ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7729
mod_vvisit_counterДирӯз7282
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта20638
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3344796

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Китоби рӯйимизии гумрукчиён

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Китоби рӯйимизии гумрукчиён» таҳия гардид, ки нашри якуми онро Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» ба теъдоди 500 нусха аз чоп баровард.

Китоби рӯйимизии гумрукчиён асосҳои фаъолияти гумрукиро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бар гирифта, ҳамчун дастур барои фаъолияти ҳамарӯзаи гумрукчиён ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳод мешавад.

Китоби мазкур бо суханони Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад:

«Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар як давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад».

Мутахассиси ҳақиқӣ бояд ҳамаи нозукиҳои касбаш ва одоби муоширатро донад, ахлоқи хуб ва ҷаҳонбинии васеъ дошта, дорои маърифати ҳуқуқии баланд бошад. Аз ин лиҳоз, корманди мақомоти гумрукро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ рисолати касбии худро адо намуда, бо меҳнати софдилона дар пешрафти устуворонаи кишвар ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ҳиссагузор бошад ва бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, саҳми арзанда гузорад».

Муҳаррири илмии китоби мазкур Раҷабов Раҷаб Кӯчакович доктори илмҳои иқтисод, профессор, аълочии хадамоти гумрук буда, мураттиб, полковники хадамоти гумрук, аълочии хадамоти гумрук, сардори Шӯъбаи таҳлилию ҷамъбастии Раёсати ташкилию бозрасӣ, Ҳамроев Бӯрӣ Сарматович мебошад.

Китоби рӯйимизии гумрукчиён характери маълумотномавӣ ва илмию методӣ дошта, барои гумрукчиён ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ раҳнамои назариявӣ ва амалӣ мебошад ва барои истифодаи доираи васеи хонандагон, аз ҷумла мутахассисони соҳаи фаъолияти гумрукӣ, донишҷуёни макотиби олӣ ва тоҷирону соҳибкорон тавсия карда мешавад.

 

ШАРИКОН