ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  169
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  657
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  423
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  774
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  744
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  847
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  751
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3220
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз817
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5845
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1750660

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Мулоқоти Абдуфатоҳи Ғоиб бо Кейнам Ималайтися

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 21 ноябри соли равон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб бо Роҳбари ҳайати намояндагии Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷонишини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой Кейнам Ималайтися масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои гумруки ва наздисарҳадӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Дар рафти вохӯрӣ, инчунин ба кори “Гузаргоҳи сабз” оид ба сари вақт барасмияти гумрукӣ даровардан ва интиқол додани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар нуқтаи гузаргоҳи гумрукии наздисарҳадии Тоҷикистон ва Хитой, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн оид ба мубодилаи маълумотҳои фаврӣ дар нуқтаҳои гумрукии наздисарҳадӣ, мубориза бар зидди ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи нашъаовар, яроқҳои оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, наботот ва ҳайвоноте, ки аз байн рафтани онҳо дар хатар аст, масъалаи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ миёни гумрукчиёни нуқтаҳои наздисарҳадии ду кишвар ва ғайра мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб Роҳбари ҳайати намояндагии Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷонишини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой Кейнам Ималайтися ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи кунунии фаъолияти мақомоти гумрук шинос намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶумҳурииХалқии Хитой дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

 

 

Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой фароҳам меоварад.

 

 

Аз ин лиҳоз, аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам минатдории худро ба Шумо ва дар симои Шумо ба Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ҳамкории самарабахш изҳор намоям.

 

Роҳбари ҳайати намояндагии Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷонишини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой Кейнам Ималайтися дар навбати худ омодагии мақомоти гумруки кишвари худро дар ҷодаи тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

 

 

Дар вохӯрӣ инчунин, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии гумрукӣ Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин, сардори раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед, сардори шуъбаи боҷҳои гумрукии гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Шинбаотсун, муовини сардори гумруки Қошғар дар назди гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Кайсар, сардори гумруки Қарасу дар назди гумруки Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Сауй ва дигар шахсони ваколатдори мақомоти гумруки ду кишвар ширкат варзиданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН