ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  84
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  121
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  465
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  441
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1901
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1777
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4382
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5041
mod_vvisit_counterДирӯз8115
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта63986
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2182425

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Элизабет Инга Миллард

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 16-уми майи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Элизабет Инга Миллард Сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва Роҳбари Шуъбаи ҳамкории низомии Сафорат Кевин Стид вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин Муовини якуми Сардор - Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Муовини сардор - Сайдализода Сӯҳроб Қурбон, Муовини сардор- Турсунзода Азим Ҳайдар, Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҷурабеков Эраҷ, Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед, Сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зайдуллоев Иззат ширкат варзиданд. Сухани ифтитоҳиро Сардори Хадамоти гумрук, Абдуфатоҳи Ғоиб оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки «мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар, соли 1991 таъсис дода шуд. Аз давраи таъсисёбӣ, мақомоти гумрук зина ба зина ташаккул ёфта, вазифаҳои асосии худ, аз ҷумла таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакатро иҷро менамояд».

 

 

Ба таъкиди Абдуфатоҳи Ғоиб - дар мақомоти гумрук, ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъол буда, ба самтҳои гуногуни фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст. Мақомоти гумрук аз даврони таъсисёбӣ то ба имрӯз аз ҳамкории судманд бо Ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар ҷодаи таҳкими фаъолияти гумрукӣ бархурдор мебошад. Дар тӯли ин ҳамкорӣ, аз ҷониби Ҳукумати ИМА, аз қабили таҷҳизоту воситаҳои сайёри таъмини назорати гумрукӣ, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтории объектҳои гумрукӣ ва тренингҳои омӯзишӣ ба мақомоти гумрук кӯмаки назаррас расонида шуд, ки ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.

 

 

Сардори Хадамоти гумрук, Абдуфатоҳи Ғоиб ба Сафир ва ба Ҳукумати ИМА барои ҳамкории самарабахш ва кӯмакҳои доимӣ ба мақомоти гумруки Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Инга Миллард ва Роҳбари Шуъбаи ҳамкории низомии Сафорат Кевин Стид, дар масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои гумрукӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо изҳори умедворӣ карданд. Ва таъкид бар он доштанд, ки рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида, дар ояндаи боз беҳтар ба роҳ монда хоҳанд шуд.

 

Маркази матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН