ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  21
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  74
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  385
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  339
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  396
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1860
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1750
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4345
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7576
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта41041
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2168266

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб бо Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 10 октябри соли равон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ибтидо Абдуфатоҳи Ғоиб сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи кунунии фаъолияти мақомоти гумрук шинос намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Ёддошти Тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои гумрукӣ байни Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 31 декабри соли 1996 ва Созишномаи дутарафа байни ду кишвари ба ҳам бӯст ва бародар дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оиди иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ барои пешгирӣ, таҳқиқ ва мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ аз 30 апрели соли 2002 ба роҳ монда шудааст.



 

Маҳз заминаи ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи мусбӣ ривоҷу равнақ ёбад.

Аз ҷумла, агар соли 2014 гардиши тиҷорат байни кишварҳо 226,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, соли 2015 ин нишондод ба 183,4 млн. доллари ИМА-ро расида, 18,9% коҳиш ёфтааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2016 гардиши тиҷорат нишондиҳандаҳои зеринро касб намудааст, аз ҷумла, гардиши тиҷорат 74,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз он 19,1 млн. доллари ИМА ба содирот ва 55,1 млн. доллари ИМА ба воридот рост меояд.

Айни замон, аз ҷониби мутахассисони ду ҷониб лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оиди иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ барои пешгирӣ, таҳқиқ ва мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ» таҳия гардида, мавриди мувофиқа қарор дорад.

 

 

Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон фароҳам меоварад.

Аз ин лиҳоз, аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам минатдории худро ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкории самарабахш изҳор намоям.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар навбати худ омодагии кишвари худро дар ҷодаи тавсеаи ҳамкориҳо дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши низоми гумруки Тоҷикистон иброз намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои судманд муҳокима шуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН