ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  67
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  367
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  326
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  392
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1853
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1742
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4337
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3809
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37274
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2164499

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Доруфурӯш ба мақсад нарасид

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воридот ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои дорувориро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки намояндаи тиҷоратии филиали ширкати «Курамакс» ЛТД шаҳрванд И.Г. соли таваллудаш 1964, бо мақсади муомилоти ғайриқонунии маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраргашта ҷавобгӯ набударо бо маслиҳати пешакӣ аз кормандони ҶДММ «Файзалӣ С» ва Баҳриддин ном шахс, сокини шаҳри Истаравшан бар ивази маблағи қарзи пулӣ қабул намуда, онҳоро бар хилофи талаботи стандартҳои меъёрию-ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти фармасевтӣ амалкунанда, дар ҷои нигаҳдории воситаи нақлиёт (гараж)-и иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи И.Нарзиқулов З-и шаҳри Душанбе, ки дар онҷо системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, дастгоҳи шамолдиҳанда (кондитсионер) ва яхдонҳо тамоман мавҷуд набуданд, бо мақсади минбаъд ба муомилот баровардан ғайриқонунӣ ҷойгир менамояд.

Баъдан шаҳрванд И.Г. бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тарҳезишуда, мунтазам аз дохили анбори муваққатиаш як қисми маводҳои дориворию молҳои тиббии бесифат ва ба талаботи стандартҳои муққарраршуда ҷавобгуй набударо ба муомилот бароварда, дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта, боқимондаи маводҳои дорувориро дар анбори муваққатиаш ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.

 

 

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, аз анборҳои муваққатии И.Г. маводҳои дориворию молҳои тиббии гуногунтамға, аз қабили ҳабҳо ( таблетка)-и тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои (порошок)-и тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандору (шпритс)-и 1 гр., система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун ёфта гирифта шудаанд.

 

 

Мувофиқи хулосаи ташхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои дорувории гирифташуда барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодабарии онҳо иҷозат дода намешавад.

Тибқи хулосаи мазкур нигоҳ доштани маводҳои доруворию молҳои тиббӣ дар ҷойҳое, ки дар онҳо системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, дастгоҳи шамолдиҳанда (кондисионер) ва яхдонҳо мавҷуд намебошанд мамнуъ буда, арзиши қисми маводҳои доруворию молҳои тиббии ба талаботи стандартҳои муққарраршуда ҷавобгӯ набуда, маблағи умумии он 25 ҳазору 873 сомониро ташкил медиҳанд.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба И.Г. ва дигар қонунвайронкунандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН