ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3637
mod_vvisit_counterДирӯз6136
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта27707
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100001
mod_vvisit_counterҲамарӯза3183202

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи дастгоҳҳои барқтаъминкунанда

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

1 июли соли 2016 тахминан соати 01:30 дақиқа ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар роҳи автомобилгарди самти «Ҷаббор Расулов-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаҳои нақлиётии тамғаҳои «Зил» рақами қайди давлатиашон 0324DD 02 ва 0324DО 02 барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

 

 

 

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаҳои нақлиётии зикршуда ба миқдори 4-адад дастгоҳи барқтаъминкунандаи намуди «Трансформатор»-и тавоноияш 1000 кВАва 4 ададдастгоҳи барқтаъминкунандаи намуди «Трансформатор»-и тавоноияш 400 кВАмуайян карда шуд.

 

 

 

Ин миқдор мол ба шаҳрванд Р.Р., соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи н. Спитамен, тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

 

 

Мувофиқи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии ин миқдор молҳо 208 032,00 (дусаду ҳашт ҳазору сивуду) сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Р.Р., бо моддаи 289 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН