ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  169
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  657
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  423
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  774
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  744
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  847
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  751
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3220
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз829
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5857
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1750672

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Руслан Давидов-муовини роҳбари Хадамоти федеролии гумруки Русия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Хадамоти гумруки як қатор давлатҳо, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат намуданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб дар навбати худ иштирокдорони ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, нақши воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро дар фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, хостори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд гардид.

 

 

 

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаи чорабиниҳои муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумрук доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои соҳаи гумрук, инчунин иҷрои нақшаҳои кори Кумита ва маркази минтақавии вобаста ба фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Созмони байналмилалии гумрукӣ оид ба кишварҳои ИДМ «RILO Москва» дар соли 2016-ро баррасӣ карданд.

 

 

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар доираи сарпарастии Кумита ва ҳамкории муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноии фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир пешгирӣ ва аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 21 тонна маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мусодира гардида, зиёда аз сад нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

 

 

Дар ҷаласа доир ба таъсиси шабакаи боз дар самти дастрас намудани иттилоот аз шаҳрвандон - ҳуқуқвайронкунандагони гумрукӣ қарор қабул гардида, инчунин оид ба оғози кори шабонарӯзии нуқтаҳои иртиботӣ ҷиҳати табодули иттилооти ҳифзи ҳуқуқ тасмим гирифта шуд.

 

 

Ҳамзамон дар ҷаласа самтҳои ҳамкорӣ оид ба муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ дар татбиқи савдои интернети фаромиллӣ, мубориза бар зидди муомилоти байналмилалии ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, таҳқиқ ва тафтиши пешакии гумрукӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ ва фаъолияти кинологӣ муайян карда шуданд.

 

 

Иштирокдорони ҷаласа ба рушди ҳамкории Кумита бо мақомоти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт дар оянда лоиҳаи Созишнома таҳия мегардад.

 

 

Инчунин доир намудани амалиёти махсуси бисёрҷониба барои ошкор ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои гумрукӣ ба нақша гирифта шуда, иштирокдорони ҷаласа омодагии худро ба табодули иттилооти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳияи чораҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор доштанд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН