ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  169
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  657
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  423
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  774
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  744
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  847
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  751
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3220
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз823
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5851
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1750666

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

А. Ғоиб: «Ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии кишвар рисолати мақомоти гумрук мебошад, зеро он зодаи Истиқлол аст»

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Абдуфаттох Гоиб

Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/.«Мақомоти гумруки кишвар зодаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва таваҷҷуҳи  хосаи Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети  кишвар  мубаддал гардид»,-чунин гуфт дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси мақомоти гумруки кишвар Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар». Мавсуф зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии  мақомоти гумрук дар доираи салоҳияташ ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии кишвар, таъмини дурусти барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолёбанда буда, ҷашнҳои бузурги дарпешистодаро кормандони мақомоти гумрук бо дастовардҳои назаррас ва шукргузорӣ аз имрӯзу фардои дурахшони сарзаминамон –Тоҷикистон истиқбол менамоянд.

 

4Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук баҳри содда гардонидани расмиёти содиротию воридотӣ ва таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ корҳои назаррасро анҷом дод, афзуд Абдуфатоҳи Ғоиб. Хусусан дар самти барасмиятдарории саривақтии гумрукӣ, аз байн бурдани монеаҳое, ки ҳангоми воридоти молҳо аз хориҷи кишвар ба мушоҳида мерасиданд, тартиби декларатсия кардани молҳо ва содда гардонидани расмиёти гумрукиро мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ, ки дар мамлакатҳои Аврупо истифода шуда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист,  дар соли 2010  татбиқ намуд.

Бо ин мақсад дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва транзитӣ ва шакли нави маҷмӯи бланкҳои декларатсияи гумрукӣ ва транзитӣ, дар бораи таснифот ва номгӯи маълумоти меъёрию иттилоотие, ки бо мақсадҳои гумрукӣ  истифода мешаванд, тасдиқ ва ба тасвиб расида, аз соли 2010 инҷониб дар мақомоти гумруки  кишвар амалӣ мегарданд. Инчунин  тартиби нави пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва транзитӣ бо назардошти дар мақомоти гумрук ҷорӣ намудани Системаи ягонаи автоматонидашудаи иттилоотӣ /СИАЯ/ мавриди амал қарор гирифт. Бо ин мақсад «Қоидаи муваққатии пешниҳод ва қабули декларатсияи электронӣ, инчунин дигар намудҳои мубодилаи маълумоти электронӣ вобаста ба иҷрои расмиёти содирот, воридот ва транзит» ба тасвиб расида, роҳандозӣ гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сохтори Хадамоти гумрук шурӯъ аз соли 2012 маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ)  ва аз соли 2010 дар назди Хадамоти гумрук Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона таъсис дода шудаанд. Идоракунии низоми низоми  «Равзанаи ягона» аз ҷониби «Маркази равзанаи ягона» имконият медиҳад, ки фаъолияти Марказ дар асоси принсипҳои умумии истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, ҳамгироии минбаъдаи низоми системаи Равзанаи ягона бо СИАЯ-и мақомоти гумрук таъмин гардад. Дар ин самт  бо Қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи кории чорабиниҳои омодасозӣ оид ба ҷорӣ  намудани системаи Равзанаи  ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар кишвар тасдиқ гардида, таҳлили қонунгузорӣ  барои мувофиқ намудани он ҷиҳати амалисозии системаи «Равзанаи ягона» ва таҳили расмиёти  маъмурӣ, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда  аз ҷониби мақомоти марбута  мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипи «Истгоҳи  ягона» ба тасвиб расид. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ мутобиқи принсипи «Истгоҳи ягона» имкон медиҳад, ки назорати  воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар асоси технологияи нав, дар як вақт ба таври муштарак, соддагардонидашуда, шаффоф ва самарабахш дар муддати кӯтоҳ анҷом дода шавад. Ҳамзамон дар тамоми минтақаҳои назорати гумрукии гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ камераҳои мушоҳидавии сабткунандаи шабонарӯзӣ васл карда шудаанд. Ҳадафи асосии Хадамоти гумрук дар оянда такмили фаъолияти гумрукӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шаффофияти кор бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷист.

«Ховар»: Нақши кормандони мақомоти гумруки кишварро дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ  чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

3А.Ғоиб:То ҷое мусаллам аст, ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ аз молу воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда яке аз вазифаҳои асосии мақомоти гумрук мебошад. Тазаккур бояд дод, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2016  4 миллиарду 482,0 миллион сомонӣ муайян гардида, баъдан бо назардошти таъсири буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҳаҷми умумии 300,0 млн. сомонӣ тасҳеҳ гузаронида шуд.

Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бо назардошти тасҳеҳ дар соли 2016 ба маблағи беш аз 4,1 миллиард сомонӣ муайян карда шудааст.       Мутаносибан дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 1,9 миллиард сомонӣ муайян гардида, дар ин давра ба маблағи 1 696,1 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки он 86,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба сифати барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёти интиқолшаванда вобастагӣ дошта, инчунин ба воридоти он алоқаманд аст. Мутаассифона, тӯли солҳои охир бинобар таъсири манфии буҳрони молиявии иқтисодӣ дар минтақа ва дар баъзе кишварҳои ҷаҳон,  бахусус мамлакатҳои шарикони стратегӣ, воридоти мол ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ раванди  коҳишёбиро касб намуда, боиси иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ гардида истодааст. Дар ҳафт моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, бинобар таъсири омили зикршуда ба андозаи 32% воридоти моли андозбандишаванда кам гардида, воридоти молҳои аз имтиёзҳои тарифии гумрукӣ бархурдор ба андозаи 45 % афзудааст.

Новобаста аз вазъи ноустувори иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, Хадамоти гумрук баҳри иҷрои вазифаи фискалии худ чораҳои маъмуригардонии заруриро нисбат ба дуруст ва тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ декларатсия намудани арзиши гумрукии молҳои воридшаванда андешида, тамоми захираву имкониятҳои ташкиливу идоракуниро баҳри дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ сафарбар менамояд. Фаъолгардонии корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук, ҷоннок намудани профилҳои таваккал, дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ таҳияи маълумотномаи арзишии дар ихтиёри мақомоти гумрукбуда, ташкили гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати гузаронидани муоинаи гумрукии воситаҳои нақлиёти бордор ва истифодаи пурсамари дигар фишангҳои назорати гумрукӣ, аз ҳамин қабил аст.

Хадамоти гумрук новобаста аз вазъи ногувори сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, ҳамчун пешбарандаи сиёсати гумрукӣ фаъолияти худро дар самти густариши муносибатҳои бозаргонӣ, рушди устувори фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва вазъи имрӯзаи иқтисодии кишвар ба роҳ монда, барои дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.

«Ховар»: Дар самти  такмилу таҷдид ва рушди  заминаи моддию техникии мақомоти гумрук дар давоми солҳои соҳибистиқлолии  кишвар кадом корҳо ба анҷом расонида шуданд?

2А.Ғоиб: Мақомоти гумрук аз рӯзҳои аввали ташкил шуданаш ягон заминаи моддию техникӣ надошт. Алҳол Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии замонавианд. Танҳо дар зарфи 23 соли охир аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот 51 иншооти  нав  ба истифода дода шуда, зиёда аз 100 иншоот таъмиру таҷдид гардид. Бо дастгирии Сафорати Амрико дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук сохта шуда, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин гардиданд. Бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд /БОР/ дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дидбонгоҳҳои гумрукии «Гулистон» ва «Саразм» низ бо кумаки  БОР сохта шуда истода, интизор меравад, ки соли равон ба истифода дода шаванд. Инчунин 8 иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА – КАДАП» биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хошадӣ» ва  «Патар»- ба истифода дода шуданд. Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон,  Терминали гумрукии Гумруки «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Инчунин дар ин давра мақомоти гумрук  дорои таҷҳизоти назоратии муосир шуд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъминанд. Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот 60 нафар кормандони мақомоти гумрук бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд.

«Ховар»: Ҷиҳати мубориза бар зидди  қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, инчунин ҷилавгирӣ аз  молу маҳсулоти бо роҳи қочоқ воридгардида чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

27082015_3А.Ғоиб:Дар давоми ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ зиёда аз 3 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин омор 23 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки 2 ҷиноят нисбат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, 14 ҷиноят марбут ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрук 5 ҳолатро ташкил дода, 2  ҷиноят бо дигар мақомот ошкор гардидааст. Нисбат ба 2 ҳазору 989 ҳолати дигар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 2 ҳазору 803 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ ҷарима баста ва ин маблағ ситонида шудааст. Инчунин ба маблағи беш аз 3,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуда, маблағи молҳои мусодирагардида зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1355 парванда барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол шудааст. Дар ин давра 2 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, ба миқдори умумӣ беш аз 24 кг маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз ҷумлаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда 452 ҳодисаи қонуншиканӣ ба қочоқи молҳои зераксизӣ рабт дорад. Дар давраи ҳисоботӣ воридоти ғайриқонунии зиёда аз 4,5 ҳазор адад телефони мобилӣ ошкор гардида, ба маблағи беш аз 6,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуданд. Инчунин дар 7 моҳи соли равон воридоти ғайриқонунии ангишт, семент, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, орд, нахӯди сабз, гӯшт ва тухми мурғ, атриёт ва парфюмерия, меваи тар, меваи хушк, равғани растанӣ, матоъ, тахта, доруворӣ, гули тар, либосворӣ, хӯроки парранда, маводи шустушӯӣ, асбобу анҷоми маишӣ, молҳои варзишӣ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ошкор гардиданд.

Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони Хадамоти гумрук тибқи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкорон ба маблағи зиёда аз  4, 7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷаи давлат рӯёнида шуд.

Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ҳамкории самаранокро бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии воридоти ғайриқонунии молу маҳсулоти аз хориҷа  интиқолшаванда, тамоми имконияту воситаҳои мавҷударо сафарбар намудааст.

«Ховар»: Рушду пешрафти ҳар як соҳа дар шароити феълӣ ба ҷалби  мутахассисони касбӣ ва дорои ҷаҳонбинии васею донишҳои муосир  иртибот дорад. Аз ин рӯ, барои ҷалби мутахассисони ҷавону варзида ва  баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони мақомоти гумрук чӣ корҳо ба сомон расонида шудааст?

20-05-2016_1А.Ғоиб:Дар Хадамоти гумрук ба масъалаи ҷалби мутахассисони касбӣ ва дорои ҷаҳонбинии васею донишҳои муосир аҳамияти махсус дода мешавад. Дар ин робита бо Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия барои омодасозӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар заминаи Академияи гумруки Русия, Созишнома ба имзо расонида шуд. Алҳол 65 нафар дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил ва 43 нафар хатмкунандагони ин Академия дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумруки кишвар хизмат доранд. Хадамоти гумрук бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони кишвар барои хизмат дар мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба мансабҳои холӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон, қабули шаҳрвандонро ба хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи озмун ба роҳ мондааст. Дар соли 2014 ду маротиба озмун ҷиҳати интихоби довталабон барои фаъолият дар мақомоти гумрук баргузор гардид. Маротибаи аввал ба озмун 550 нафар шаҳрвандон ҳуҷҷат супорида, 85 нафар (7 нафар ба захираи кадрӣ)  аз озмун гузаштанд ва аз ин ҳисоб  78 нафарашон ба вазифаҳои холӣ таъйин шудаанд. Дар даври дуюми озмун, ки барои занҳо гузаронида шуд,  55 нафар  ҳуҷҷат  супорида, 36 нафар (12 нафар ба захираи кадрӣ) аз озмун  гузаштанд ва аз ин ҳисоб 24 нафари онҳо ба вазифаҳои холӣ  таъйин гардиданд. Дар озмуне, ки моҳи августи соли 2015 барои  44 ҷойи кории холӣ дар мақомоти гумрук эълон гардид, 456 нафар шаҳрвандон ҳуҷҷат супорида, 44 нафар довталабони лаёқатманд бо назардошти гирифтани баҳои баландтарин ба вазифаҳои холӣ таъйин гардиданд.

Инчунин дар моҳҳои май-августи соли равон дар Донишкадаи  такмили ихтисоси Хадамот курсҳои  тайёрии ибтидоии кормандони нав ба кор қабулшуда гузаронида шуданд. Ба курсҳои мазкур асосан кормандони ҷавон, ки тариқи озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук қабул гардидаанд, ҷалб гардиданд. Дар ин курсҳо барои такмил ва мукаммалгардонии сатҳи дониши кормандони ҷавон  машғулиятҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти гумрукӣ-сохтор ва вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук, тартиби барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон барои баланд  бардоштани савияи  дониши ҳуқуқӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар амали шахсони мансабдори мақомоти гумрук, алалхусус кормандони ҷавон  дар рафти баргузории курсҳои мунтазам мутахассисони болаёқат ва собиқадор аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои марбута ҷалб мегарданд.

«Ховар»: Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди   ҳукумати электронӣ дар кишвар мебошад. Дар мавриди роҳандозии  ҳукумати электронӣ дар мақомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин давра кадом лоиҳаҳо  татбиқ  гардиданд?

20-07-2016_1А. Ғоиб: Бояд тазаккур дод, ки ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии иқтисодӣ ва афзоиши нақши тиҷорати хориҷӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар такмили минбаъдаи расмиёти тиҷорати хориҷӣ ва пурра ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани онро тақозо менамояд. Он ҳамчунин афзоиши ҳаҷми савдои хориҷӣ, интиқоли шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, зарурати аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ ва такмили минбаъдаи воситаҳои танзими тиҷорати хориҷиро ба миён мегузорад.

Ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар самти соддагардонии расмиёти танзими тиҷорати хориҷӣ мутобиқи раванди меъёрҳои байналмилалӣ, ки аз талаботи Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/,  Созмони Ҷаҳонии Савдо ва Созмони Ҷаҳонии Гумрук оид ба кам кардани монеаҳои ғайритарифӣ дар фаъолияти тиҷорати хориҷӣ — сарчашма мегирад, қисмати муҳим ва асосии ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишварамон аст.

Тартиби амалкунандаи қабули қарорҳо ва барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ниҳоят мураккаб буда, мутаносибан барои таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ масрафи назарраси вақт ва хароҷоти молиявиро тақозо менамояд. Мутобиқи тавсияномаи СММ таъсис ва идоракунии механизми «Равзанаи ягона» дар радифи дигар шаклҳои идоракунӣ, интихоби мақомоти гумрук ҳамчун муассиси он мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст. Интизор меравад, ки бо амалисозии принсипи «Равзанаи ягона» соддагардонии расмиёти маъмурии танзими тиҷорати хориҷӣ, фаъолияти вазоратҳои нақлиёт, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, «Тоҷикстандарт», Палатаи савдо ва саноат, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи кишвар, хадамоти назорати давлатии  фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, назорати давлатии байторӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, алоқа, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ муташаккилона ба роҳ монда мешавад. Нуқтаҳои умумие, ки дар раванди иҷрои расмиёти ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва сертификатҳо бо алоқаи интернетӣ тариқи СИРЯ таъмин мешаванд, бо назардошти намояндагиҳои мақомоти зикргардида дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, вилоятҳои Хатлон,  Суғд ва Бадахшон бояд беш аз 50 ададро ташкил диҳанд.

Технологияи муосири иттилоотӣ ба ҳаёти шаҳрвандон, соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ барои хизамтрасониҳои давлатӣ бештар ворид шуда, таъсири назарраси мусбат  расонида истодааст. Мушкилоте, ки имрӯз бояд мавриди баррасӣ қарор гирад ва сарчашмаи маблағгузории он муайян гардад, ин шакл ва намуди технологияи босамари табодули маълумот миёни мақомоти давлатист. Аз ин рӯ,  масъалаи таъсис ва гузаронидани алоқаи оптикию нахӣ барои мақомоти давлатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ айни замон ҳалталаб ва мутобиқи мақсад мебошад.

«Ховар»: Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуғрофиёи ҳамкории байналмилалии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти гумруки кишварҳои хориҷӣ то чӣ андоза фарох гардид? Назари Шумо ба сатҳи равобити байналмилалии мақомоти гумрук?

phoca_thumb_l_04-10-2014_6А.Ғоиб: Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони  Истиқлоли кишвар буда, соли равон аз таъсиси он 25 сол сипарӣ мегардад. Дар ин солҳо робитаҳои байналмилалии мақомоти гумруки кишвар бо созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ва мақомоти гумруки кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, густариш ёфта, ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳо ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва транзити онҳо, соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва ташкили шароити муфиди тиҷоратӣ барои иштирокчиёни ватанӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон мақомоти  гумруки кишвар бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва  ҳаммонандкунии қонунгузории кишвар бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гумрукӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалии эътирофшудаи расмиёти гумрукӣ дар ҳамкории байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ иштирок мекунад. Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ /Конвенсияи Киото), ки моҳи октябри соли 2015 Парлумони кишвар онро тасдиқ кард, далели гуфтаҳост. Инчунин Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб  узви Созмони Ҷаҳонии Гумрукӣ /СҶГ/мебошад. Созмони мазкур, ки қароргоҳаш дар Брюссел аст, 170 мақомоти  гумруки кишварҳои ҷаҳонро дар худ муттаҳид намудааст, ки тақрибан  98%  савдои байналмилалиро назорат менамоянд. Дабири кулли СҶГ К. Микурия соли 2014 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақомоти гумруки кишвар ва бархе аз дидбонгоҳҳои гумрукӣ шинос гардид.

Хадамоти гумрук дар доираи ваколаташ иштироки бонуфузи кишварамонро оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар бахши  фаъолияти гумрукӣ, дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Барномаи минтақавии ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Кумитаи ҳамкории гумрукии БОР, доир ба масъалаҳои барпо намудани минтақаи савдои озод, ҷорӣ намудани тартиби ягонаи андозбандӣ, мубодилаи ахбор байни мақомоти гумрук ва рушду ҳамкории дуҷониба таъмин намуда истодааст. Инчунин кишварамон ба зиёда аз 100 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ шомил мебошад.

Айни замон беш аз 48 созишномаи байналмилалии сатҳи байниҳукуматӣ ва байниидоравии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мавриди амал қарор доранд.

Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ соли 2015 дар Душанбе зимни вохӯрии намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ифтитоҳи намояндагии хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расонида шуд. Инчунин соли сипаригардида дар Душанбе Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти гумруки Вазорати молияи Афғонистон оид ба мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ ба тасвиб расид. Дар маҷмӯъ ҳамкории байналмилалии кишварамон дар  масъалаҳои гумрукӣ, густариши равобити муфиди бисёрҷониба ва дуҷониба бо хадамоти гумруки кишварҳои хориҷ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

«Ховар»: Оё Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки ба ҳайати  Иттиҳоди гумрукӣ шомил гардад ва он чӣ паёмаде барои рушди иқтисоди миллӣ хоҳад дошт?

12062014_5А.Ғоиб:Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баҳогузории оқибатҳои эҳтимолии иқтисодию иҷтимоии ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ  Комиссияи байниидоравии сатҳи баланд таъсис дода шудааст. Алҳол ин масъала мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониби Комиссияи байниидоравӣ қарор дорад.

«Ховар»: Дар самти татбиқи сиёсати  гумрукии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он барои  рушди минбаъдаи мақомоти гумрук кадом нақшаҳо амалӣ гардонида мешаванд?

А.Ғоиб:Мақомоти гумруки Тоҷикистон алҳол марҳилаи ташаккулро ба анҷом расонида, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддию техникии мақомотро вобаста ба раванди иқтисодиёти ҷаҳонӣ идома дода истодааст. Он айни замон дар партави сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихӣ босубот фаъолият дорад.

«Ховар»:  Ташаккур барои сӯҳбат

Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар».

ШАРИКОН