ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  397
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  411
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  356
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Аҳмад Рашод Пупал

28.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  18
Имрӯз, 28 - уми июни соли 2017 дар Хадамоти гумруки...
Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  167
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1657
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2250
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3947
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6185
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
28
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5054
mod_vvisit_counterДирӯз6702
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18928
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1387740

ВОКУНИШ БА ҲАФТАНОМАИ «СССР»

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи Ҷ.Ҳусейнова “Чанд қадам ба пешу чанде ба қафо?”, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шумораҳои 32 ва 33-юми ҳафтаномаи «СССР» ба нашр расидааст, ба суроғаи ин нашрия ба таври расмӣ ҷавоб ирсол намуда, дар баробари ин, ҷавоби мазкурро айнан дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук нашр менамояд.

 

Мутобиқи моддаи 460-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Муаллиф бехабар аз муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нашри мақолааш бар хилофи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма,” амал намудааст.

Тибқи муқаррароти сархати шашуми моддаи 29-и Қонуни мазкур рӯзноманигор уҳдадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро эҳтиром кунад. Вале Ҷ. Ҳусейнова муқаррароти сархати дуюми ҳамин моддаро риоя накарда, бе муайян намудани саҳеҳияти маълумоти гирифтааш, ба масъалаҳои фаъолияти мақомоти гумрук ва ба шахсияти роҳбарияти Хадамоти гумрук дахолат намудааст.

Пеш аз мавзӯи мақола “Ба озмуни Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ” навишта шудааст.

Тибқи муқаррароти озмуни аз ҷониби Хадамоти гумрук эълонгардида, нашри мақолаҳо ва гузоришҳои радиою телевизион дар сайти расмии Хадамоти гумрук http://customs.tj/ ва маҷаллаи «Гумрук» пешбинӣ гардидааст. Вале мақолаи мазкур дар ҳафтаномаи “СССР” нашр гардида, қисми аввали мақола дар шумораи 32-юми ҳафтанома, асосан дар асоси маълумотномаи дар нишастҳои матбуотии Хадамоти гумрук пешниҳодгардида, таҳия шудааст.

Аз мақола хулоса баровардан мумкин аст, ки он бе далелҳои асоснок, аз рӯи овозаҳо, бо ғараз ва супориши шахсони манфиатҷӯ рӯи чоп омадааст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки мақола «1 соли Абдуфатоҳи Ғоиб» номгузорӣ шуда, сухан аз фаъолияти нимсолаи мақомоти гумрук оғоз шудааст. Дар хотимаи мақола бошад ибораи «…роҳбарияти нави Кумитаи гумрук…» дарҷ шудааст, ҳол он, ки мувофиқи номи мақола, сухан дар бораи 1 соли фаъолияти мақомоти гумрук ва роҳбарияти ҳозираи он меравад. Дар сархати 2-юм ва 3-юми мақола бошад, як матлаб ду маротиба такрор шудааст.

Инчунин, ҳаминро бояд қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии Ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 ноябри соли 2006, №9 мақомоти гумрук ҳамчун Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст, на ин ки «Кумита» чи тавре, ки рӯзноманигор дар мақолааш қайд намудааст. Ибораҳои «буҷҷет» ва «буҷҷа» бошад дар ягон фарҳанги имлои забони тоҷикӣ ёфт намешавад.

Мақолаи мазкур барои воҳима ва ҷалби хонанда “Чанд қадам ба пешу чанде ба қафо?” номгузорӣ шудааст, вале нисбати ин матлаб дар матни мақола ягон мисоли мушаххас оварда нашудааст.

Дар зериловаи мақолаи шумораи 32-юми ҳафтанома омадааст, ки «…дар шумораи оянда мо дар бораи роҳҳои ҳал намудани мушкилоти соҳа хоҳем гуфт…» вале дар мақолаи шумораи 33-юми ҳафтанома ба ғайр аз суханҳои беасос, ягон таклиф ё пешниҳоди муфид ба чашм намерасад.

Муаллифи мақолаи мазкур овардааст, ки “ба гуфтаи яке аз собиқадорони соҳаи гумрук солҳои қаблӣ пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти мол аз арзиши аслии мол дар макони истеҳсоли он ҳисобӣ карда мешуд. Лекин таи як соли охир бинобар сабаби аз кор рафтани мутахассисони соҳа ва ба дигар ҷой гузаронидани онҳо нархгузорӣ нодуруст муайян карда шуда, гӯё ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардида, тасдиқ ҳам шудааст”. Ин суханон мутахассиси барҷастаи соҳа ва корманди пуртаҷрибаю собиқадор будани шахсеро, ки бо муаллифи мақолаи ҳафтаномаи “СССР” суҳбат оростааст зери шубҳа мегузорад. Зеро, арзиши гумрукии мол тибқи муқаррароти боби 42-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз шаш усул муайян карда мешавад ва муқаррароти ягон усул арзиши аслии молро дар кишвари истеҳсолкунандаи он пешбинӣ накардааст.

Инчунин, дар мақола омадааст, ки “арзиши як тонна зарфҳои шишагӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 400 доллари амрикоӣ ва арзиши як тонна кафел 150 доллари амрикоӣ муайян гардида, вале дар компютерҳои гумрукчиёни тоҷик як тонна зарфҳои шишагӣ 2500 доллари амрикоӣ ва як тонна кафел 550 доллари амрикоӣ навишта шудааст”.

Тибқи арзиши ахборотии дар мақомоти гумрук буда, арзиши як тонна зарфҳои шишагӣ ба андозаи 620 доллари амрикоӣ ва арзиши кафел барои як тонна 550 доллари амрикоӣ муайян гардидааст. Қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумоти аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрасшуда арзиши як тонна кафел ба 368 доллари амрикоӣ баробар буда, бо ҷамъи масрафи роҳ ва дигар хароҷот то расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 550 - 600 доллари амрикоӣ баробар мешавад.

Инчунин, барои маълумот қайд кардан зарур аст, ки нархҳои маълумотии дар мақомоти гумрук буда, натанҳо дар як соли охир тарҳрезӣ шуда, ҳамчун манбаи иттилоотӣ истифода мешаванд, балки ин ҳолат аз охирҳои соли 2008 ва ибтидои соли 2009 то ин ҷониб дар таҷрибаи мақомоти гумрук мавриди истифода қарор дошта, ягон маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда нашудаанд.

Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки тибқи қисми II-и Низомномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 тасдиқ шудааст, Хадамоти гумрук ваколатдор аст, ки системаи назоратро аз болои дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол ташкил намояд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хадамоти гумрук бо истифода аз ваколати худ аз ҳисоби кормандони мақомоти гумрук бо Фармоиш гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Гурӯҳи корӣ тамоми самтҳои ба нарх ва нархгузорӣ алоқаманд, аз ҷумла қурб ва сифати моли воридшаванда дар бозори дохилӣ, маълумоти арзишии мамлакатҳои содиркунанда, маълумоти сомонаҳои расмии молистеҳсолкунандагони хориҷӣ, маълумоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва маълумоти омори гумрукӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар асоси он Ҷадвали манбаъҳои (заминаҳои) ибтидоӣ ва ахборотӣ (маълумотӣ) арзишӣ (нархӣ) барои муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт дар асоси маълумоти дар ихтиёри Хадамоти гумрук мавҷуд буда, таҳия карда мешавад.

Ҷадвали мазкур тибқи муқаррароти қонунгузории гумрукии ҷумҳурӣ ҳамчун заминаи ахборотӣ ҷиҳати риоя намудани муқаррароти боби 42 ва 52-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридшуда ба воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук ирсол карда шуда, тибқи муқаррароти моддаи 365-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати баъзе намуди молҳои марбут ба гурӯҳи таваккал ва давлатҳое, ки чунин молҳо аз қаламрави онҳо ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, ҳамчун заминаи ахборотӣ истифода бурда мешавад.

Мақсади асосии ирсол намудни маълумоти муқоисавӣ татбиқи ваколатҳои зерини мақомоти гумрук мебошад:

- таъмини мақаррароти моддаҳои 310, 360, 363 ва 365-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пурзӯр намудани назорат ҷиҳати дуруст декларатсия ва муайян намудани арзиши гумрукии молҳо;

- ҳимояи молистеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони ватанӣ аз воридоти моли бесифат ва рақобатнопазир;

- пешгирӣ намудани ҳолатҳои қаллобӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ дар рафти муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ;

- пай дар пай муҳайё намудани заминаи воқеӣ барои дуруст декларатсия ва муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ;

- пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз рӯи арзишҳои гумрукии гуногун (фарқкунанда) ба расмияти гумрукӣ даровардани молҳои шабеҳ ва ҳамҷинс, дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук.

Илова бар ин, андозаи арзишҳои муқоисавӣ нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт дар муқоиса ба нархи воқеии чунин молҳо дар давлатҳои содиркунанда хеле паст буда, мақсади асосӣ аз истифодаи онҳо на бе асоси ҳуқуқӣ баланд намудани арзиши гумрукии молҳои воридшаванда, балки таъмини риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина пешгирӣ намудани вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ дар рафти декларатсия намудани арзиши гумрукии молҳои воридшаванда мебошад.

Далели гуфтаҳои боло пеш аз ҳама ин натиҷаи санҷиши гузаронидашуда аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Хадамоти гумрук буд, ки дар натиҷаи он маблағи калони пардохтҳои гумрукӣ ошкор ва барқарор карда шуд. Ба ин мисол шуда метавонад тафовути ниҳоят калони маълумоти омории гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳо.

Дар робита ба маълумот оид ба арзишҳои муқоисавӣ (ахборотӣ), ки аз тарафи мақомоти гумрук ба сифати ахборот ба воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук ирсол шудаанд, бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти қисми 8 моддаи 131-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда декларант вазифадор аст ҳуҷҷатҳои асосноккунандаи арзиши гумрукии арзшуда ва усули барои муайян намудани арзиши гумрукӣ интихобнамудаашро пешниҳод намояд.

Дар асоси моддаи 310-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамуда
мақоми гумрук метавонад арзиши гумрукии молро мустақилона дар асоси маълумоте, ки дар каталогҳои ташкилотҳои хориҷии машғули фурӯши маҳсулот мавҷудбуда ё дар асоси маълумоти дигари арзишие, ки нисбати моли шабеҳ дар ихтиёри мақоми гумрук қарор доранд, муайян намояд.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 364-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати истифода намудани усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридшуда тибқи «нархи муомилотии моли воридотӣ», «нархи муомилоти моли шабеҳ» ва «нархи муомилоти моли ҳамҷинс» арзиши гумрукии арзнамудаи декларант ва маълумоту ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ки ба муайян кардани арзиши гумрукии мол дахл дорад, бояд ба маълумоти дурусти миқдоран аниқ ва бо ҳуҷҷатҳои асл тасдиқшуда асос ёбад.

Ҳангоми набудани ҳуҷҷату маълумоте, ки дурустии муайян намудани арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро тасдиқ мекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани асоси он, ки маълумоти пешниҳодкардаи декларант боэътимод ва кофӣ нест, мақомоти гумрук арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро мустақилона бо истифодаи пайдарҳамии усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии мол, ки Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, дар асоси маълумоти дар ихтиёрдоштааш (аз ҷумла, маълумоти нархгузории моли шабеҳ ва ҳамҷинс) мувофиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасҳеҳ карда, мустақилона муайян намояд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо мақсади нисбатан кам пардохт намудани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо арзиши гумрукии молҳои аз баъзе давлатҳои Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳури Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон ва Хитой, воридшавандаро бо роҳҳои гуногун паст нишон медиҳанд. Дар натиҷа, махзани андозбандӣ нисбат ба арзиши воқеии мол дар давлати содиркунанда якчанд маротиба кам гашта, ба Буҷети давлатӣ маблағҳои калони молиявӣ ворид намегардад.

Қонунгузории ҷумҳурӣ ҳуқуқи истифода намудани маълумоти марбут ба нархи молҳоро дар рафти декларатсия ва муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридшаванда ба мақомоти гумрук муқаррар намудааст ва зарари молиявии субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ на бояд аз ҳисоби кам кардани манбаи андозбандӣ ҷуброн карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади пурзӯр намудани назорат ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузории гумрукӣ дар самти дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти воридшаванда ва дар ҳамин асос таъмин намудани иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, амалӣ шудани Фармоиши дар боло зикршудаи Хадамоти гумрук нисбатан баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти гумрукро дар самтҳои дарҷгардида, пеш меорад.

Вобаста ба ин, ҳолати дигарро низ бояд зикр намуд, ки бо назардошти имкониятҳои молиявии истеъмолкунандагон ва ниёзи мардум ба маводҳои ғизоии аввлиндараҷа, Хадамоти гумрук диққати махсус зоҳир намуда, арзиши гумрукии онҳоро бетағйир мондааст.

Сабаби коҳиш ёфтани воридоти молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, арзиши гумрукии мол набуда, балки дигар омилҳои таъсиррасоне мебошанд, ки аз хурӯҷ кардани бӯҳрони молиявӣ замина гирифтаанд.

Аз ҷумла:

1. Тағйирёбии нархи молу ашё дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки манбаи асосии ҳисоб намудани маблағи пардохтҳои гумрукӣ мебошад (махсусан паст рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ).

Бояд қайд намуд, ки нархи миёнаи нафт дар бозори ҷаҳонӣ барои як баррели нафт дар соли 2014 ба 102 доллари амрикоӣ баробар буда, арзиши он дар 7 моҳи соли 2016 то ба 34 доллари амрикоӣ коҳиш ёфт, ки ин нишондод ба андозаи пардохтҳои гумрукӣ бе таъсир намонд.

Бинобар пастравии арзиши нафт, арзиши воҳиди маҳсулоти нафтӣ низ, дар соли 2016 коҳиш ёфт. Масалан:

- агар бензин дар 7 моҳи соли 2015 ба ҳисоби миёна бо арзиши гумрукии 618 доллари амрикоӣ барои як тонна ба расмияти гумрукӣ дароварда мешуд, пас дар 7 моҳи соли 2016 арзиши миёнаи як тонна бензин ба 478 доллари амрикоӣ баробар гардид;

- сӯзишвории дизелӣ дар 7 моҳи соли 2015 бо арзиши миёнаи 638 доллари амрикоӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, дар 7 моҳи соли 2016 арзиши миёнаи як тоннаи он 508 доллари амрикоиро ташкил намуд;

- арзиши миёнаи гумрукии як тонна сӯзишвории авиатсионӣ аз 941 доллари амрикоӣ то 732 доллари амрикоӣ коҳиш ёфт. Мутаносибан дар 7 моҳи соли 2016 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, арзиши гумрукии як тонна бензин ба маблағи 140 доллари амрикоӣ ё 22,6 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 130,0 доллари амрикоӣ ё 20,0 фоиз ва сӯзишвории авиатсионӣ 209,0 доллари амрикоӣ ё ба қадри 22,2 фоиз, коҳиш ёфтааст.

Танҳо аз ҳисоби паст рафтани арзиши гумрукии маҳсулоти дар боло дарҷшуда, ба Буҷети давлатӣ 111,6 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид, ки ин ба 4,8 фоизи нақша баробар мебошад.

2. Коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Озод намудани воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ, заминаи устуворро барои ба роҳ мондани истеҳсоли моли ватанӣ муҳайё намуда, то андозае ниёзи бозори дохилиро аз моли хориҷӣ маҳдуд намуд ва дар натиҷа давра ба давра воридоти молҳои истеҳсолашон дар кишвар ба роҳ мондашуда аз қабили семент, маҳсулоти кишоварзӣ, орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ, тухм, гӯшти мурғ ва ғайра, коҳиш ёфтанд.

3. Тафовути калони меъёри андозбандӣ дар мамлакатҳои ҳамҷавор ва то ҳол шаффоф мондани сарҳад миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон.

Бояд қайд намуд, ки дар як масофаи муайяни шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом - Исфара аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сохта шуда, фаъолияти ҳамарӯза доранд.

Бинобар сабаби нисбатан камтар будани меъёрҳои андозбандии воридоти маводи сӯзишворӣ дар ин кишвар ва арзонтар будани нархи фурӯши он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дар боло зикргардида, соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин нуқтаҳои фурӯш бе ягон монеагӣ маводи сӯзишворӣ харидорӣ менамоянд.

4. Фаъолияти мавсимии гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фасли зимистон дар ин самт душвор гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки тавассути онҳо воридоти молу маҳсулот ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

5. Мушкилоти транзити молҳо тавассути қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба вазъи ноороми сиёсии ин кишвар ва гарон будани тарифҳои транзитӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон.

6. Кам ворид шудани маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ва дар ин замина паст шудани қобилияти харидории мардум ва ғайраҳо.

Инчунин, барои маълумот қайд кардан зарур аст, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Маҳз натиҷаи андешидани чунин чораҳо буд, ки новобаста аз 30 фоиз коҳиш ёфтани воридоти молҳои пурра андозбандишаванда ва 45 фоиз афзун шудани молҳои аз имтиёзҳои тарифии гумрукӣ бархурдор, Хадамоти гумрук тавонист, ки иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро ба 86,7 фоиз расонад.

Ҳамин тариқ, аз мазмуну муҳтавои мақолаи мазкур бармеояд, ки он бо мақсадҳои ғаразнок навишта шуда, манфиати “мутахассиси ботаҷриба ва собиқадоре”-ро, ки шояд барои даст доштанаш ба корҳои ношоям аз қабили таққалубкории ҳуҷҷатҳои арзишӣ аз вазифа сабукдӯш шудааст, ҳимоя менамояд.

Муаллиф дар мақолааш овардааст, ки «Кормандони қадимии Хадамоти гумрук имрӯз аз он меноланд, ки беҳтарин мутахассисон (аз рӯи овозаҳо 80% кормандони қаблӣ иваз шудаанд, ки дурустии ин рақамро Кумита бояд рад ё тасдиқ кунад!)»

Ин матлаби муаллиф низ мухолифи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” мебошад. Муаллиф бояд мувозинаро риоя намуда, барои тасдиқ намудани ин рақамҳо ба Хадамоти гумрук муроҷиат менамуд.

Ҳол он, ки рӯзи 19-уми июли соли ҷорӣ дар Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумрук, муовинон ва сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид ва Ҷ. Ҳусейнова низ иштирокчии ин нишаст буд.

Модоме, ки Ҷ. Ҳусейнова ин қадар “журналисти доно ва соҳибтаҷриба” будааст, чаро ин саволҳояшро дар нишасти матбуотӣ ба роҳбарияти Хадамоти гумрук пешниҳод накард?!. Ин ҳолат низ далели он мебошад, ки мақолаи мазкур фармоишӣ буда, бо мақсади паст намудани шаъну эътибори мақомоти гумрук ва роҳбарияти он тарҳрезӣ шудааст.

Ба маълумоти хонум Ҷ. Ҳусейнова расонида мешавад, ки дар соли 2015-ум 131 нафар кормандон бо сабабҳои гуногун (аз ҷумла, 51 нафар бо хоҳиши худ ва 16 нафар бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмат) аз кор дар мақомоти гумрук озод карда шуданд, ки ин 11,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бошад 54 нафар кормандон аз кор дар мақомоти гумрук озод карда шуданд, ки 4,8 фоизро ташкил медиҳад, на ин ки 80%-ро, ки аз рӯи овозаҳо дар мақола оварда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28-уми декабри соли 2012, №906, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид карда шуда, тибқи моддаи 5001 Кодекси мазкур муҳлати адои хизмат дар мақомоти гумрук то расидан ба синни 50, 55 ва 60 солагӣ (вобаста аз доштани рутбаи махсус) муқаррар шудааст.

Бинобар ин, давоми солҳои 2013-2016 бо сабаби расидан ба синну соли тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, як қатор кормандони мақомоти гумрук ба нафақа гуселонида шудаанд.

Дар натиҷаи аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар соли 2015 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳолатҳои аз ҷониби як қатор кормандони мақомоти гумрук нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, маводҳои санҷишӣ нисбати 28 нафар корманди мақомоти гумрук ва бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 25 245,3 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Аз 28 нафар кормандони ба қонуншиканӣ роҳдода, 11 нафар бо сабабҳои гуногун аз кор дар мақомоти гумрук озод карда шуда, нисбати дигар кормандон аз ҷониби Агентии мазкур тафтиш идома дорад.

Айни замон, аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук санҷишҳо дар ин самт идома дорад ва 871 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 21 687,6 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуда, нисбати 47 нафар кормандони ба ин қонуншиканиҳо роҳдода, барои пешниҳод намудан ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи санҷишӣ омода шуда истодааст.

Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Хадамоти гумрук бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисосу салоҳиятнок, қабули шаҳрвандон барои ишғоли мансабҳои холӣ ба таври озмун ба роҳ монда шуда, оид ба қабули довталабон барои иштирок дар озмун тариқи расонаҳои ахбори омма эълон нашр карда мешавад.

Моҳи августи соли 2015 бо риояи талаботи «Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ки бо фармоиши Хадамоти гумрук тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати қабул ба кор дар мақомоти гумрук барои 44 ҷойи кории холӣ озмун эълон гардид.

Озмуни мазкур шаффоф ва одилона гузаронида шуда, аз 456 нафар шаҳрвандони ҳуҷҷатсупорида 44 нафар довталабони лаёқатманду босавод бо назардошти гирифтани баҳои баландтарин ба вазифаҳои холӣ таъйин гардиданд.

Инчунин, бо Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар бораи тайёр намудан ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук дар заминаи Академияи гумрукии Россия, барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома ба имзо расонида шуда, айни замон 65 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил доранд ва 43 нафар хатмкунандагони ин Академия дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумруки кишвар адои хизмат намуда истодаанд.

Дар бораи ба мақомоти гумрук аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба кор омадани милисаҳо ҳаминро бояд қайд намуд, ки ин амал бо риояи талаботи моддаи 30-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 483-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда, барои корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони соҳибихтисоси мақомоти мазкур ба кор қабул карда шудаанд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти фаврӣ ҷустуҷӯӣ” мақомоти гумрук субъекти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар баъзе самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук ба кор қабул намудани кормандони соҳибтаҷрибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатмкунандагони Академияи Вазорати мазкур, асоси қонунӣ дошта, танҳо ба манфиати мақомот ва давлату миллат мебошад.

Инчунин, ба маълумоти Ҷ.Ҳусейнова расонида мешавад, ки тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, ба мақомоти гумрук натанҳо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки кормандони соҳибихтисоси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо низ, ба кор қабул карда шудаанд. Дар мақола омадааст, ки “...Реҷаи кори гумрукчиён ҳоло аз тирпаронӣ оғоз шуда, баъдан патрул, маршировка ва бар замми ин боз аз навбатдорӣ дар назди масҷидҳо иборат аст...”

Тибқи муқаррароти моддаи 473-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс, шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд яроқи оташфишонро истифода баранд. Илова бар ин, кормандони мақомоти гумрук дар сарҳади давлатӣ фаъолият мекунанд, ки истифодаи яроқу аслиҳа барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ яке аз рукнҳои зарурӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва омодагии ҷисмонии кормандони мақомоти гумрук, ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Хадамоти гумрук воҳидҳои сохтории мақомот вазифадор карда шудаанд, ки ҳафтае ду маротиба бо ҳайати шахсӣ машғулиятҳои варзишӣ гузаронида шавад ва тибқи ҷадвали машғулиятҳо (на тибқи реҷаи корӣ, ки дар мақола қайд шудааст) гузаронидани машқҳои тирпарронӣ низ, пешбинӣ шудааст, ки ин чорабиниҳо қаблан ҳам гузаронида мешуданд.

Тибқи муқаррароти банди 5 моддаи 473-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук барои иҷрои вазифаҳои ба зиммашон гузошташуда салоҳият доранд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба мақсади ошкор кардан, пешгирӣ намудан, роҳ надодан ва кушодани ҷиноят, амалиёти таҳқиқӣ ва таъхирнопазири тафтишотӣ, ки тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти мақомоти гумрук дониста шудааст..., гузаронанд.

Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, сари вақт ошкоркунию кушодан, пешгирию бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидат мекунанд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2001, №548 Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, мақомоти гумрук ба ҳайати он ҳамчун мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ шомил карда шудааст.

Дар доираи фаъолияти Шӯрои мазкур, Хадамоти гумрук бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории доимӣ ва судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар масъалаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ санҷиш ва таҳлилу баррасиҳои муштарак гузаронида мешавад, ки ин бешубҳа, ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти гумрук ва пешгирию бартараф намудани камбудиҳо мусоидат менамояд.

Тибқи талаботи фармоиши Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ «Дар бораи андешидани тадбирҳои муштараки мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар давраи омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ ва байналмилалӣ», ки мақомоти гумрук аъзои Ситоди мазкур аст, теъдоди муайяни кормандони Хадамоти гумрук ба Шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои хизматбарӣ вобаста карда шуда, ба ин чорабинӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар шароити кунунии таърихӣ, ки Тоҷикистон ба шарофати сулҳу Ваҳдат, рушди устувори иқтисодиёт, густариши муносибатҳои дипломатию тиҷоратӣ мақому мартабаи арзандаро дар арсаи ҷаҳонӣ касб кардааст, мақомоти гумрук дар қатори дигар ниҳодҳои давлатӣ вазифадоранд, ки сатҳи фаъолияти худро ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа мутобиқ сохта, дар таъмини волоияти қонун ва мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, саҳми бештаре дошта бошанд.

Вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки на танҳо кормандони мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шахси ватандӯсту хештаншинос, ки ин марзу буми муқаддас барояш азиз аст, бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи амнияти давлату миллат ҳиссагузор бошад.

Бисту панҷ сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки имрӯзҳо мо бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ дар арафаи ҷашнгирии ин рӯйдоди бузург қарор дорем.

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза миллати тоҷик ва шаҳрвандони кишвар чӣ қадар мушкилоти сахту сангинро паси сар намуданд.

Аз рӯзҳои нахустини эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ бадхоҳон бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимат кашида, мамлакатро ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Вале хиради воло ғолиб омад. Миллати сарбаланди тоҷик дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, таҳти роҳбарии инсони дилсӯзу ғамхор, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузашт ва роҳи расидан ба сулҳу суботу ваҳдати миллиро интихоб намуд.

Имрӯзҳо, натанҳо афсарони мақомоти гумрук, балки кормандони ҳамаи вазорату идораҳо ва шаҳрвандони мамлакат бо ҳисси баланди ватандорию хештаншиносӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ камари ҳиммат бастаанд. Вале хонум Ҷ. Ҳусейнова бо тамасхур ба маршировка рафтани кормандони мақомоти гумрукро ишора мекунад. Пас фарқ миёни ӯ ва С. Пономарёви аҷнабӣ, ки миллати тоҷикро таҳқир кардааст, дар чист?! Ё Ҳусейнова сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва ҳукумати мамлакатро қобили қабул намешуморад?!

Ба иттилои Ҷ. Ҳусейнова расонида мешавад, ки мақомоти гумрук дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ҳассоси таърихиро аз сар мегузаронид. Мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеаро фаро гирифта, баъзе сохторҳо фалаҷ гашта буданд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз, мақомоти гумрук вазифаҳои ҳаётан муҳим ба монанди таъмини амнияти иқтисодии кишвар, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳуриро ба уҳда дошт ва то ба имрӯз тавонист, ки ин вазифаҳоро сарбаландона ба иҷро расонад. Чунки таъмини амнияти миллату давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва тақвияти нерӯи мудофиавии он вазифаи муқаддас, пурифтихор ва пуршарафест, ки иҷрои он ба зиммаи гумрукчиён гузошта шудааст.

Даҳҳо нафар кормандони мақомоти гумрук, аз ҷумла Мавлон Олимов, Алмос Гадоев, Назирмад Гулматов, Сергей Ситковский ва дигарон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар муқовимат бо хиёнатпешагону силаҳдорон дар баҳои ҷони ширин амнияти кишвар ва шарафи афсари гумрукро пос доштаанд… Ёдашон бахайр.

Ҳусейнова афзудааст, ки «…ва таҷҳизотҳои техникӣ низ вайрон намегашт! Мисли он ки раҳбарият барои таъмири 2 таҷҳизоти рентгении муосири «Rapiscan», ки аз муносибати ғайрикасбӣ вайрон шудааст, маблағ меҷӯяд.»

Ин матлаб низ, насанҷидаю надониста аз ҷониби муаллиф рӯи коғаз омада, вайрон шудани онро мисол овардани муаллиф боз як воҳимаи дигар асту халос.

Таҷҳизоти рентгении «Rapiscan», дар доираи барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷониби шарикони рушд барои мақомоти гумрук ҳамчун кӯмаки техникӣ пешниҳод шуда, бо он кормандони соҳибихтисоси мақомоти гумрук кор мекунанд. Таъмири минбаъда ва дастрас намудани қисмҳои эҳтиётии онҳо бошад, аз ҷониби ин ташкилотҳо ба ӯҳда гирифта шудааст.

Айни замон, таҷҳизоти дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ насбгардида, ки тариқи онҳо молу воситаҳои нақлиёт интиқол меёбанд, дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ва тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самаранок ва судмандро бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва васоити ахбори омма, аз ҷумла бо ҳафтаномаи «СССР» ба роҳ монда, дар баробари вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуби экстремистию террористӣ, назорат ва пешгирии воридоти адабиёту нашрияҳо, маводҳои дорои мазмуни экстремистӣ дошта ва равияю ҷараёнҳои ифротие, ки оромию суботи ҷомеаро халалдор месозанд, тақвият мебахшад ва дар таҳкими арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, амнияти иқтисодии кишвар, инчунин, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, саҳми арзанда мегузорад.

Албатта ҳеҷ коре бе камбудӣ намешавад. Хадамоти гумрук дар сурати аз ҷониби ҳафтаномаи «СССР» бо далелҳои санҷидашуда пешниҳод шудани камбудиҳо, омода аст, ки ҳамкории самаранокро дар ин самт тақвият бахшад ва камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намояд, ки ба нафъи кор хоҳад буд.

Дар баробари ин, бо назардошти мавриди санҷиши амиқ қарор дода нашудан ва асоси воқеӣ надоштани далелҳои дар мақолаи Ҷ. Ҳусейнова дарҷгардида, Хадамоти гумрук ин мақоларо беасос шуморида, бо мақсади ҳимоя намудани манфиатҳои худ аз ҳафтаномаи «СССР» хоҳиш менамояд, ки далелҳои дар боло овардашударо ҳамчун вокуниш дар шумораи навбатии ҳафтанома нашр намояд.

Хадамоти гумрук дар сурати қонеъ нагардидани талаботаш, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судӣ муроҷиат хоҳад кард.

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШАРИКОН