ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
27
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5710
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта35757
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3191253

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Рӯзи 5-уми сентябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 

 

 

 

Дар маҷлиси тантанавӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабир, Муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Карим Мазиё, инчунин, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ, шоир - Муҳаммад Ғоиб ва нависанда - Саттор Турсун иштирок намуданд.


 

Сардори Хадамоти гумрук генерал-лейтенанти адлия, Абдуфатоҳи Ғоиб маҷлиси тантанавиро бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд ва дар бораи дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

 

 

Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷӯразода Кабир баромад намуда, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидани сардори Раёсати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук, Ҳасанзод Лутфулло Азизулло ва муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук, Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад қироат намуд.

 

 

Муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Карим Мазиё, инчунин, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ, шоир - Муҳаммад Ғоиб ва нависанда - Саттор Турсун баромад намуда, дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.

 

 

Як қатор кормандони мақомоти гумрук бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук бо Ифтихорнома, раҳматнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Боиси ифтихори мақомоти гумрук аст, ки муовини сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Ҷӯраев Даврон Музаффарович, дар мусобиқаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, ҷойи якумро ишғол намуд.

 

 

Сардори Хадамоти гумрук Даврон Ҷӯраевро ба ин муносибат аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук муборакбод намуда, барояш музаффариятҳои нав ба нав орзу намуданд.

 

 

Дар анҷоми маҷлис Сардори Хадамоти гумрук, муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб аҳли толорро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуданд ва ба меҳмонон барои иштирок ва маърӯзаҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук минатдорӣ баён намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти кориашон барору сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.

 

 

ШАРИКОН