ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  67
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  367
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  326
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  392
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1853
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1742
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4337
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3805
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37270
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2164495

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ошкор ва пешгирии воридот ва фурӯши ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд Б.Ҳ., соли таваллудаш 1971 қасдан даст ба содир намудани ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон молу маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудааст. Чунончӣ, ӯ тахминан аз моҳи майи соли 2016 то миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва боркашон аз самти шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда, онҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия-Сет», воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ-85-и шаҳри Душанбе пинҳон намуда, баъдан як қисми онҳоро дар муҳлатҳои гуногун ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст.

Рӯзи 18 ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили дафтари ҶДММ «Азия-Сет» ҳангоми азназаргузаронӣ 753 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид карда шудаанд, дарёфт ва гирифта шуд.



 

Арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои Б.Ҳ. ва дигарон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Б.Ҳ. ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Инчунин, рӯзи 8-уми ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар «Маркази савдои Тоҷикистон», муайян карда шуд, ки аз тарафи 8 нафар соҳибкорон, ба миқдори умумии 276 адад телефонҳои мобилие, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ, яъне бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ ворид ва ба фурӯш бароварда шудааст, дарёфт ва гирифта шуд.

 

 

Арзиши гумрукии 276 адад телефонҳои мобилии ғайриқонунии ба фурӯш баровардашуда 390 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин амали фурӯшандагон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Аз тарафи кормандони гумрук телефонҳои мобилии гаронарзиш, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ, яъне бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ ворид шудааст, дарёфт ва гирифта шуд.

Аз рӯи ҳодисҳои мазкур бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риоя кардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН