ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  406
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  837
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  548
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  421
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  734
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  718
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  787
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3538
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3301
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
26
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3263
mod_vvisit_counterДирӯз4384
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34923
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2761358

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода: Паём – раҳнамои миллат

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар доираи «Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баргузор гардид.

Вохӯриро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, хулосаю дастурҳои дар Паём омадаро шаҳр дод.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин, роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст.

 

 

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб маравад ва ҷомеаро бо кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

 

 

Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро мураттабу матраҳ сохта, ҳолати кунунӣ ва фардоро бо дарназардошти раванди амал бо пуррагӣ дар бар гирифтааст.

Дар ин раванд Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисистон бо назардошти вазифаҳои муҳиму масъулиятнок, ҷиҳати тақвиятбахшии рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани сиёсати гумрукӣ фаъолияти ҳамарӯзаашро ба роҳ мондааст. Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дар навбати худ аз ҷумла иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки бобати андешидани тадбирҳои судманд дар самти боло бурдани бахши иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва ифротгароии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳо ва тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.

 

 

Иҷрои босифат ва саривақтии нуктаву хулосаҳо ва дастуру супоришҳои Паёми Сарвари давлатро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва малакаву таҷрибаамонро барои дар амал татбиқ гардидани ин дастури раҳнамо равона созем.

- Боварии комил дорем, ки дар сурати амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо боз ҳам ободу пешрафта гардида, сатҳи некӯаҳволии мардум аз ин ҳам боло меравад, зикр кард дар охир Шариф Рахимзода.

 

Маркази матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН