ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  166
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  657
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  423
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  774
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  743
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  847
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  751
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3219
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз411
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5439
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1750254

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Мулоқоти роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ дар Минск

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи 64-уми роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб иштирок варзид.

Дар чорабинии мазкур аз 11 кишвари аъзо, аз ҷумла намояндагони Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус, Хадамоти федералии гумруки Россия, Кумитаи назорати гумрукии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, хадамотҳои гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Литва, Латвия, Молдова ва дигар идораҳои манфиатдор иштирок намуданд.

 

 

Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук, яке аз мақомоти байнисоҳавии ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад, ки онро соли 1993 барои ҳамоҳангсозии амалҳои гумрукии идораҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки ҷаласаҳои он ба таври мунтазам гузаронида мешавад, ташкил намудаанд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 12 масоили марбут ба лоиҳаи қоидаҳои намунавии ҳамкории мақомоти гумрук ва маъмурияти роҳҳои оҳани ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии моле, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан ба қаламрави кишварҳои аъзо интиқол мегардад, ҳамчунин амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумруки давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки қарорҳои қабулшуда барои татбиқи амалии ҳамкории хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчиёни ИДМ доир ба ҷанбаҳои асосии фаъолияти гумрукӣ равона карда мешаванд.

Бо пешниҳоди Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб Роҳбари хадамоти гумруки федералии Россия Булавин Владимир Иванович роҳбари Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб карда шуд.

Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Беларус Лукашенко Александр Григоревич роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт.

Ҳангоми вохӯрӣ номбурда афзуд, ки рушди минбаъдаи иқтисоди давлатҳои ИДМ ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқҳо бештар аз умқи ҳамгироӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди равобити иқтисодӣ ва интиқоли шаҳрвандон байни кишварҳои Муштаракулманофеъ вобаста мебошад.

Дар доираи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук Кумитаи сарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил дода шуд ва ин иқдомро Президенти Ҷумҳурии Белорус хеле саривақтӣ ҳисобид, зеро маҳз хадамоти гумрук ӯҳдадор аст дар навбати аввал интиқоли ғайриқонунии мол ва воридоти маводи мухаддирро, ки ҳамасола бештар ба назар мерасад, пешгирӣ намуда, амнияти иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Александр Лукашенко ҳамзамон аз кормандони мақомоти гумрук даъват ба амал овард, ки ба афзоиши гардиши мол дар миёни кишварҳои аъзои ИДМ ва интиқоли мол тавассути Белорус дар самти Аврупо аз кишварҳои Осиё ва манотиқи Баҳри Ором мусоидат намоянд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН