ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз759
mod_vvisit_counterДирӯз5418
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22918
mod_vvisit_counterДар ин моҳ83109
mod_vvisit_counterҲамарӯза3369940

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Гумрук зодаи Истиқлол

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

«Гумрук зодаи истиқлол буда, нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст»,-гуфт Хуршед Каримзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хуршед Каримзода зикр кард, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи поёнро ба мерос гирифта буд ва маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як сохтори мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети давлат мубаддал гардида, имрӯз тавассути мақомоти гумрук сиёсати гумрукии давлат амалӣ карда мешавад. Таъкид шуд, ки алҳол Тоҷикистон бо зиёда аз сад кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Бо дахли узвияти кишварамон ба созмонҳои бонуфузи гумрукӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 узви Созмони умумиҷаҳонии гумрук буда, узвият ба ин созмони бонуфуз кишвари моро водор месозад, ки фаъолияти гумрукро бо назардошти принсипҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ роҳандозӣ намояд.

 

 

Ҳамзамон таъкид шуд, ки соли 2010 ҷиҳати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, (Конвенсияи Киото) аз 18 майи соли 1973, ки 26 июни соли 1999 дар шаҳри Брюссел дар таҳрири нав қабул гардидааст, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва пешниҳод гардида, он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 тасдиқ карда шуд. Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото дар самти бартараф намудани монеаҳои беруна дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишвар бо давлатҳои хориҷӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ ва беҳдошти фазои соҳибкорӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

 

Таъкид гардид, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ низоми иттилоотии мақомоти гумруки кишвар бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия гардида, паҳлуҳои мухталифи фаъолияти гумрукӣ, бахусус тамоми расмиёту низомҳои гумрукиро фарогир буда, ба талаботи муосири соҳаи гумрук ҷавобгӯст. Алҳол системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи мақомоти гумрук дар марҳилаи татбиқ қарор дошта, барои ҷилавгирӣ аз монеаҳои иловагии маъмурӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона» тасис дода шудааст, ки он имкон медиҳад ҳамгироии минбаъдаи низоми «Равзанаи ягона» бо низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи мақомоти гумрук таъмин гардад.

 

 

Дар конфронс Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории навини Тоҷикистон», Ҷамшед Абдуқодирзода- сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ оид ба масъалаҳои консептуалии рушди мақомоти гумруки кишвар, Мирзо Абдуллоев- муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук доир ба саҳми мақомотии гумрук дар муқовимат бо хатарҳои ҷаҳонӣ ибрози назар карданд.

Бояд тазаккур дод, ки конфронси мазкур ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти гумрук гузаронида шуда, ҳадафаш арзёбии паҳлӯҳои гуногуни рушди мақомоти гумруки кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

 

Дар конфронс дар радифи кормандони масъули Хадамоти гумрук, инчунин намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок намуда, дар мавзӯъҳои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия-омили муҳими паст намудани сатҳи коррупсия дар ҷумҳурӣ, пешгирии ҷиноятҳои мансабӣ дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташаккул ва рушди мақомоти гумрук, истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти гумрукӣ, Тоҷикистон дар роҳи муқовимат бо таҳдидҳои маводи нашъаовар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, такмили асосҳои ҳуқуқии байналмилалии фаъолияти гумрукӣ, амнияти озуқаворӣ ва проблемаҳои нуфуси аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди фаъолияти экспертӣ дар мақомоти гумрук, мубодилаи ахбор дар доираи ҳамкории байналмилалии мақомоти гумрук ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи гумрук дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин дар конференсияи мазкур масъалаҳо оид татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили пояҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, истифодаи технологияҳои нав дар фаъолияти гумрукӣ, экспертиза дар фаъолияти гумрукӣ, ташкили назорати гумрукӣ ва фаъолияти фискалии мақомоти гумрук, ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд.


Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН