ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

16.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  118
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  44
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  297
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  341
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  711
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2598
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2389
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5123
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2449
mod_vvisit_counterДирӯз1983
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2449
mod_vvisit_counterДар ин моҳ73717
mod_vvisit_counterҲамарӯза2482463

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти интиқоли ғайриқонунии 630 килограмм шираи камол аз тарафи кормандони Хадамоти гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза ба зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи шираи камол бо вазни 630 килограмм ошкор ва пешгирӣ гардид.

Шаҳрванд Менглибоев Абдулвоҳид Ботирович соли таваллудаш 1975 бо ҳамроҳии шахси номаълум бо номи «Изаттулло», ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад моҳи апрели соли 2016 нақшаи ҷинояткоронаро барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол, яъне ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори калон таҳрезӣ намуда, маслиҳати пешакӣ менамоянд.

 

 

 

Минбаъд бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ таҳрезишуда Менглибоев А.Б. бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ «Содиқ» Содиқов Ҷумахон соли таваллудаш 1955 дар аввалҳои моҳи майи соли 2016 аз анбори охирин, воқеъ дар кӯчаи Маяковский-2 шаҳри Душанбе дар даҳ адад зарфҳои оҳанини ғунҷоишашон 30 кг, шираи камоли бадбуйро гирифта, ба воситаи шахсони номаълум ғайриқонунӣ ба ноҳияи Лахш бо мақсади минбаъд ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо таври қочоқ интиқол додан, равона менамоянд.

Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт таърихи 07 майи соли 2016 аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Мерседес Бенс Спринтер», рақами қайди давлатиаш S 97-70 АВ таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шералиев Абдулфато Абдуллаевич боздошт гардида, ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони автомашина 10 адад зарфҳои оҳанин (бочка) ғунҷоишашон 30 кг, ки дар дохилашон моеъи ғафси бадбуйи рангашон зардчатоб бо вазни умумии 300 кг мавҷуд буд, ёфта гирифта шуд.

 

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи шаҳри Душанбе аз анборҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Содиқ» тааллуқ ба Содиқов Ҷумахон воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов-6/1 500 қуттича бо навиштаҷоти «шираи камол», 500 қуттича бо навиштаҷоти «решаи ширинбия», ҷамъ 1000 қуттича ва аз кӯчаи Маяковский- шаҳри Душанбе 14 адад зарфҳои пластикии рангашон зарди ғунҷоишашон 20 кг, ки дар дохилашон моеъи ғафси бадбӯй мавҷуд буданд, ёфта гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки шахсони ҷиноятпеша маводи мазкурро аз кӯҳу саҳро ва талу теппаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намуда, бо ин амал ба табиати зебои кишвар зарари калон ворид намуда, бар замми он мехостанд, миқдори калони ҳосили ҷамъовардашударо тариқи пинҳонӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол дода, аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст биёранд.

Тавре, ки маълум аст, шираи камол барои тайёр намудани маводҳои фаъоли биологӣ истифода шуда, барои нигоҳ доштани табиати зебоманзари Тоҷикистон манфиати зиёд дорад. Зиёда аз ин растании камол асосан дар ҷойҳои регзор нашъунамо ёфта, баландии он то 3-метр инкишоф меёбад ва дар давоми 8-9 соли инкишофёбӣ танҳо як маротиба ҳосили онро гирифтан мумкин аст. Баъд аз гирифтани шираи он растании камол аз инкишоф бозмонда оқибат нобуд мегардад.

Мувофиқи хулосаи ташхиси Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои санаи 07 ва 08 майи соли 2016 ёфта гирифташуда, маводи хамирмонанди часпак, рангашон аз сафеди зардчатоб то сафеди хокӣ, бо бӯи хос ва бо омехтаи хасу гарду хошок шираи камоли бадбӯ мебошанд.

 

 

Вазни умумии маводи гирифташуда 630 килограммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба шахсони қонуншикан Менглибоев Абдулвоҳид, Содиқов Ҷумахон ва дигарон бо аломатҳои моддаи 234 1 қисми 2 бандҳои «б» ва «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.


Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШАРИКОН