад, ангиштсанг 1561 тонна, нуриҳои минералӣ – 1024 тонна, семент – 1044 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 9294 кг, лампаҳои тафсон – 42650 адад, меваи тар – 25933 кг, доруворӣ – 32867 дона, матоъ – 15.785 метр, чорвои зинда – 13 сар, маводи хӯрока– 350 тонна ва ғайраҳо ошкор карда шуда, ба маблағи 504,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 1603 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷаи давлат ситонида шуд.

 

Дар ин давра, 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ -маснуоти заргарӣ 11 ҳолат, маҳсулоти спиртӣ 61 ҳолат, маҳсулоти тамоку 41 ҳолат, сӯзишворӣ 130 ҳолат ва дигар молҳои зераксизӣ 91 ҳолат ошкор карда шуд.

 

Маркази матбуотии Хадамот

ШАРИКОН