ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  166
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  657
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  423
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  774
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  743
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  847
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  751
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3219
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз391
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5419
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1750234

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Қадрдонии Хуршед Каримзода аз бонувони Хадамоти гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, имрӯз 7- уми марти соли 2016 бонувони Хадамотро бо иди модарон табрику таҳният гуфт.

«Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад» - ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунад Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

 

 

Сипас ӯ пайёми табрикотии роҳбарияти Хадамоти гумрук генерал- лейтинанти адлия Абдуфатоҳи Ғоибро низ ба иштирокдорони ҷаласа қироат намуда, аз ҷумла афзуд:

- «Роҳбарият хамеша аз чунин занони фаъол, ки дар Хадамоти гумрук адои вазифа мекунанд, хеле ифтихор мекунанд. Ва онҳоро инъикоскунандаи симои зоҳирӣ ва ботинии давлату миллати азиз медонанд. Зан-Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамоянд».

Муовини аввали сардори Хадамоти гумрук ҳамчнуин қайд карданд, ки «Мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо дилу эҳсоси гарм пешвоз мегирем. Зан – модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.

 

 

Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, ваҳдатӣ миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Мафҳуми сулҳ барои мо – тоҷикон маънии махсус касб намудааст ва дар бораи аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, миллӣ ва фарҳангии он бисёр сухан рондан мумкин аст. Ҳамаи занону модарони ҷумҳуриро бо иди пуршукӯҳи рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуда, барои онҳо беҳтарин барору неъматҳои зиндагиро таманно кард:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар

Дар охир тӯҳфаҳои хотираӣ ва маблағҳои пулӣ ба бонувон аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук бо тантана тақдим гардиданд.

 

ШАРИКОН