ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  397
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  411
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  356
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Аҳмад Рашод Пупал

28.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  18
Имрӯз, 28 - уми июни соли 2017 дар Хадамоти гумруки...
Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  167
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1657
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2250
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3947
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6185
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
28
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5066
mod_vvisit_counterДирӯз6702
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта18940
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1387752

Таъсиси системаи “Равзанаи ягона” – талаби замон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади иҷрои талаботҳои Қарордоди хизматрасониҳои машваратӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалию машваратии “Корун Эҷентс” (Британияи Кабир) рӯзҳои 8-9 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеъи Гуруҳҳои кории таъсиси системаи “Равзанаи ягона” оид ба беҳтар намудани расмиётҳои маъмурӣ, таҳлили санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки ба таъсиси системаи иттилоотии Равзанаи ягона вобаста мебошад, ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна, Бонки Осиёгии Рушд, Ширкати байналмилалию машваратии “Кроун Эҷентс” ва вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

 

 

Дар ҷамъомади мазкур аъзоёни гуруҳҳои корӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти:

- Расмиётҳои маъмурии мақомот ва тащкилотҳое, ки ҳангоми воридот, содирот ва транзит сертификат ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пешниҳод менамоянд;
-Ҳуҷҷаткунонии талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба амалисозии Равзанаи ягона вобастагӣ доранд;
-Муайян намудани ҳаҷми корҳо оид ба тасвир ва истиснои маълумотҳо (Дар назар дошта шудааст номгӯйи маълумот ва таснифоте, ки дар ҳуҷҷатҳои низоми савдои хориҷӣ истифода мешаванд);
-Таҳлили вазифа ва мақсадҳои ҳалношудаи техникии Системаи иттилоотии Равзанаи ягона;
-Таҳлили норасоиҳо дар қонунгузорӣ;
-Таҳлили ихтилофҳо ҳангоми таълифи маълумотҳо ва ғайра муҳокимаронӣ намуда, тавсия ва эродҳои худро пешниҳод намуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар доираи Маҷлиси васеъи Гуруҳҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин омӯзиш ва таҳлили қонунгузорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомотҳои давлатӣ ва соҳибкорон буд, ки имконияти Равзанаи ягонаро пурра менамояд.

 

 

Ҳамзамон, дар рафти маҷлис мақсад ва ҳадафҳои дар пеш истода аз қабили вазифаҳои зерин муайян карда шуданд:

- Инкишоф ва такмили минбаъдаи Системаи иттилоотии Равзанаи ягона;
-Ҳамгироии Системаи иттилоотии Равзанаи ягона бо Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук;
-Гузаронидани таҳлил ва тасдиқи ояндаи расмиётҳои маъмурии (бизнес-протсесҳои) мақомотҳои ба Системаи иттилоотии Равзанаи ягона дохил буда бо мақсади муносибгардонӣ ва беҳтар намудани онҳо дар раванди маъмуригардонӣ;
-Ҳамгироии Системаи иттилоотии Равзанаи ягона бо дигар системаҳои иттилоотии мақомотҳое, ки ҳуқуқи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатро доро мебошанд;
-Ҷорӣ намудани системаи автоматонидашудаи электронии пардохти хизматрасониҳо;
-Ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар Системаи иттилоотии Равзанаи ягона;
- Ҳамоҳангкунонии қонунгузорӣ барои фаъолияти комил ва пурраи Равзанаи ягона;
-Гузаронидани тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ бо истифодабарандагони Системаи иттилоотии Равзанаи ягона, ҳамагӣ дар марҳилаи аввал 475 нафар;
-Такмил ва беҳтар намудани шабаки Системаи иттилоотии Равзанаи ягона.

 

 

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур, ҷорӣ ва такмили минбаъдаи Системаи иттилоотии Равзанаи ягонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки муҳлати амалишавии ин лоиҳа то соли 2018 пешбинӣ гардидааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН