CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  84
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  121
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  465
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Events in customs

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  441
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1901
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1777
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4385
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

October 2017
22
Sunday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday5057
mod_vvisit_counterYesterday8115
mod_vvisit_counterThis week64002
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days2182441

 

 

 

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Moscow

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамот, муовинон ва сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук бо намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2016 ба намояндагони Воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони расонаҳои хабарӣ ба саволҳои худ оид ба фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

 

 

 

Натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2016

 

Вазъи тиҷорати хориҷӣ

Мувофиқи маълумоти омори гумрукии мақомоти гумрук, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нимсолаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ маблағи 1 млрд. 918,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1 млрд. 991,3 млн. доллари ИМА) баробар ба маблағи 72,9 млн. доллари ИМА кам буда, 96,3%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 1 млрд. 499,8 млн. доллари ИМА (соли гузашта 1 млрд. 575,1 млн. долл.) ба воридот ва 418,6 млн. доллари ИМА (соли гузашта 416,2 млн. долл.) ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 воридот 75,3 млн. доллари ИМА коҳиш ёфта 95,2% ва содирот бошад ба маблағи 2,5 млн. доллари ИМА зиёд гардида 100,6%-и гардиши молиро ташкил додааст.

Ба дӯши давлатҳои хориҷи дур 984,9 млн. доллари ИМА ё 51,3% аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (1 млрд. 9,5 млн. доллари ИМА) ба маблағи 24,6 млн. доллари ИМА ё 2,4% кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ, содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба давлатҳои хориҷи дур маблағи 286,4 млн. доллари ИМА ва воридот маблағи 698,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот ба маблағи 13,7 млн. доллари ИМА (соли 2015-300,0 млн. долл.) ва воридот ба маблағи 10,9 млн. доллари ИМА (соли 2015-709,5 млн. долл.) коҳиш ёфтааст.

Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил маблағи 933,5 млн. доллари ИМА ё 48,7% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 (981,8 млн. доллари ИМА) ба маблағи 48,3 млн. доллари ИМА ё 4,5% кам гардидааст. Аз ин маблағ, 132,2 млн. доллари ИМА ба содирот ва 801,2 млн. доллари ИМА ба амалиёти воридотӣ рост меояд.

Дар амалиёти содиротӣ вазни қиёсии асосиро алюминийи аввалия, маъдани оҳан ва консентрат, фулузот ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва маҳсулоти меваю сабзавот ташкил медиҳанд:

Воридоти асосии мол аз рӯи нишондоди фоизӣ ба мамлакатҳои Россия 31,5%, Чин 30,9%, Қазоқистон 15,1%, Туркия 3,7%, Туркманистон 3,6%, Эрон 2,2%, Покистон 1,4%, Ӯзбекистон 1,2% ва АМА 0,6%, рост меояд.

Дар амалиёти воридотӣ бошад, мавқеи асосиро таҷҳизоти технологӣ, таҷҳизоти барқӣ, оҳан ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ гандум, оксиди алюминий (глинозем), гази моеъ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, маҳсулоти пластикӣ, нуриҳои минералӣ, шакар, орд ва гӯшти парранда ишғол менамоянд:

 

Фаъолият дар самти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ

Дар давраи нимсолаи аввали соли 2016 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба андозаи 1956,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 1502,3 млн. сомонӣ, боҷи гумрукӣ 298,8 млн. сомонӣ, андози аксизӣ 118,4 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби воридотҳои ғайриандозӣ 37,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 1 696,1 млн. сомонӣ бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад ворид карда шуд, ки ин ба 86,7 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 бе дарназардошти 30 фоизи хироҷи гумрукӣ, маблағи 1 687,9 млн. сомонӣ ё ин, ки 86,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд.

Таҳлил ва муқоисаи маълумоти омории мақомоти гумрук дар самти гардиши тиҷорати хориҷӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 нишон дод, ки сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ин коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, махсусан коҳишёбии воридоти моли андозбандишаванда, мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ воридоти қатораҳо ба миқлори 2199 адад ва воситаҳои нақлиёти автомобилии бордор ба миқдори 4384 адад сурат гирифтааст.

Таҳлил нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ, танҳо аз ҳисоби коҳишёбии арзиш ва миқдори 20 номгӯи молҳои воридотӣ, ба ҳисоби миёна 377,3 млн сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида нашуд.

Аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, ки дар баробари коҳиш ёфтани ҳаҷм ва арзиши моли воридотӣ, боз як қатор омилҳои дигари вобаста ба хурӯҷи буҳрони молиявии иқтисодӣ, ки фарогири фазои иқтисодии баъзе аз давлатҳо мебошад, ба иҷро нагардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфии худро расониданд.

Инчунин, дар нимсолаи аввали соли 2016 имтиёзҳои гумрукию андозии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, 67 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуд. Яъне, дар ин давра, аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёти дар низоми гумрукии «иҷозат барои муомилоти озод» воридшуда танҳо 33 фоизи он (413,1 млн. доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳои ба тариқи имтиёзнок ба расмияти гумрукӣ даровардашуда 843,2 млн. доллари амрикоиро ташкил намудааст.

Умуман, аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, моли пурра аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод ба маблағи 148,3 млн. доллари амрикоӣ ё ба андозаи 67,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҳисоби афзоиш ёфтани тадбиқи имтиёзҳои тарифӣ, ба буҷет ба маблағи зиёда аз 311,0 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид.

Тазаккур бояд дод, ки нақшаи пешбинишуда бо дарназардошти қурби миёнаи солонаи доллари амрикоӣ мубодили 6,96 сомонӣ барои соли 2016 муқаррар гардида буд. Вале, ин нишондод дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 1 доллари амрикоӣ 7,78 сомониро ташкил намуд. Гарчанде, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби беқурбшавии асъори миллӣ ба ҳисоби миёна зиёда аз 198,9 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет ворид гардида бошад ҳам, аз коҳиш ёфтани воридоти мол, зиёд татбиқ гардидани имтиёзҳои тарифӣ, инчунин омилҳои дигари дар боло қайдгардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ба қадри 489,4 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ карда нашуд.

Чунин ҳолат мушкилотро дар самти низоми андозбандии мавҷудаи кишвар, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳо ва кам ворид шудани пардохтҳои гумрукӣ ба қисми даромади Буҷети давлатӣ, ба миён овардааст, ки ин масъулини мақомоти гумрукро водор намуд, ки барои боз ҳам пурзӯр намудани назорати гумрукӣ аз рӯи молҳои интиқолёбанда бо истифодаи фишангҳои ҳуқуқӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Маҳз натиҷаи чораҳои андешида буд, ки новобаста аз 30,0 фоиз коҳиш ёфтани воридоти молҳои андозбандишаванда, нисбатан зиёд шудани тадбиқи имтиёзҳои тарифию гумрукӣ ба андозаи 67,4 фоиз ва ба андозаи 4,2 фоиз афзоиш ёфтани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар нимсолаи аввали соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта фарқияти пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда ба қадри 49,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 1027 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 41 905,4 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд

 

Фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ

Дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, 2704 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки 22 ададаш ҷиноят буда, аз он 13 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 2 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 5 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук, 2 ҳолат ба ҷиноятҳои дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ошкоршуда, марбут мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ду ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба миқдори умумии 10 кг 226 гр маводи нашъаовари навъи "ҳашиш" мусодира карда шуд.

Дар натиҷаи баррасии 2682 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 2449 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 2967,8 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 4068,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 495,4 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ба маблағи 4475,0 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд. Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа воридоти ғайриқонунии ангишт ба миқдори 2644,0 тн, нуриҳои минералӣ 706,0 тн, семент 419,5 тн, маҳсулоти қаннодӣ 21,0 тн, лампаҳои тафсон 173670 адад, орд 871,1 тн, меваи тар 47,5 тн, доруворӣ 10160 дона, матоъ 13515 метр, меваҳои хушк 33,7 тн, атриёт 1214 кг, гулҳои тар 6890 дона, либоса 17875 кг, хӯроки парранда 39,0 тн ва ғайраҳо, ошкор карда шуданд.

 

Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Partnerships